Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Истеҳсолот дар замони Истиқлол
Аз ҳар бобҲукумати Тоҷикистон барои амалӣ гардидани чаҳор ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва ниҳоят, саноатикунонии кишвар тадбирҳои зиёде меандешад. Самти саноатикунонии босуръат, ки маҳаки асосии пешрафти иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад, баҳри таҳкими истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва роҳ ёфтан ба содироти молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари он ки, дар замони соҳибистиқлолӣ коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ арзи вуҷуд намуданд, ҳамчунин, корхонаҳое, ки аз замони пешин аз фаъолият бозмонда буданд, аз нав тармиму таҷдид гардида, ба кор шуруъ карданд.
Фабрикаи дӯзандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» аз зумраи он корхонаҳоест, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии кишвар баъди таҷдид ва нав кардани таҷҳизоти корӣ фаъолият дорад.
Корхонаи дӯзандагии «Гулистони Душанбе» дар самти истеҳсолот дорои заминаи таърихӣ буда, таъсисёбии он ба соли 1933 рост меояд. Дар ду соли охир ба хотири боз ҳам баланд бардоштани иқтидори корхона ва роҳандозӣ намудани дӯхти костюмҳои мардона ва занона, ҳамчунин, либосҳои мактабӣ ба корхона таҷҳизоти наву замонавӣ аз кишварҳои Ҷопон, Италия ва Амрико ворид намудем, - мегӯяд Дилшод Бегов, директори генералии ҶСК «Гулистони Душанбе».
Бо навсозии қитъаҳои омодакунӣ, поракунӣ, таҷрибавӣ ва дӯзандагӣ, аз нав таҷҳизондани техникии фабрикаи дӯзандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон шароити мусоид барои рушди сермаҳсули ҳамкориҳо ва васеъ гардидани имконияти истеҳсолии корхонаи дӯзандагии «Гулистони Душанбе» дар самти дӯхтани тамоми навъҳои тиҷоратии маҷмуи либосҳо фароҳам оварда шудааст. Корхона ҳамкориро бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва дохилӣ роҳандозӣ намуда, барои дӯхтани костюмҳо, пироҳанҳо, либосҳои ҳамарӯза, варзишӣ, кории мардонаву занона ва мактабӣ шартномаҳо бастааст. Маҳсулоти омоданамудаи корхонаи мазкур тибқи шартномаҳо тайёр гардида, ба кишварҳои хориҷ содирот мешаванд ва аллакай мизоҷони худро дар давлатҳои ҳамҷавор пайдо намудааст.
Соли равон таҷҳизоти замонавии махсус, аз қабили дастгоҳи лазерӣ барои ҳаккорӣ (гравировка) дар матоъ, 3D сканер барои ба таври автоматӣ гирифтани андозаи либос, хатти технологии ҳозиразамони иборат аз 145 адад таҷҳизоти махсус барои дӯхт, дарзмолкунӣ, банду баст ва хушкашӯии кимиёвии либос ба корхона ворид гардиданд. Истифода аз технологияи муосир имкони ҳар як амалиёти дӯхти либос бо истифода аз таҷҳизоти алоҳидаи махсуси автоматӣ ва нимавтоматии барои он пешбинишударо фароҳам овард, ки ин намуд таҷҳизот дар корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон бори аввал истифода бурда мешаванд, - иброз дошт роҳбари корхона.
«Гулистони Душанбе» барои дӯхтани тамоми намудҳои либос дорои барномаи компютерии «Аккумарк» буда, ҷиҳати ба таври автоматӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ омода намудани қолаби либосҳои гуногун таҷҳизоти 3D сканер, барои ба таври автоматӣ гирифтани андозаи либос ва, ҳамчунин, 3D барнома барои ба таври визуалӣ нишон додан ва тасҳеҳи қолабу шинамии либос аз рӯйи хоҳиши мизоҷ мебошад, истифода менамояд.
Корҳои дӯзандагӣ аз коргоҳи омодасозӣ ва поракунӣ оғоз меёбанд. Дар коргоҳи мазкур барои истеҳсоли маҳсулот низоми лоиҳакашии автоматии либос насб карда шудааст, ки коркарди тарҳҳоро чандин маротиба меафзояд. Дар баробари ин, аз ширкати «Гербер» (Gerber)-и ИМА таҷҳизот барои ба таври автоматӣ паҳнкунӣ ва поракунии матоъ харид гардида, мавриди истифода қарор дорад. Сипас, матои порагардида вобаста аз шаклу намуди либос ба ду коргоҳи дӯзандагӣ фиристонда мешавад.
Шуъбаи конструкториро «дили» корхона аст, гӯем, хато намекунем. Зеро андозагирӣ ва омода намудани қолабро маҳз кормандони ин шуъба тарҳсозӣ мекунанд. Ҳамаи кор дар ин шуъба ба таври электронӣ анҷом меёбад ва дар сурати пайдо шудани камбудиҳо дар намунаи либос, ки онро шуъбаи ташхис муайян менамояд, он аз ҷониби мутахассисон ислоҳ мегардад. Баъдан, бо мизоҷ корро давом дода, дархостро қабул мекунем, - мегӯяд Базмия Ғоибова, сардори шуъбаи конструктории корхона.
Бону Базмия иброз медорад, ки дар шуъбаи мазкур кормандони ҷавон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ, яъне хатмкардаҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошанд. Роҳбарияти корхона ба хотири дастгирии онҳо ва омода намудани технологҳои варзида аз кишварҳои Италия, Туркия ва Россия мутахассисони соҳаро даъват намудааст, ки ба ҷавонони навкор нозукиҳои пешаро меомӯзонанд.
Дизайнерон, лоиҳакашон, тарроҳон, технологҳо, дӯзандагон ва коргарон пурра табъу хоҳиши муштариёнро ба инобат гирифта, вобаста ба талаботи мӯди ҳозиразамон маҳсулот истеҳсол менамоянд.
Ҳоло дар корхона беш аз 500 нафар фаъолият дорад, ки аз ин шумор 300 нафар бонувонанд. Сатҳи олии техникӣ ва технологии корхона имкон медиҳад, ки бо фаро гирифтани 1200 коргар ва бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2000000 воҳиди либос дар як сол фаъолият намояд.
Дар баробари фармоишҳои бузург аз ҷониби фармоишгарон, бо мизоҷони фардӣ низ ҳамкорӣ дорем. Онҳое, ки мехоҳанд бо табъи худ костюм, шим ё намудҳои дигари либос интихоб намоянд, бо мо дар иртиботанд. Дар асоси фармоиш интихоб кардани либос нисбат ба маҳсулоти бозор арзонтар мебошад.
Бо ҷалби кормандони маҳаллӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, аз қабили дар ошхонаи барҳаво таъмини коргарон бо ду вақт ғизои гарм, либоси корӣ, лавозимоти кории зарурӣ ва маоши муқаррарӣ. Ҳамчунин, дар сурати аз ҷониби фармоишгарон зиёд шудани дархост барои истеҳсоли либосҳои гуногун корхона аз шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт бонувонро ба кор даъват менамояд. Бахусус, дар давраи фармоиши дӯхти либосҳои мактабӣ, ки зарурати ба кор ҷалб намудани бонувони маҳал пеш меояд. Онҳо бо нақлиёти доимии корхона таъмин шудаанд, - иброз медорад Дилшод Бегов.
Ҳабиба Ҷабборова аз зумраи бонувонест, ки тоза ба кори дӯзандагӣ пайвастааст. Ӯ мегӯяд, ки аз кори ҳунармандӣ огаҳӣ надошт ва муддати се моҳи шогирдӣ дӯзандагиро пурра аз худ намуд.
Духтур шудан мехостам, вале аз нокомӣ дар имтиҳони дохилшавӣ руҳафтода нашуда, аз пайи омӯзиши ҳунар шудам. Шодам, ки рӯзҳои хуби ҷавонӣ барои омӯзиши ҳунар мегузаранд, барабас намераванд. Духтарони ҳамсояро низ тарғиб намудам, то ба ин корхона омада, касбу ҳунар омӯзанд, - меафзояд Ҳабибабону.
Роҳбарияти ҶСК «Гулистони Душанбе» тасмим доранд, ки дар солҳои наздик бо брендҳои хоса молу маҳсулоти худро ба кишварҳои Аврупо содирот намуда, тариқи маҳсулоташ кишвари Тоҷикистонро дар хориҷ муаррифӣ созанд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО