БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Машъалафрӯз

Аз ҳар боб

Ба ин унвон нигоштаҳои зиёде хондаам, ки қаҳрамонаш аксаран занон буданд. Духтар ё бонуи муваффақ дар кору вазифаи хеш, ҷасуру далеру ҳунарманд, ки пайравони зиёде дораду дунболаш садҳо нафари дигар аз ӯ ба ҷойе расидаанд ва чароғи маҳале, хонадоне ё коргоҳеро бо азми мардонаи худ афрӯхтаанд. Айни ҳамин духтаре аз шаҳраки Обигарм бо иродаи матину азми ҷавониаш алорағми афкори пешиниён сина сипар намуда, бо пуштибонӣ аз падари азизаш ба хос­таву ниятҳои ҷавонии худ ҷомаи амал пӯшонду бо достони кору зиндагиаш мардуми маҳал варо машъалафрӯз хонданд.… Хостгорҳоро дида, Давлатой маҳзун шуд, аммо дилшикаста набуд, зеро медонист, ки пайи дарёфти орзуҳо падарҷонаш истодааст. Аз ин рӯ, арафаи хатми мактаб боз ҳам фаъолтар буду имтиҳонҳоро хубу аъло месупурд. Муаллимон ҳар сари қадам аз донишу интизоми намунааш васф намудаву боварона дилпураш мекарданд, ки ба донишҷӯ шуданаш чанд қадамаки дигар мондааст. Чун тағояш дарк намуд, ки нияти идомаи таҳсил дорад, аз фикри кардааш, «келини маълумотдор» даст кашид. Котиби аввали райком, ӯву боз чанд нафар духтари ҷавонро ба ҳузур пазируфту маслиҳату насиҳат дод:

 Шумо барои хоҳарони худ минбаъд намуна хоҳед шуд, агар нағз хонда баргаштед, пайравонатон меафзоянд. Ин ҳам обрӯи шумову ҳам волидонатон, ҳам обрӯи ноҳия мешавад.

Давлатой ба андешаҳои роҳбари аввали ноҳия ва гуфтаҳои волидону устодонаш содиқ монду донишгоҳро бо сари баланд хатм кард. Дар мактаби маҳал зиёд дарс нагуфт, соле чанд ҳамчун директори хонаи пешоҳангон масъулияти хешро баланд бардошт. Омӯзгори фаъолу уҳдабаро ҷойгоҳи худро соҳиб буд, ки соли панҷуми фаъолият ба симати муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Обигарм пазируфта шуд. Солҳои бештари кории ин зани ҷасуру мубориз ба даврае рост омад, ки дар дохили кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва шаҳраки Обигарми Роғун аз ин даргириҳо дар канор набуд. Давлатой ба саҳифаҳои рангини кору зиндагӣ дида дӯхта, пораеро аз воқеоти соли 1996 ба хотир овард.

Ин рӯзҳои шум, гаравгон гирифтани журналистони хориҷию ватанӣ дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, инсони барӯманду рӯзгордида генерал Сайдамир Зуҳуров шояд дар хотири аксари мардуми кишвар нақш баста бошад. Давлатой низ он шабу рӯз, ки аз тарси силоҳбадастон дар атрофи Обигарм мардон намонда буданд, масъулияти ҷамоати шаҳракро бар дӯш дошт. Дар яке аз осоишгоҳҳои шаҳрак намояндаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии котиби Шурои амният Амирқул Азимов ва вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев вазъи изтирориро назорат мебурданд. Тамоми 13 - 14 шабонарӯз Давлатой аз ҳоли меҳмонон мунтазам бохабар шуда меистод. Яке аз рӯзҳо ӯ бо 90 нафар зани шаҳраки Обигарм савори мошини тамғаи «КамАЗ» ба қароргоҳи мухолифин рафтанд, то он нохалафонро аз садои дили модарон огаҳ намоянд. Аммо муҳофизони силоҳбадаст бо садои тирпарронӣ онҳоро нагузоштанд, ки ба ситод наздик шаванд. Гумроҳони бедин дуздона миёни бонувон пешравашонро меҷустанду хайрият, ки наёфтанд. Давлатой, ки баробари дигар занҳо куртаву ҷомаи одӣ пӯшида буд, аз назари нохалафон пинҳон монд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи музокирот бо қумандони саҳроӣ Баҳром Сидиров дар мавзеи баландкӯҳи Обигарм, нахуст аз қароргоҳи намояндаҳои Ҳукумат дидан намуду ҳолу аҳвол пурсид. Амирқул Азимов аз рафтори ҷавонмардонаи Давлатой ситоиш намуда, афзуд, ки раиси шаҳрак мудом бари онҳост ва ин муколамаи Президенти Тоҷикистон бо Давлатой Даҳмардаева аст, ки он овон аз хабарҳои рӯзи матбуоти маҳалливу ҷумҳурӣ гашта буд.

 Шавҳар доред, раиса?

Бале, панҷ фарзанд ҳам дорам.

 Чанд рӯз боз хона нарафтед?

- 13 рӯз.

- Номатон чӣ?

- Давлатой.

 Аз ин рӯз баъд номи шумо Давлатой не, балки Давлатбек, аҳсан ба Шумо барин занҳо, ки дар баробари мардҳо истодагарӣ доред…

 

Ин баҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзу шом ба ёдаш мезанаду хушҳол мешавад, ки дар рӯзҳои сарнавиштсози миллат заррае ҳам бошад, дар истиқрори сулҳ саҳми худро гузоштааст. Зиёда аз 20 соле, ки дар Ҷамоати шаҳрак фаъолият намуд, ҳар рӯзи он бо хотироте, ҳаводиси хушу нохуше дар саҳфаи умраш нақш бастааст.

Соли 2003 аз шаҳраки Обигарм чун зани кордону уҳдабаро ва нотарсу ғаюр Давлатойро раиси Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун таъин намуданд, ки бемуҳобот ҷавонмардон ҳатто ин вазифаро хуш надоштанд. Аҳолии Сичароғро бошандагони деҳоти ноҳияи Нуробод ташкил медоданд. Бинобар дар деҳоти дурдаст иқомат доштан, аксари духтарони маҳаллӣ аз мактаб, аз хатту савод омӯхтан дур монда буданд. Дар бораи иштироки зан, дар суҳбату вохӯриҳо, ҷамъомаду чорабиниҳо мушкилии зиёд пеш меомад, аммо Давлатойи кор­озмуда шитоб накард, балки ҳамаро аз сифр оғоз намуд. Нахуст бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар деҳаҳо мактаб бунёд намуд, сипас оҳиста-оҳиста бо волидон суҳбату вохӯриҳо гузаронда, духтарчаҳоро ба хондан ҷалб намуд. Рӯзҳои аввал бо рӯйи пӯшидаву сари баста духтарон ба дарс меомаданд, аммо дертар Давлатой шумори ҳаммаслакони худро афзуд, ки онҳо бо толибаҳои мактаб ва модарони онҳо корбарӣ намуданд. Дар фурсати кӯтоҳ мактабҳои деҳот ба мактабҳои шаҳр баробар ва теъдоди духтарони фаъолу аълохон ба маротиб афзуд. Давраи раиси деҳоти Сичароғ будан, бо кӯшишҳои ӯ 13 мактаби миёнаву ибтидоӣ дар деҳаҳои атроф қомат бардошта, садҳо ташнаҳои донишу маърифатро ба оғӯш гирифт, ки ҳамаи инҳо, албатта, ба осонӣ даст надодаанд. Подоши ин ҳама заҳматҳои кашида ӯро рӯзгори хушу гуворо имрӯз насиб гаштаву дорандаи медали Хизмати шоиста ва дигар мукофотҳост.

Гуфтанию навиштаниҳо зиёд, хотираҳои Давлатой Даҳмардаева, ки бар ивази сад мард дар рӯзҳои тавлиди Тоҷикистони навин бори заҳмат кашид, аз ин ҳам зиёдтар. Ҷамоати ӯро гурӯҳи авбошону нотавонбинон субҳи козиме оташ заданду гурехтанд, аммо дӯстдорону ҷонибдоронаш фаврӣ хок бар чашми душман пошида, худро дар ҷамоат заданду алангаи оташро хомӯш карданд. Гуларӯси нозанинаш дар авҷи камолот ду фарзанди ноболиғро ба модар мерос аз худ гузошту олами фониро падруд гуфт. Шикаст андар шикасти зиндагӣ қомати ин зани муборизу тавоноро нашикаст ва ба ҳамааш шукргузорӣ кард. Набераҳои дӯстрӯяку хушрӯяк нишоне аз духтари ғӯрамаргаш дар мактаб фаъолу пештози хонишанд. Хусусан, Оминаҷонаш, ки орзуву ҳаваси пешаи модар - духтури амрози занона шуданро дорад, аълочии хониш, гирандаи Стипендияи президентӣ аст, ки ин ҳама орзуву хостаҳои апаи Давлатойро бароварда мекунад...

Чашми рӯз накафида, Давлатой худро боз миёни киштаҳои ҳавлӣ дарёфт. Ғарқи андешаву хаёл ба ҷӯяҳои картошка каланд мезад. То анҷоми тирамоҳ бо аҳли хона аз ҳамин майдонча сабзавоти тару тоза парвариш мекунанду аз самараи меҳнати худ баҳра мебаранд. Синну солаш ба ҷойе расида бошад ҳам, ҳанӯз дасту бозуи мардонааш ӯро мехӯронаду мепӯшонад. Аз будану дастгирии писаронаш шукр мегӯяду бе кор ҳам истода наметавонад, аммо гоҳи дари ҳавлӣ кушода шудан, модар беихтиёр нигоҳашро ба дуриҳои дур медӯзаду паси хаёлҳои рангину маҳзун акси нозанини гумкардаашро пайдо мекунад…

Рустами НАЗИР,

шаҳраки Обигарм

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон