Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мавсими бобарори «Каёнуш-дӯзандагӣ»
Аз ҳар бобҶамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Каёнуш-дӯзандагӣ» каме дуртар аз бозори марказии ноҳияи Данғара воқеъ аст. Лаҳзаҳои ворид шудан ба ин коргоҳи хурд ба арафаи соли хониши 2024–2025 рост омад, ки раҳу роҳрав ва долони он лабрези муштариён буд. Зодмандони зиёд бо духтараконашон муаддабона навбат поида, як-як вориди анбор мешуданд. Дар баробари дигар кормандони сехи дӯзандагӣ Дилшод Назаров, муовини роҳбари корхона, талаботи мизоҷони хурдсолро қонеъ месохт.
Ба ҳар кадом мувофиқи дархосту фармудааш либоси мактабиро мепӯшонду барояшон муваффақияти таҳсил орзу мекард. Дилшод, ҷавонмарди хоксору дилдодаи касби хеш, барои суҳбат бо мо аз мизоҷони дар навбат истода узр хост ва мо дафъатан пурсидем:.
Ин коргоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ арзи ҳастӣ намудааст ё…?
Бале, беш аз даҳ сол аст, ки фаъолият дорем. «Каёнуш-дӯзандагӣ», ҳамчун фабрикаи хурди истеҳсолӣ соли 2013 бо мақсади дӯхти либосҳои ҳарбӣ, мактабӣ ва тиббӣ бунёд шуд. Чанд соли аввал маоши дӯзандаҳо ва мутахассисон, ки шумораашон ба 150 нафар мерасид, тариқи соатбайъ, музди ягонаи муқарраршуда пардохт мешуд. Мо ба ин васила занону духтарони хонашинро ба кор ҷалб намуда, аз як ҷониб онҳоро касб омӯзондем, аз тарафи дигар барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, бо маоши моҳона таъмин намуда, ба зиндагиашон беҳбудӣ бахшидем. Агарчи гоҳе корхона аз ин амал зиён ҳам медид, коре карда, дари онро набастем ва занҳои ба истеҳсолот ҷалбшударо ноумед накардем.
Ҳоло чӣ?
Алҳол музди меҳнати духтарон вобаста ба ҳаҷми кори онҳо пардохт мешавад, ки аз ин худи чеварон розианд. Нафароне ҳастанд, ки моҳе то 3500 – 4000 сомонӣ маош мегиранд. Масалан, ҳамин шабу рӯз мавсими хуби кор аст, ҳатто рӯзҳои шанбею якшанбе низ чеварон дар ҷойи коранд. Аз соати 7 то соатҳои 21–22 дари корхона кушода ва кор дар авҷ аст. Занҳое, ки фармоиши гирифтаашон нотамом мемонад, матоъҳои порашударо ба хона бурда, дӯхтаҳои худро ба сомон мерасонанд. Сехи дӯзандагӣ ҳоло танҳо либоси мактабии духтарона мебарорад ва ҳамаи он дар асоси фармоиши мактабҳои ҳудуди ноҳия, дар мувофиқа бо раёсати маориф аст. Мақсад гузоштем, ки солҳои таҳсили 2024–2025 ҳамаи духтарони мактабхонро бо либоси ягона таъмин намоем.
Ибтидо ишора намудед, ки либосҳои ҳарбӣ ва тиббӣ низ истеҳсол мекардед?
Албатта, бо чанд қисмҳои низомиву ҳарбӣ ва муассисаҳои тиббӣ шартномаи тарафайн дорем ва фармоиши онҳоро низ сари вақт иҷро менамоем. Масалан, рӯ ба рӯи шумо либосҳои ҳарбӣ тайёр истодаанд, ки имрӯз ё пагоҳ бояд ба фармоишгарон расонда шаванд. Аз муассисаҳои тиббӣ низ фармоиш гирифтаем.
Оё аз дигар ноҳияҳо ба коргоҳи Шумо фармоиш мешавад?
Бале, мо барои ин имконият дорем. Боз даҳҳо дастгоҳҳои дӯзандагии тайёр ва мутахассисону чеварони хуб дорем, ки онҳоро фавран ба кор ҷалб менамоем. Ҳамчунин, чеварони фаъоле, чун Муҳайё Носирова, Гулизор Ашӯрова, Раъно Раҷабова, Дастагул Ашӯрова фармоиши тӯёнаю арӯсиро бо маҳорати хуби дӯзандагиашон ба анҷом мерасонанд. Гулнисо Бӯстонова аз шумули беҳтарин порагар миёни дӯзандаҳои ноҳия мебошад ва дар «Каёнуш-дӯзандагӣ» эҳтироми ҳамкорону мизоҷонро сазовор аст
Коргоҳи Шумо сирре дорад, ки муштариён ин қадр зиёданд?
Дар раванди истеҳсолот ягон сирре нест. Мо нозукиҳои касбро ба таври аъло аз худ кардаем ва ҳам ба хостаҳои муштариён муносибати ҷиддӣ дорем. Ду-се сол қабл аз бозор либоси тайёр оварда, ба фурӯш мегузоштем, аммо ин таҷриба чандон натиҷаи хуб надод. Аввал ин ки маҳсулоти босифатро пайдо кардан мушкил буд, дувум, ба арзиши аслӣ харҷи роҳро зам менамудем, ки он барои волидон чандон хуш намеомад. Аз ин хотир, роҳи ягонаро дар истеҳсоли маҳсулоти худӣ дарёфтем.
Хоҳаре чеваронро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват мекунад?
Бале, ғизои нисфирӯзӣ аз ҳисоби корхона аст, ба қадри тавон ҳамарӯза хӯроки гарму лазиз мепазем, ки аз витаминҳо ғанӣ буда, маҳсули деҳқонии кишоварзони ноҳия ва бошандагони коргоҳ аст. Роҳбари коргоҳ Сангинмаҳмад Тағоев мудом таъкид месозанд, ки бояд ба кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шавад. Онҳо, ки тули моҳ то 280–300 адад либос медӯзанд, бояд фароғати комил дошта бошанд. Ҳамин мавсим, ки то поси шаб сари дастгоҳҳои дӯзандагианд, баъди шом низ бо сабзавоти тару тоза, тарбузу харбуза ва шириниҳо таъмин мешаванд.
Ҷавондухтаронро ангуштшумор мебинем?
Дар «Каёнуш-дӯзандагӣ» хоҳарони зиёде кор карда, аз ҳамин ҷо бахти худро ёфтаву ба шавҳар баромадаанд. Бинед, ки рӯ ба рӯи мо модарони зиёде дар навбат истодаанд, ки онҳо ҳам харидору ҳам хостгори духтарони моянд. Занҳо баҳонаи хариди либос омада ба чеварони ҷавон мароқ зоҳир мекунанду аз мо хислати онҳоро пурсон мешаванд. Ин ҷо чеварони таҷрибадору модарони зиндагидидае чун апаи Ниҳол ва Меҳринисою Қурбонгул ҳастанд, ки аз ибтидо дар корхона фаъолият доранд ва барои чевардухтарон чун мураббии кордон муносибат мекунанд. Ҳамзамон, онҳо барои духтарон аз боби рӯзгору зиндагии ояндаашон пандҳои муфид медиҳанд.
Ба дурустии ҳар сухани ҷавонмарди пурҳунар Дилшод Назаров мо ҳам эътимод кардем, чун модарону хоҳароне, ки паси дастгоҳҳои дӯзандагӣ масруфи кор буданд, бо ҳазлу ханда сафинаи хурдакаки мошинаро моҳирона рӯйи матоъҳо давонда, ба ҳар либос порае аз меҳри худро нақш мегузоштанд.
Рустами НАЗИР