БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонувони ватангӯшаи Восеъ

Аз ҳар боб

Ноҳияи Восеъ соли 1936 ташкил ёфта, дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст. Он аз шимол бо ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шарқ бо ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб, аз тарафи ғарб бо ноҳияи Данғара ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии ноҳияи Восеъ 0,8 ҳазор километри мураббаъ буда, маркази маъмурии он шаҳраки Восеъ ба шумор меравад. Ноҳия аз 1 Ҷамоати шаҳрак ва 7 Ҷамоати деҳот иборат аст. Мувофиқи маълумоти расмӣ дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 190,9 ҳазор нафар аҳолӣ, аз ҷумла 96,2 ҳазор нафар зан ба қайд гирифта шудааст, ки он 50,4 дарсади сокинонро ташкил медиҳад.

 Имрӯзҳо саҳми бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияи Восеъ хеле назаррас аст. Теъдоди онҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва соҳибкорӣ рӯ ба афзоиш аст. Сафи бонувони коргар 20 дарсад­ро ташкил медиҳад. Заминаи ин ҳама гомҳои устувори бонувони тоҷик Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки ҳанӯз соли 1999 қабул гардида буд. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ҳис кардем, ки бонувони ин ватангӯшаи диёр заҳматписанду ватандӯст, заҳматкашу эҷодкоранд. Онҳо аз ҳар имконияти худ истифода бурда, шароити иқтисодии рӯзгорашонро беҳ мегардонанд.

Замони соҳибистиқлолии кишвар имкони­ятҳои хубро барои ҷавондухтарону занон фароҳам овард, ки ҳатто аз дурдасттарин ноҳия тариқи Квотаи президентӣ духтарону писарон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

 Донишҷӯдухтарони мо, имрӯзҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил мекунанд, ҳоло 7 нафар тариқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Хушбахтона, духтарон дар донишомӯзӣ хеле фаъол буда, бо завқ дар мактабҳои миёна таҳсил менамоянд. Мушоҳида менамоем, ки зодмандон барои соҳибмаълумотии духтарон саъйи бештаре доранд. Ва бояд иқрор гашт, ки ҷавонписарони ноҳия низ бештар ба духтарони дипломдор хостгор мешаванд. Онҳо дарк кардаанд, ки аз модари соҳибмаълумот фарзандони хуб ба воя мерасанд, - мегӯяд Шарофат Мирзоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД-и ноҳияи Восеъ.

 Занони маҳал

Дар самти рушди маҳал низ саҳми бонувон назаррас аст. Раисони ду Ҷамоати деҳоти ноҳияро занон роҳбарӣ мекунанд ва зиёда аз 60 дарсади раисони маҳалла бонувонанд, ки дар ободии маҳалли худ саҳиманд. Ба андешаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар якҷоягӣ назорат мебаранд, байни сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Ҳамчунин, барои бонувони бешуғл курсҳои касбомӯзӣ роҳандозӣ гардидаанд. Сафи бонувоне, ки аз ҳисоби фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ даромад ба даст меоранд, меафзояд ва ин омил, бешубҳа, ба беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии онҳо сабаб мешавад.

 

Мувофиқи ҳисоботи 6-моҳаи аввали соли равон, нисбат ба соли гузашта дар ноҳия ҷудошавии оилаҳо 10 нафар кам ба қайд гирифта шудааст. Бо маслиҳату машварати нафарони рӯзгордидаи маҳал 100 оилаи ҷавон аз роҳи ҷудошавӣ баргашт.

Дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 200 зани ҳунарманд фаъолият дорад. Онҳо маҳсулоти хешро ба бозор бароварда, аз он даромади соф ба даст меоранд. Ёдовар мешавем, ки ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ имконияти хубест барои муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ноҳия.

Шумораи соҳибкорзанон ба 320 нафар расидааст. Онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва ғайра машғуланд. Саҳми занони соҳибкор дар ғанӣ намудани буҷети ноҳия чашмрас аст. Ҳамасола ба дастгирии соҳибкорӣ миёни занон аз хазинаи Президенти Тоҷикистон грантҳо ҷудо мегарданд, ки бонувони ноҳия аз он бенасиб нестанд.

 Бонувони ноҳияи Восеъ ташаббускору тозакор ва меҳнатдӯстанд. Онҳо дастаҷамъона дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳали зист ва гулпӯш намудани он саҳм мегузоранд.

Воқеан, ҷомеаи имрӯзро бе нақши зан тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хушбахтона, бузургтарин ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки занони заковатпеша аст, ки эшон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёд мебошанд. Ғамхорӣ дар ҳаққи бонувони тоҷик ва ҳарчи бештар ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин ҷост, ки дар муҳлати кӯтоҳ дар ин самт корҳои намоён ва дастовардҳои назарраси занон ба чашм аён гардид.

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе – Восеъ – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 4)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон