Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аввалин коргоҳи матоъҳои пурздор
Аз ҳар бобДар маркази шаҳри Душанбе, наздики бинои Сирки давлатӣ, коргоҳи истеҳсолие мавҷуд аст, ки бо намои зебову хуштарҳи замонавиаш диққати раҳгузаронро ба худ мекашад. Ин Корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис» аст, ки моҳи октябри соли 2023 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ба фаъолият пардохт.
Коргоҳро метавон дар Тоҷикистон ягона шумурд, зеро дар он истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти пурздор (махра, пати сохта) ба роҳ монда шудааст ва то ин вақт дар кишвар чунин навъи маҳсулот тавлид намешуд. Ғайр аз ин, коргоҳи мазкур истеҳсоли маҳсулотро аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда, онро то коркарди ниҳоӣ мерасонад. Пахтаи аълосифатро дар ҶДММ «Арвис Зелал Текстайл», ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ба ресмони пахтагӣ бадал месозанд. Маҳз аз ҳамин нахҳои босифат дар корхонаи нассоҷии «Арвис» истеҳсоли матоъ, рангубори он, нармкунӣ ва таҳияи маҳсулоти ниҳоии баландсифат, аз қабили хилъатҳои пурздори мардона, занона ва кӯдакона, дастмолҳои гуногунҳаҷм (барои ҳаммом, сауна, рӯй ва дастпоккунӣ), рахти хоб, кампал, либосу пироҳанҳои зимистонаву тобистона ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Таҷҳизоти рангмолии он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 15 ҳазор кг матоъро рангу оро диҳад. Корхонаи тарроҳӣ ва конструктории коргоҳ имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 15 ҳазор тонна матоъро ба таври худкор бурида, омода намояд. Дар ин макони ҳунарофарӣ 88 дастгоҳи дӯзандагии муосир, дастгоҳҳои дарзмолгариву нармкунӣ мавҷуданд, ки дӯхти маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаи алоҳидаи дӯзандагӣ амалӣ мегардад. Корхонаҳои тортанӣ, суфтакунӣ, бофандагӣ, рангубор, тарроҳӣ ва дӯзандагии ин коргоҳи нассоҷӣ раванди пурраи коркарди пахта дар дохили кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро таъмин месозад. Коргоҳ имкон дорад, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагиро коркард намуда, аз он маҳсулоти пурздорро бо шаклу тарҳи бозоргир ба муштариён пешкаш намояд.
Дар коргоҳ 287 нафар масруфи кор буда, 128 нафари онҳо бонувонанд. Бо имконоти таъмини 600 нафар бо ҷойи кор роҳбарияти коргоҳ тасмим доранд, ки тадриҷан шумораи кормандонро ба ин рақам расонанд. Бонувон асосан дар корхонаҳои дӯзандагӣ ва бофандагӣ фаъолият менамоянд.
Маоши дӯзандаҳо аз рӯйи ҳаҷми кори анҷомдодаашон вобаста аст, ки дар як рӯз беш аз як тонна маҳсулот омода менамоянд. Реҷаи кории онҳо аз 8-и субҳ оғоз гардида, соати 17.00 анҷом меёбад. Умуман, кормандон бо маоши хуб, ғизои нисфирӯзии ройгон ва нақлиёт таъминанд. Кормандонро аз манзилҳои истиқоматӣ тавассути микроавтобусҳо ба коргоҳ меоранду бегоҳ бозгашти онҳоро низ таъмин менамоянд. Ошхона зебову замонавӣ буда, дорои 300 ҷойи нишаст аст, - иброз дошт Таҳмина Пайшанбиева, сардори шуъбаи кадрҳои коргоҳи мазкур.
Намои берунӣ ва дарунии корхона бо завқу салиқаи хос таҳия ва оро ёфта, дар баробари корхонаҳои истеҳсолӣ ҳуҷраҳои кормандон, роҳрав, миёнсарой ва мағозаи фирмавии он бо тарҳу услуби замонавӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидаанд. Мағоза дар дохили иншоот ҷойгир буда, дар он фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки чунин коргоҳ дар бисёр кишварҳо мавҷуд нест, ҳатто дар баъзе аз мамлакатҳои Аврупо. Чанде қабл аз Аврупо меҳмонон ба ин коргоҳ ташриф оварда, аз шароит ва сатҳу сифати маҳсулоти мо дидан намуда, ба ҳайрат омаданд. Маҳсулоти мо пурра аз пахта омода шуда, ғафсиаш муътадил ва ҳиппоаллергенӣ аст, яъне аллергияро ба вуҷуд намеоварад. Муштариён ороиш ва ранги онро меписанданд. Ороишгарону тарроҳони мо метавонанд маҳсулотро мувофиқи табъу завқи муштариён омода созанд. Харидорон метавонанд аз феҳрист акси маҳсулоти дилхоҳро фармоиш диҳанд, - афзуд Таҳминабону.
Коргоҳи нассоҷии «Арвис» чанде қабл дар намоишгоҳҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Москва маҳсулоти худро ба намоиш гузошт. Меҳмонони зиёде аз маҳсулоти пурздори истеҳсоли ватанӣ дидан карда, пас аз фарҷоми намоиш барои харидории маҳсулот ба корхона ташриф оварданд. Дастгоҳҳои муосири нассоҷӣ, ки аз кишварҳои Олмон, Белгия, Туркия, Ҷумҳурии Корея ва Ҷопон харидорӣ ва насб карда шудаанд, имкон медиҳанд, ки сифати баланди маҳсулот ва рақобатпазирии онро таъмин намоянд. Ин аст, ки маҳсулоти коргоҳ ҳоло ба Россия содирот шуда, дар оянда ният ҳаст, ки давра ба давра ба дигар кишварҳо низ содир карда шавад.
Ҳоло мо бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳамкориро ба роҳ мондаем, зеро дар ҷараёни фаъолият барои коргоҳ кормандони маълумоти техникидошта заруранд. Бо онҳо шартнома баста, аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳҳо мутахассис қабул мекунем. Алъон аз ҳисоби донишҷӯён чор нафарро ба кор пазируфтаем, ки дар корхонаҳои суфтагарӣ ва рангубор фаъолият доранд. Тули як сол таҷрибаомӯзон дар се баст ва беш аз 30 нафар ба коргоҳ омада, бо фаъолияти он ошно шуданд, - тазаккур дод Таҳминабону.
Коргоҳи нассоҷии ҶДММ «Арвис» ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар роҳи амалисозии тадбирҳо ҷиҳати рушд додани соҳаи саноат, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва ба кор ҷалб кардани мутахассисони ҷавону шаҳрвандони бешуғл дар ин масир гомҳои устувор мениҳад.
Ситора АШӮРОВА