БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Худсозу ҷаҳоноро

Аз ҳар боб

Вақте сухан дар бораи дастовардҳои занон дар самти соҳибкорӣ ба миён меояд, номи ӯ меҳвари суҳбатҳост. Ситораи дурахшони минбарҳои баланди анҷуманҳои иқтисодии Тоҷикистон асту зиндагии пурбораш мисли боғҳои пурмевааш суду лаззати руҳафзо мебахшад. Ин бонуи қавиазму собитқадам Сабоҳат Раҳимзода аст, ки номи ошнову чеҳраи зебо ва мавқеи устувор дар ҷомеаро аз пайи талошҳои пайваста касб кардааст.

 Сабоҳатбону ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар тули 63 соли собиқаи кории хеш, ки синни муборакаш марзи 80-ро убур мекунад, ҳанӯз ғайрати даҳҳо ҷавонро дораду баҳри такмили малакаҳои хеш пайваста дар омӯзиш аст.

Сабоҳатбону парвардаи инсонҳои шарифест, ки адолату покизагиро дар зиндагӣ афзалтар аз ҳама медонистанд.

 Мо дар оилае ба камол расидаем, ки адолат ва заҳмат маънии асосии зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Падарам солҳо дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар вазифаҳои баланди мақомоти прокуратура ва суд фаъолият доштанд. Сарфи назар аз таъминоти моддӣ ба тарбияи фарзандон диққат медоданд. Мо дар ном нозпарварду духтари раис будему дар асл заҳматкашу серкор. Пас аз дарс ба корҳои рӯзгордориву ҳунаромӯзӣ андармон, гирди номи падар нагашта, фахри беҷо аз паси вазифаи ӯро ба худ раво намедидем, - қисса аз рӯзгори хуррами наврасӣ мекунад, Сабоҳатбону.

Тарбияи шоиста ва сиришти мустаҳкам қаҳрамони моро аз шуғли омӯзгорӣ то мартабаҳои баланди арсаи сиёсат расонд. Дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ адои вазифа намуда, кӯшишу ғайраташро баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, беҳтар намудани сатҳи зиндагии занони камбизоат, соҳибмаълумоту соҳибкасб кардани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онон равона кардааст.

 Дар даврони душвортарину ҳассостарини халқи тоҷик, солҳои 90-уми асри гузашта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, ба дили нозуку пайкари наҳифи занони кишвар чун теғи зангорбаста захмҳои амиқ гузошт. Пойтахти кишварамон ба гурезагоҳи занону кӯдакони бесаробон табдил ёфт. Ҳар кадоми онҳо бо умеди муттакову такягоҳе дар Душанбе паноҳ меҷустанд. Он замон ба симати муовини вазири маорифи халқ адои вазифа доштаму бо аҳли оила то ҳадди имкон ба гурезагон ёрӣ мерасондем. Рӯз аз рӯз сафи ниёзмандон афзуда, созмоне зарур буд, ки дар самти ёрӣ ба бонувони гуреза пайваста фаъолият барад. Аз ин рӯ, соли 1992 ташаббус намуда, Гурӯҳи бонувон - «Кадбону»-ро таъсис додам, ки мақсадаш ёрӣ расондан ба гурезагон ва аз қашшоқӣ раҳондани занон бо роҳи донишу касб омӯзондан ва ба соҳибкорӣ ҷалб намудани онҳо буд, - китоби хотироташро варақгардон мекунад бонуи хайрхоҳ.

Кор бо гурезаҳо, кумак ба занон ва амалҳои хайрия вақту қуввати изофӣ талаб мекард. Аз ин рӯ, Сабоҳатбонуро лозим омад, ки аз ду кор – вазифаи давлатии муовини вазир ё ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии занони камбизоат якеро баргузида, қувваю ғайраташро сарф намояд. Хайрнисориву некукорӣ, ки як хулқи шоистааш буд, дастгирии занони ниёзмандро афзалтар донист. То соли 1999 Гурӯҳи «Кадбону»-ро роҳбарӣ намуда, бо панҷ нафар таъсисгари дигар ташкилоти ҷамъиятию эҳсонкоронаи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» -ро дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифт. То имрӯз ҳамчун раиси ин ташкилоти ҷамъиятию хайриявӣ содиқона фаъолият мебарад. Саҳми Ассотсиатсия бо роҳбарии Сабоҳат Раҳимзода дар вусъат додани имкониятҳои иқтисодии занон ва ҳалли масъалаҳои гендерӣ назаррас аст…

 Ҳамчун роҳбари ин ташкилоти бонуфуз метавонам бо эътимоди комил изҳор дорам, ки Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» дар масири фаъолияти худ роҳҳои нави рушдро тарҳрезӣ карда, ба натиҷаҳои намоён ноил гардид. Дар тули фаъолияти худ Ассотсиатсия зиёда аз ҳазор нафар занро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, 650 ҷойи нави корӣ таъсис дод. Хизматрасонии нави замонавиро ҷорӣ намуда, ба 1500 нафар асосҳои соҳибкорӣ ва ба 1400 нафар касбҳои гуногун омӯзонда шуд. Баҳри баланд бардоштани маърифати иқтисодии ҷомеа зиёда аз 175 чорабинии сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гузаронда, ба зиёда аз ду ҳазор нафар хизматрасониҳои машваратӣ равона гардид. Бисту ду барнома ва модулҳои омӯзишӣ дар самтҳои гуногуни соҳибкорӣ барои тренерон таҳия шуда, тавассути тамоми васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 200 маводи таблиғотӣ интишор ёфт. Ҳамчунин, ҳамкории зич бо иттиҳодияҳои тиҷоратии занони Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шуд. Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии беш аз 36 ҳазор занон ва аъзои оилаи онҳо шароити мусоид фароҳам омад, - иброз медорад бонуи роҳбар.

Дар баробари фаъолияти фарогири роҳбариву соҳибкорӣ Сабоҳатбону чун олими боамал низ маъруф аст. Номзади илмҳои таърих, муаллифи зиёда аз 60 китобу брошура, монография, мақолаҳои сиёсиву илмӣ, маърифатӣ ва тарбиявист.

Дар китобхонаи шахсии ӯ, ки зиёда аз панҷ ҳазор асарҳои гуногуни илмиву бадеӣ ва дастхатҳои нодиру арзишманд бо забонҳои тоҷикиву русиву англисӣ ҷамъ шудаанд, вақту фазо моҳияти худро гум мекунанд. Ин ганҷур дар озмуни Беҳтарин китобхонаи шаҳри Душанбе аз рӯи номинаи «Беҳтарин китобхонаи оилавӣ» мақоми аввалро соҳиб гаштаасту хазинадори дарёдили он ду ҳазор китобҳои гарон­арзишро ба китобхонаҳои шаҳрӣ тақдим намудааст…

Сабоҳатбону Раҳимзода ҳамчун ходими намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ ҳамеша тарғибгари фаъоли сиёсати сулҳпарварона ва созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз он меболад, ки бо дастгириҳои пайвастаи давлат нисбати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тавонист ба дастовардҳои арзанда ноил гардад.

 Яке аз аввалин гирандагони гранти Президент барои занони соҳибкор дар соли 2006 будам. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва қадршиносии Сарвари давлатамон, дар китобам «Бо муҳаббат зис­там» нақш ёфтаанд. Ин шахсияти барҷаста, марди абарқудрат, сиёсатмадори варзида, роҳбари оқилу дурандеш, ғамхору ояндабин, қаҳрамони миллатро «Пешвои тавонои миллат» ном бурдаам. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маро дар арафаи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо медали Хизмати шоиста қадр намуданд. Ин бароям мояи саодат ва маншаи фаъолияти мунтазам дар роҳи рушди Тоҷикистони маҳбубамон хоҳад буд, - илова мекунад Сабоҳатбону Раҳимзода.

 Рӯзгори ибратбахш, тарбияи фарзандони ватандӯсту заҳматписанд, завқи баланди зебоиписандӣ, муҳаббати беолоиш ба халқу Ватан ва худсозиву ҷаҳонороии Сабоҳат Раҳимзода метавонад бузургтарин дарси зиндагӣ барои ҳар як бону бошад.

Мафтунаи ҚОСИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон