БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

20 сол дар хидмати мардум

Аз ҳар боб

ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» (АБМХ)20 сол муқаддам таъсис ёфта, тули ин солҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳим ноил гардид. Имрӯзҳо бонк дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолияти густурда дорад. Тиҷорати он бошад, ба якчанд сегментҳои калидӣ, аз ҷумла бонкдории истеъмолӣ, бонкдории тиҷоратӣ, идоракунии молия ва бонкдории сармоягузорӣ тақсим шудааст.

ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» соли 2004 ифтитоҳ гардида, ҳамон сол амалиётҳои бонкии худро ҳамчун нахустин бонки тиҷоратӣ оид ба маблағгузории хурд оғоз кардааст. Бонк аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон бо ҳадафи хизматрасонӣ ва сарпарастии тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон, ки ба рушди иқтисоди миллӣ нигаронда шудааст, таъсис ёфтааст.

Тобистони соли 2007 Бонк маҷмуи қарзии MSDSP-ро дар вилояти Хатлон ба даст овард. Рӯйдоди мазкур дар рушди Бонк ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳим дониста мешавад, зеро минбаъд тамоми фаъолиятҳои маблағгузории хурди Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» идора карда мешаванд.

Дар рӯзҳои аввал дар бинои асосии бонк ҳамагӣ 80 нафар масъулият дошт ва дороии асосиаш низ 9272000 сомониро ташкил медод. Давра ба давра муассиса фаъолияти худро васеъ намуда, диққати сокинони Тоҷикистонро ба худ ҷалб кард. Ҳамин тавр, баъди ба даст овардани иҷозати фаъолият бонк тамоми кӯшиши худро баҳри васеъ намудани доираи фарогирии худ сарф кард ва аз ин сабаб, ба минтақаҳои Тоҷикистон низ ҳузур пайдо намуд. Бонк нахуст дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд, Хоруғ, Рашт, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) филиалҳои худро кушод.

Баъдан, дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 30 маркази хизматрасонии бонкии ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла дар Мурғоб, Нуробод, Тоҷикобод, Ишкошим, Шаҳритус, Дарвоз, Ванҷ, Ҷайҳун, Рӯшон, Исфара филиалҳо таъсис дода шуданд. Соли 2010 шумораи кормандони он ба 523 нафар расид. Ҳамин тариқ, Аввалин бонки молиявии хурд баъди кушодани филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун минбаъд ба маҳсулоти бонкии худ диққати бештар дод. Роҳбарияти Бонк дар ин давра бо истифода аз мутахассисони пуртаҷрибаи худ вазъи ҷомеа ва низоми бонкии кишварро омӯхта, барои наздик шудан бо мардум маҳсулоти гуногуни қарзиро пешниҳод карданд.

Дар даҳсолаи дувум аксари бонкҳои кишвар ниёзҳои сарватмандон ва дигар ниёзҳои бо ҳам алоқамандро қонеъ мекарданд ва шумори ками онҳо омода буданд, ки ба мардуми одӣ, хусусан ба дастгирии соҳибкории хурду миёна қарз диҳанд. Аз ин рӯ, Аввалин бонки молиявии хурд бо ҳадафи хидматрасонӣ ба мардуми одӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина, баҳри баровардани ниёзҳои онҳо таъсис дода шуд, ки қарзҳои хурдро ба афроди ҳатто бе таърихи кредитӣ низ пешниҳод кард. Яке аз омилҳои калидие, ки Бонк дар аввали таъсис аз дигар бонкҳои кишвар фарқ мекард, равиши хоси он ба қарздиҳӣ буд. Аввалин бонки молиявии хурд ба ҷои такя кардан ба таърихи қарзи қарзгиранда ё гарав ба иқтидори даромади ояндаи онҳо таваҷҷуҳ намуд.

Шариф Раҳимзода, доктори илмҳои иқтисод, профессор, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон, алҳол директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ омадани Аввалин бонки молиявии хурдро ба низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2004 қадами муваффақона дар самти ташкили бонки муосир дар кишвар меҳисобад: «Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз соли дуҳазорум шуруъ мегардад. Дар он солҳо бисёр зарур буд, ки бонкҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон биоянд ва ҳамроҳ бо ин бонкҳо таҷрибаи бонкдории аврупоӣ ба кишвари мо нузул пайдо кунад. Бинобар ин, пайдо шудани Аввалин бонки молиявии хурд дар низоми бонкдории Тоҷикистон хеле хуб буд. Бонки мазкур замина гардид, ки ҷавонони мо дар низоми пешрафта тарбия ёбанд. Аз ҳамин сабаб, он солҳо ба вуҷуд омадани АБМХ дар низоми бонкдории Тоҷикистон қадами тоза гардид, зеро он бо маҳсулотҳои наву фарқкунанда ба Тоҷикистон омад. Яъне ин Бонк низоми нави муносибатҳои қарзиро ба роҳ монд. Он бо роҳи таблиғоти худ тавонист, ки мизоҷони бештарро ба хизматрасониҳои худ ҷалб намояд. Роҳбарияти АБМХ мақсади худро ба додани қарз ба субъектҳои хоҷагидории хурд бо фоизи пасттар эълон карданд.

Ҳамчунин, Бонк аз нуктаи назари бонкдории аврупоӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамчун шарик муносибат кард. Яъне он на танҳо қарз медод, балки корхонаву ташкилотро дар фаъолияташон ҳамроҳӣ мекард ва дар самаранок истифода бурдани қарз маслиҳатҳои муфид медод. Дар умум, фаъолияти АБМХ як намуди дигари бонкдорӣ дар сатҳи нав, дар сатҳи пешрафта буд. Яке аз дастовардҳои дигари ин Бонк ҳамеша аз нигоҳи технологӣ ҳамқадами замон будан аст. Имрӯзҳо Бонк яке аз бонкҳое ба ҳисоб меравад, ки такондиҳандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад».

Аввалин бонки молиявии хурд дар баробари ин, аз рӯзҳои аввали таъсис бо маҷмуи ҳамаҷонибаи хизматрасониҳои молиявӣ, пеш аз ҳама ба дастгирии камбизоатон дар саросари кишвар шитофт. Ҳамин гуна, Бонк фаъолияташро идома дода, бо кӯшиши дар низоми бонкии кишвар ба рушди Тоҷикистон саҳмгузор будан, иқдомҳои созандаро амалӣ намудааст.

 

 Бонки мизоҷмеҳвар

Тули фаъолият Бонки мазкур кӯшиш ба харҷ дод, то сарфи назар аз афзоиши иқтидор, муносибати наздикро бо мизоҷон ҳамеша нигоҳ дорад. Роҳбарияти Бонк дар ҳар давра механизмеро таҳия кардаанд, ки тавассути он метавон мизоҷонро ба хизматрасониҳои худ ҷалб карда, хидматрасонии беҳтарро пешниҳод намуд. Бонк ҳамчун роҳи нигоҳ доштани иқтидор ба ҳар як мизоҷ диққати ҷиддӣ медиҳад.

 Иқдомҳои қарзӣ

Қувваи асосии Аввалин бонки молиявии хурд иқдомҳои бузурги қарзии он ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мебошанд. Аввалин бонки молиявии хурд бозорро дуруст омӯхта ва ниёзҳои мардумро баррасӣ намуда, баҳри дастгирии соҳибкорону кишоварзон ҳар мавсим иқдомҳои калони қарзиро бо шароитҳои беҳтар пешниҳод мекунад. Дар ин иқдомҳои қарзӣ бештар аз ҳама таваҷҷуҳ ба ниёзи мизоҷон равона мешавад, ки аз ҳамин лиҳоз, доираи калони истифодабарандагонро фаро мегирад. Ҳоло зина ба зина Бонк симои мусбати худро бо васеъ кардани доираи мизоҷон густурдатар менамояд. Он ба осонӣ мизоҷони иловагиро ҷалб мекунад, ки онҳо хоҳони дар ҷомеаи худ тағйироти мусбат эҷод карданро доранд.

 Узви GABV

Аввалин бонки молиявии хурд узви GABV (Алянси ҷаҳонӣ оид ба арзишҳои бонкдорӣ) мебошад. Бонк нахустин ташкилоти молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва ягона бонк дар кишвар аст, ки ба ин шабака дохил гардидааст. GABV шабакаи байналмилалии бонкҳоест, ки зиёда аз 45 кишвар барои хизмат ба мардум ва сайёра манобеи молиро истифода мебарад. Ҳадафи дастаҷамъӣ, пеш аз ҳама, шаффофтар гардондани низоми бонкӣ ва дастгирии тағйироти мусбати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист мебошад.

 Ҳузур дар минтақаҳо

Имрӯзҳо Бонк дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз Мурғобу Ишкошим, Кӯлобу Ёвон, то Рашту Мастчоҳ фаъолият дорад. Дар доираи ваколатҳои иҷтимоии худ Аввалин бонки молиявии хурд дар минтақаҳои дурдаст фаъолияти нисбатан бештар дорад. Ҳоло Бонк ба мизоҷони шаҳр ва деҳот тавассути тақрибан 50 филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ хидмат мерасонад.

Бонки мазкур маҷмуи пурраи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла қарзҳо, пасандозҳо, мубодилаи асъори хориҷӣ, хизматрасонии пардохтӣ, банкоматҳо ва хизматҳои гуногуни молиявии рақамиро пешниҳод менамояд.

Ҳоло дар Бонк тақрибан 900 корманд фаъолият мекунад. Бонк бо барномаҳои гуногун пайваста иқтидори кормандонро рушд медиҳад, сармоягузорӣ мекунад, онҳоро ҳавасманд месозад ва ба пешниҳодҳояшон гӯш медиҳад. Роҳбарияти Бонк мекӯшанд, кормандонаш мутахассисони касбӣ бошанд, то ба мардум хидматрасонии беҳтар анҷом диҳанд.

Ҷорӣ намудани технологияи FaceID

Аввалин бонки молиявии хурд дар кишвар нахустин бонкест, ки технологияи FaceID-ро ҷорӣ намуд, то ҳузури мизоҷонро қулайтар созад. Стратегияи Бонк ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва маҳсулоту хизматрасониҳои рақамӣ мебошад. Роҳбарияти Бонк ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонии пардохтҳои давлатиро ҳаматарафа дастгирӣ ва ташвиқ менамояд. Зеро иқдоми мазкур бахши хусусиро барои бештар анҷом додани амалиётҳои рақамӣ ҳавасманд месозад. Амали мазкур шаффофият­ро бештар мекунад ва хатари идоракунии пули нақдро барои бонкҳо, корхонаҳо ва мардум коҳиш медиҳад.

Ҳоло Бонк дар раванди хидматрасонӣ ба мизоҷон технологияҳои навро истифода мебарад. Аввалин бонки молиявии хурд ҳам маҳсулоти мавҷуда ва ҳам маҳсулоти нави худро дар бозор маъмул мекунад. Аз ин сабаб, Бонки мазкур, ки дар асоси стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, дар кишвар ҳамчун бонки боэътимод, қавӣ ва қулай эътироф гардидааст. Бонки мазкур ҳамчун яке аз бонкҳои муассири Тоҷикистон бо таърихи 20-солаи хеш ба як қудрати молиявии кишвар табдил ёфтааст.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон