БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муъҷизаи дастони инсону табиат

Аз ҳар боб

  Гармии тоқатфарсои фасли тамузро дар табиати роҳатфазо, дар боғҳои фароғатёр, дар соҳилҳои ҳаловатбахшу обҳои тароватафзо метавон гуворо намуд. Яке аз чунин марказҳое, ки ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар оғӯши зебоиҳои нотакрораш аз гармои шадид паноҳ мебаранд, Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии «Кӯли Душанбе» аст. Ин марказ аз зумраи беҳтарин иншооти фароғатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст, ки дар Осиёи Миёна низ назир надорад.

Мағозаву тарабхонаи замонавӣ, ҳавзҳову парки обӣ, боғи ҳайвоноту майдончаҳои истироҳатии назди соҳили кӯл, дарахтони ҳамешасабзу гулҳои хушрангубӯ ин пораи заминро, ки пештар дар ҳолати на чандон хуб қарор дошт, ба боғи ҳамешасабзу макони дӯстдоштании меҳмонону сокинони пойтахт табдил додаанд.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии «Кӯли Душанбе»-ро, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир аст, ҳанӯз моҳи авгус­ти соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз навсозӣ ба истифода дода буданд.

Сар аз он рӯз дар мавсими гармо ҳамарӯза мутасаддиёну масъулин ва кормандони он баҳри истироҳат ва фароғати мухлисону меҳмонон хизматрасонии сатҳи олиро ба роҳ мондаанд.

Марказ ҳавои фораму гуворо дорад. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаву дарёи хурӯшони Варзоб фазову ҳавои ин маконро фораму муътадил гардондаанд.

Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии «Кӯли «Душанбе» 17 гектарро ташкил медиҳад. Дарвозаи он бо услуби меъмории қадимии миллӣ сохта шуда, дар назари аввал даромадгоҳи қалъаҳои шоҳонро аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба хотир меорад. Дар ҳудуди Марказ 3 бинои бошукӯҳ бо санъати меъмории хоса сохта шудааст. Бинои аввал дуошёна буда, дар қабати якум хазина, мағозаҳои хӯрокворӣ, фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшӯӣ ва ҳуҷраҳои кории маъмурият ҷойгиранд. Ҳуҷраҳо барои истироҳат ва толори маҷлис дар ошёнаи дуюми бино қарор доранд. Дар назди бинои мазкур майдончаи васеи консертӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, барои гузарондани чорабиниву консертҳо пешбинӣ шудааст.

 Парки обӣ, ки қисми асосии Марказ ба ҳисоб меравад, аз панҷ маҷмааи истироҳатӣ, ҳавзи шиноварӣ, фаввораҳои рақсони назаррабо, майдонҳои бозиҳои гуногун ва муосиртарин таҷҳизоти обӣ иборат аст. Масоҳати боғи обӣ 2,6 гектар буда, дар он 16 навъи аттраксионҳои обӣ, аз қабили спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер васл карда шудаанд ва дар ҳудуди Осиёи Миёна аз ҳама калонтарин маҷмааи дилхушии тобистона маҳсуб меёбад. Баландии бузургтарин аттраксиони «Кӯли Душанбе» 18 метр буда, аз он бештар ҷавонону калонсолон, ки сиришти бебоку чолок доранд, баҳра мебаранд.

 Барои кӯдакон низ аттраксионҳои назаррабо ва шавқовари обӣ дар кӯли алоҳида насб шудаанд, ки дархӯри завқу ҳолати онҳост. Атрофи мавзеи кӯдакона нишастгоҳҳои мувофиқ ва соябонҳои бузург дорад, ки ғамхорӣ ба истироҳати кӯдакон маҳсуб меёбад.

Оби зулоли кӯлҳо ба чашм нуру ба дилҳо сурур мебахшад. Сирри шаффофии ин об дар он аст, ки мунтазам бо мақсади риояи ҳолати беҳдоштиву санитарӣ бо таҷҳизоти махсус поккорӣ мешавад. Ҳавзҳо чандон чуқур набуда, барои навомӯзони шиноварӣ муфид аст.

Барои истироҳати оилаву гурӯҳӣ кату суҳбаткадаҳои бо тарҳи миллӣ ороёфта муҳайё шудаанд. Дар ин гӯша дӯстдорони таббохӣ метавонанд бо истифода аз шароити мусоид ба ҳамроҳони худ ғизо омода созанд ва ё аз тарабхонаи замонавӣ ғизоҳои лазизи милливу аврупоиро фармоиш диҳанд, ки истироҳатро баъд аз оббозӣ комил мегардонад.

 Саёҳату фароғати мо дар ин Марказ дар гармтарин рӯзи тобистон рост омад. Бо назардошти иффату шарми занона ва одоби шарқиёна, дархосту пешниҳоди бонувони сершуморро ба инобат гирифта, мутасаддиён рӯзҳои махсусро барои бонувон ҷудо кардаанд, ки бо фарзандони худ имкони озодона фароғату истироҳатро дошта бошанд. Бонувону кӯдакон бо табъи болидаву оромиши воқеӣ ва шавқу шӯр аз шароитҳои муҳайёшуда баҳра мебурданд.

Барои хотирмон гузарондани рӯзи истироҳат кормандони Марказ ба меҳмонон маслиҳатҳои муфид ва меҳрубонии хешро нисор мекарданд, ки гувоҳ аз сатҳи баланди хизматрасонии меъёрҳои ҷаҳонӣ аст.

Дар Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сай­ёҳии «Кӯли Душанбе», ки зодаи соҳиб­истиқло­листу аз маҳбубтарин гӯшаҳои пойтахт, ҳар шахс метавонад гӯшаи оромиши худро пайдо намояд ва аз зебоиҳои офаридашуда лаззат барад.

Ин боғ ҳамоҳангии муъҷизаи дасти инсону табиатро дар худ таҷассум намудааст.

Мафтуна ҚОСИМЗОДА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон