Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Салтанат» зебоӣ меофарад
Аз ҳар бобОфаридаҳои зебо ва босифати ҳунармандони коргоҳи дӯзандагии «Салтанат», ки асосан ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул буда, талаботи муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғобро ба либосҳои мактабӣ қонеъ месозад, муштариёни зиёд доранд. Дар арафаи соли нави хониш дӯзандагон серкоранду тамоми маҳорату малакаашонро ба харҷ медиҳанд, то моли дӯхтаашон ба тани ҳар фармоишгару муштарӣ шинаму зебанда бошаду бештар бозоргир шавад. Ба ин корхона бонуи ҳунарманд ва ташаббускор Бибифотима Турғанбаева роҳбар аст.
Модараш Салтанат ба ӯ ва хоҳаронаш ҳунар меомӯхт. Мегуфт, ки ҳар бонуи хонаводаи мардуми чорводор бояд дар як рӯз қобилияти дӯшидани на кам аз 10 сар қутосу модаговро дошта бошад. Ширдӯшӣ оғози кор асту малакаи ҷудо кардани равғану қаймоқ, тайёр намудани маска, панир, дӯғ ва ҷурғот ба ҳар кадбону зарур аст. Бояд духтарон пашми гӯсфанду қутосро шуста, аз онҳо ришта бофта тавонанд.
Модари даҳ ангушташ ҳунар бофандаи моҳири ҷӯробу палос ҳам буду духтари калонӣ ба ҳунари бофандагии модар таваҷҷуҳи зиёд дошт. Бо амри тақдир барояш муяссар гашт, ки се сол дар Омӯзишгоҳи касбию техникии Белоомути вилояти Маскав таҳсил намояду нозукиҳои дӯзандагиро бештар омӯзад ва маҳораташро сайқал диҳад. Мутахассиси ҷавон бо азму иродаи қавӣ ва ниятҳои неки созандагӣ ба зодгоҳаш баргашту дар коргоҳи дӯзандагии деҳаи Қурғантуқайи Ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаев ба фаъолият оғоз намояд. Мутаассифона, бар асари мавҷи таҳаввулоту гирудорҳои сиёсӣ ва аз байн рафтани таъминоти мутамарказ, ки таъсири он дар дурдасттарин деҳоти кишвар низ ба зудӣ эҳсос гардид, коргоҳи дӯзандагии деҳа аз кор монд. Бибифотима ба филиали Литсейи касбию техникии Хоруғ дар Мурғоб ба фаъолият пардохт, ҳунари дӯзандагиро ба таълимгирандагони ҷавон меомӯхт.
Иқдоми наҷиби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2019 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои эҳё ва тавсеаи фаъолияти ҳунармандиам ба ман илҳому тавон бахшид, - мегӯяд Б. Турғанбаева.
Бибифотима дар манзили истиқоматиаш дар ҳамдастӣ бо хоҳаронаш - Бибиоишаву Айнура ва Орунбибӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва бофандагӣ кушода, ба қолину палосбофӣ, дӯхти кӯрпаву болишт, камзӯлҳои занонаву мардона сар кард. Коргоҳро ба хотири поси ёди модар «Салтанат» ном гузоштанд. Аз ҳисоби қарзи бонкӣ номгӯйи хизматрасониро зиёд намуда, мизоҷони бештар пайдо карданд. Бо афзоиши воридшавии шумораи сайёҳон ба ноҳия, харидорони тоқиву кулоҳҳои миллӣ, қолину палосҳои ранга, болишту пойандоз ва намудҳои дигари маҳсулоти ороишӣ, ки аз мӯина ва пашми табиӣ бофта мешаванд, зиёд шуданд.
Қолинбофӣ заҳмати зиёд мехоҳаду аввал лозим меояд, ки торҳои нозукро дар дастгоҳи алоҳида тайёр намуда, сипас рангу бор дода, дар матоъ ва ё коғази ғафси сафед нақшу нигори қолинро кашида, ба бофтан сар кунӣ. Қолини пур аз нақшу нигорро одатан дукаса мебофанд, - мегӯяд яке аз ҳунармандон.
Маҳорату малакаи бофандагиву дӯзандагии ҳунармандони коргоҳ аз назари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дур намонда, дастгирӣ ёфт. Дар доираи тадбирҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба коргоҳ 16 мошинаи дарздӯзӣ ҳамчун туҳфа аз номи Президенти кишвар тақдим гардида, дар ин замина коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ба роҳ мондани дӯхтани куртаву ҷомаҳои миллии занона ва мардона, сарулибосҳои мактабӣ ва тӯёна натиҷаи дилхоҳ доданду нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ афзун гардиданд. Роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ дар баробари талоши зиёд намудан барои истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулот, хамчунин, бонуи саховатманд аст. Ҳамасола ба теъдоде аз хонандагони макотиб аз оилаҳои камбизоат сарулибоси мактабиро ба таври ройгон тақдим менамояд.
Айни ҳол дар коргоҳи дӯзандагӣ 20 нафар бонуи ҳунарманд ба кор фаро гирифта шудааст, ки нисфи зиёдашон аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд. Дар баробари истеҳсоли маҳсулот, дар ин ҷо ба ҷавондухтарон нозукиҳои дӯзандагиро меомӯзанду онҳо имконият доранд, ки ҳунарҳои бофандагиву дӯзандагиашонро сайқал диҳанд ва маҳорату малакаи зебоофариашонро дар хидмати муштариён гузошта, аз ҳисоби даромади маҳсулоташон буҷети оилавиашонро ғанӣ гардонанд.
Фаъолияи коргоҳи дӯзандагии «Салтанат» намое аз файз ва самари соҳибистиқлолӣ аст, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар шароит фароҳам сохтаанд. Бибифотима яке аз бонувони ҳунарманду ташаббускор аст, ки аз чунин имконияти созандагӣ ва рушди ҳунар ба манзури беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии хонаводаи худ ва бонувони маҳал босамар истифода мебарад.
М. ҶАЛОЛ,
ноҳияи Мурғоб