БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ҲИСОБДОН

Аз ҳар боб

  Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» озмуни «35 шаҳру ноҳияи беҳтарини Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ намудааст. Ин навбат гурӯҳи журналистони маҷалла ба ноҳияи Восеъ сафар кард. Кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пайдо намудани қаҳрамонҳо моро раҳнамо буданд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар раёсати молия ягона бону фаъолият доштааст. Қарор додем, бо ӯ ҳамсуҳбат шавем.

 

Бозоргул Имомоваро як бонуи хоксору самимӣ дарёфтем. Вай зиёда аз 30 соли умри хешро баҳри ҳисобу китоби маблағҳои коргару деҳқон, табибу омӯзгор, хуллас кормандони соҳаҳои буҷетӣ башидааст. Хушҳолкунанда аст, ки як бону дар як ноҳияи бузург баҳри таъмини маоши мардум саҳм мегирад.

Ӯ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, шавқи ҳисобу китоб дар дилаш аз мактабхонӣ маъво дошт. Зодмандон низ зидди орзуи вай набуданд ва барои таҳсилу кораш дуои хайр доданд. Маълумоти олии иқтисодиро дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гирифт. Фаъолиятро аз коргузории раёсати молия шуруъ намуда, баъдан ҳамчун мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва аз соли 2012 то имрӯз ба ҳайси сармутахассис давом дода истодааст. 

Чуноне Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд:

  Мо ба нерӯ, рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории шумо – модарон ва хоҳарону духтарони азиз такя менамоем.

Воқеан, саҳми занону духтарон дар рушди иқтисодиёти мамлакат сол ба сол зиёд гардида истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷомеае, ки шумораи бонувони босаводу соҳибмаърифат зиёд бошад, нафъи бештари он ба ҷомеа, оила ва фарзандон мерасад. Ва ин боис мегардад, ки сатҳу сифати некуаҳволии ҷомеа ба таври мусбат тағйир хӯрад.

Ба андешаи Бозоргул Имомова, дар соҳаи молия нафароне кор карда метавонанд, ки касбашонро воқеан дӯст доранд. Ин пеша нерӯи зиёди зеҳнӣ металабад, агар инсон ҳавсалаву рағбат надошта бошад, зуд тарки ин касб мекунад. Мо омодаем, ки ҷавондухтарони иқтисоддонро дар ин пайроҳаи кор роҳнамо бошем ва аз шебу фарози ин касб огоҳашон созем.

Бонуи иқтисоддон дар тақсими дурусти буҷети оила низ метавонад саҳм бигирад ва барои беҳ гардондани сатҳи зиндагӣ роҳҳои нав­ро ҷустуҷӯ намояд. Модари иқтисоддон барои тарбияи фарзандони иқтисоддон устоди хуб буда метавонанд.

Аз суҳбаташ эҳсос кардем, ки ӯ ба кори худ содиқ аст ва ҳар як факту рақамро дар хотирааш хуб нигоҳ медорад ва барои сари вақт анҷом додани кор то дер дар коргоҳ меистад, то масъулияти имрӯзаашро ба фардо нагузорад.

 Мо мекӯшем, ки мардуми ноҳияи Восеъ сари вақт маош гиранду мушкиле пеш наояд. Фикр мекунам, ки ҳузури бонувон дар соҳаи иқтисодӣ ба манфиати давлату ҷомеа аст. Зеро зан табиатан масъулияту ҷавобгариро бештар эҳсос месозаду бисёр раҳмдил аст. Моро зарур аст, ки дар тарбия ва омӯзишу тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон дар самти иқтисод, саноат зиёд кор барем, – андеша меронад ҳамсуҳбатам.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд. Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба донишандӯзии бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ бештар аст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, силсиласанадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ – Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ба тасвиб расонд.

Занони соҳибфазлу соҳибмаърифати кишвар аз ғамхориҳои давлат руҳбаланд шуда, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа ба чашми хирад менигаранд. Умедворем, занони тоҷик минбаъд низ бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумӯи Ватани азизамон, тарбияи насли солиму ояндасоз саҳмгузор мешаванд.

Фарзонаи ШАЪБОН,

Душанбе – Восеъ – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон