БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Ҷанг тамом…!»

Аз ҳар боб

  Бале, дар андешаву тасаввуру тахайюли ман он шаб ҷанг ба охир расида буд, ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш, ҷанги таҳмилии ба сари миллати азизу азияткашидаам бор шуда. Агар гӯям, ки он шабу рӯз, бо вуҷуди хомӯш шудани барқ, ки акнун ба ҳукми анъана медаромад, лаҳзае аз рӯёрӯи телевизор дур намешудам, хато нест.

Паёми нек камтар, хабари ғамангезу воҳима зиёдтар садо медод, бо ин вуҷуд интизор ба садои фораму гӯшнавоз ё суруду мусиқии хуш интизор менишас­там. Бахусус, он рӯзҳои таърихию сарнавиштсоз, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ вакилони халқ ба ҳам омаданду самти роҳи ояндаи Тоҷикистони ҷангзадаро роҳӣ ба сулҳу саодат менамуданд, ихтиёри садову симои хона, гирондану хомӯш кардани он танҳо ба ихтиёри ман буд.

Фақат ҳаминаш ба хотирам нест, ки шаби 16 буд, 17 ё 18-уми ноябр, ки бо кӯшишу талошҳои ватанпарваронаи Сарвари тозаинтихоби давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду гурӯҳи ба ҳам зид даст ба дасти якдигар дода, аз хомӯш намудани садои тир дар ҳудуди кишвар мужда додаву пеши хунрезиҳои ноҳақро гирифтанд. Бо баробари дидану шунидани ин саҳнаи дар зиндагӣ бароям нотакрор, ман ҳам қатори вакилони он анҷумани сарнавиштсоз аз ҷо хеста, табли шодӣ задам, ҳам бо дилу ҳам бо қарсакҳои бардавом.

Он шабу рӯз, ки мардуми деҳа навбатдорӣ ташкил намуда, то як ҳиссаи шаб дар кӯча гаштугузор ва дар масҷиди деҳа менишастанд, аз ин хабар ҳоло огоҳ набуданд. Ба худ қарор додам, ки ин муждаро, ки баробари зиндагӣ арзиш дорад, бояд ба халқ расонд, то онҳо низ хурсанд шаванд, аз воҳима дур бошанд, ин ба манфиати онҳост.

Моҳи ноябр, агарчи тирамоҳи зарандуд аст, барои мардуми кӯҳистони мо он шабу рӯз зимистон дар мекӯфт, ки хонаҳоро бо оташи тапаку ҳезум гарм менамудем. Аз эҳсоси шодиву хушҳолӣ тани куртаи яктан ҷониби масҷиди деҳа давидам. Кӯчаҳои деҳ он маҳал чароғон чӣ, ҳатто хатти симу симчӯб ҳам надошт. Шоми тираву тор ба назар наменамуд, гӯё ки дар роҳи ҳамвору рӯзи равшан медавам. Эҳтимол шарфаи пои маро мардуми нишаста шунида бошанд, якеву дуе аз ҷой нимхез шуда буданд.

«Ҷанг!» аз забонам акнун мебаромад, ки ҳама як тан ба по рост шуданд. «Ҷанг тамом, сулҳ шуд!», гуфта хандаву ашки шодиамро дида, мардум дигарбора оҳи сабук кашида, чанд нафаре: «Додар сахт тарсондӣ», ҳам гуфта, боз ба навбат дасти ҳам фишурдаву якдигарро гарм ба оғӯш гирифтанд.

Ана ҳамин тавр, сулҳи деринтизорро ҳар сокини Тоҷикистон, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ дорову чӣ нодор, ҳам аҳли фаҳму ҳам нофаҳм, ҳам аҳли дилу ҳам аҳли гил, он шаби зимистонӣ ба хушу хурсандӣ гармакак истиқбол карданд.

Агарчи ваҳдати умум дертар ба вуқуъ пайваст, гомҳои аввалини он бо талошҳои хирадмандонаи Роҳбари ҷавон, Сарвари худододи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1992, дар Кохи Арбоб гузошта шуданд, дар хатти умри банда нақши ҷовидро касб карда.

 Р. НАЗИР

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон