БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Модари 1400 ятим

Аз ҳар боб

“Ман модари онҳоеам, ки касе надоранд," - мегӯяд Синдхутай Сапкал, як фаъолзани 68-сола аз Ҳиндустон.  Дар кишвараш  ӯро бо номи  "модари ятимон" мешиносанд. Зиёда аз 1400 нафар кӯдакеро, ки бо сабабҳое бе волидон ва парастор монда буданд, ба воя расонида, на танҳо барои таҳсил, балки барои бунёди оила ба онҳо мусоидат намудааст. Тули умраш агарчи бо 750 ҷоиза қадр шудааст, аммо муҳаббати шогирдонашро хушбахтии воқеӣ медонад.

Дар зиндагӣ Сапкал азобу уқубати зиёде дидааст.  Дар оилаи камбизоат ба дунё омада, дар синни 9-солагӣ маҷбур шуд, ки мактабро тарк кунад. Чанде пас падару модараш ӯро иҷборан  ба  як ҷавони 20-сола, ки барои онҳо ҷуфти  мувофиқ ба назар мерасид, хонадор карданд.  Пас аз 10 соли издивоҷ ӯ ҳомила шуд, аммо хонаводаи  шавҳар ӯро аз хона ронданд. Падару модараш низ  ӯро чандон дастгирӣ накарданд. Сапкал маҷбур буд, ки фарзандашро танҳо ба дунё орад.

Синдхутай Сапкал барои дарёфти  қути лоямут кӯдакаш дар оғӯш  дар кӯчаҳо суруд мехонд.  Дарк кард, ки чӣ қадар ятимону нимятимон мисли фарзанди ӯ зиёданд ва аз ҳисси дилсӯзӣ ҳар он чизе, ки дошт, ба онҳо тақсим мекард.

Ноумедӣ Сапкалро тарк намекард ва намедонист чӣ гуна аз ин ҳолат раҳо ёбад.  Ҳатто дар фикри худкушии худу фарзандаш шуд. Рӯзи охирине, ки бо ҳаёт падруд гуфтан хост, ногаҳ ба гадое дучор омад, ки аз ташнагӣ азият мекашид. Сапкал хост, ки пеш аз марг кори хайре анҷом диҳад. Вақте ба ташна обу нон дод, ӯ чунон бо ҳарорат аз ӯ миннатдорӣ кард, ки зан аз нияти худкушӣ даст кашид. Ин мулоқот  зиндагии Сапкалро тағйир дод, дарк кард, ки рисолати ӯ кумак ба ниёзмандон аст.

Сапкал давоми умри худ 1400 нафар кӯдакро дастгирӣ намудааст. Дар байни онҳо кӯдакони  оворагард,  навзодони аз партовгоҳҳо дарёфтшуда ва тифлаконе буданд, ки сагҳо онҳоро ба дари ӯ оварданд. То лаҳзаи мустақил шудани онҳо Сапкал онҳоро нигоҳубин ва соҳибмаълумот кард. Ин зан мутмаин аст, ки кӯдакро баробари 18-сола шудан набояд аз дар берун кард, балки дар ин давра онҳо бештар ба дастгирӣ ниёз пайдо менамоянд. “Аз он, ки чӯҷа бол дорад, на ҳамеша парвоз карда метавонад”, – мегӯяд вай.

Аксари тарбиятгирифтаҳояш дар зиндагӣ муваффақанд. Миёни онҳо табибон, ҳуқуқшиносон ва олимон зиёданд.

Сапкал пайваста бо сокинони деҳаҳои дурдаст вохӯрӣ менамояду хоҳиши кӯдакони бепарасторро, ки бо ӯ будан мехоҳанд, рад намесозад.

Ӯ аз ҳисоби нафароне, ки нисбати фаъолияти ӯ бетафовут набуда, пайваста хайр менамоянд, зиндагӣ пеш мебарад. Ин бонуи раҳмдил барои аҳли оилаи бузургаш чаҳор манзил сохта, ҳамроҳи онҳо умр ба сар мебарад. 

М. БАЛАҶОНОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 4)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон