БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Парвози баланд омӯхтем

Аз ҳар боб

Аз тирезаи ошёнаи сеюм тамошои гулҳои сафеди дарахти биҳиро дӯст медоштам. Он пушти бинои чорошёна, дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор, дар маҳаллаи 102-юм - дар кошонаи падарам воқеъ буд. Ин бор шукӯҳи он гулҳоро аз пушти чашмони машки об хираву камнур дидам. Гумонам онҳо дар лапиши амвоҷи оби дидагон берангу бенур метофтанд. «Ин лаҳзаи уқубати умр­ро набояд фаромӯш созам», - гуфта, бо дидагони нимпӯш гулҳои сафедро, ки ҳамакнун рӯшану нурпош менамуданд, бо чашмҳо гӯё аккосӣ ва дар зеҳн барои абадӣ хотира гузоштам.

Бозувони духтараки наврас аз бори гарони тақдир, ки бо чашмони кӯдакӣ ваҳшати ҷанг медид, гӯиё ба замин дакка мехӯрд.

Овони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри ХХ тақрибан 11–12 сол доштам. Қиблагоҳам, марди болобаланди хушсимо ва ҷиддиталъат, шомгоҳон, ҳини бозгашт аз коргоҳ бо дастанҷоме пур аз нуқлу наво меомад. Мо, фарзандони саргарми даву бозӣ, сӯяш мешитофтему кунҷе аз дастовезро дошта, гӯиё ёриаш медодем.

Ҳавлии барҳавои саҳни биноҳои истиқоматӣ, ки нишастгоҳ, алвонҷак ва зинаҳои нимдавраву амудӣ дошт, шомгоҳон пур аз хурду бузург мешуд. Қисми зиёди онҳо миллату халқҳои дигар, хосса русҳо буданд. То нимашабӣ майдонро шӯру ғавғои бачагони маҳалла ва суҳбатҳои калонсолони рӯйи харакҳо нишаста пур мекард.

Аммо бо иттифоқи мансабталошон ба ин саҳнаи хушбахтӣ гирдоби даҳшатбори низоъ ва хунрезӣ фурӯ рехт. Хандаҳо хомӯш, суҳбатҳои гарм сард, кӯчаҳо холӣ, осмон тира, оромӣ ба садоҳои тиру туфанг бадал гардиданд. Аз теппаҳои шимолу ғарбии пойтахт борони гулулаҳо ба фарқи замин мерехт. Ёд дорам, ҳар боре, ки тири тӯпе наздики бинои мо метаркид, сокинон, хосса кӯдакони ҳаросон гирёну фарёдзанон рӯйи зинаҳои даромадгоҳ бо таҳлука тозон, худро ба таҳхона мезаданд. Доду ғиреви хурду калон то дергоҳ аз қаъри бино ба гӯш мерасид. Дили мани наврас ҳар бор ба ларза меомаду аз рӯйи ғариза мехостам худро дунболи онҳо ба таҳхона расонам. Ба чеҳраҳои сарду ғамангези модару хоҳарбузург ва бародаронам нигариста, ёрои аз дар берун шудан надоштам. Он айём аз ошёнаи сеюм боре ҳам ба таҳхонаи сарду пурнам пойин нашуда будам.

Боре гулулае дар масофаи начандон дур аз хонаи мо афтид. Аз такони сахт хаёлам, ки бино фурӯ мерезад. Шишаҳои равзанаҳои айвони хона ҳамагӣ пора-пора шуда, бо садои дилхарош даруну беруни иморат рехтанд. Мо ҷисмҳои чун барги зарди тирамоҳӣ ларзони худро ба фарши хона парчин кардем, то тири дайдуе сару тан нашикофад. Гаваккашон аз тирезачаи айвон сар боло кардам, то бубинам, ки дар поин чӣ мегузарад. Аҷабо, ба сӯйи ҳам тир кушодани одамон ва пушти дарахтон панаҳ бурдани онҳоро танҳо дар филмҳо ёд дорам. Чанд мард либоси низомӣ ба бар аз паси дарахтони чанор сӯи ҳам тир мепарронданд. Дидаму садо дар гулуям ях баст, нафас дарун афтид, дасту поям сард ва беҳис гардиданд…

Дар пайи ҷанг гуруснагӣ ҳам даррасид. Падарам Маҳмадшариф Ашӯров, сардори сехи обтаъминкунии Комбинати абрешими шаҳри Душанбе, ки шаҳсутуни хонадон ва қиблаи мо, фарзандон буд, пеши тақдир ночору музтар монд. Рӯзҳои ноамну бесуботӣ ҳамоно раҳи кор мегирифт, то қути лоямуте барои ҳашт фарзанд орад. Бе маош, ҳадди ақал мекӯшид, ки дасти холӣ барнагардад. Халтаи сиёҳи латтагии обногузаре дошт ва аз нонпазхонаи коргоҳ дар он хамири расида меовард. Савори автобус аз фурудгоҳ ба зистгоҳ мерасиду хамир аз кунҷҳои халта ба берун сар мезад. Дарҳол нон пухта, гуруснагӣ мешикастем. Боре ӯ бо ду бародари бузургам аробае ба даст то фурудгоҳ пиёда раҳ гирифт, то чанд халта орди дарёфткардаашро ба хона орад. Садои тиру туфанг аз дуру наздик ба гӯш мерасид. Ҳаросону парешон ҳар дақиқа сар ба кӯчаи боронӣ мекардам, ки омаданашонро бубинам. Хаёлам, ки дақиқаҳо соатҳо тул кашиданд. Тапиши қалбам сония ба сония меафзуд. Ба зеҳни кӯчак ҳазорҳо андешаи мағшуш меомад, гӯиё пайвандонам аз тири нохалафе сар ба замини сард ниҳодаанд. Таваллои мани хурдакак назди Офаридгор беохир буд…

Чӣ суруру шодмонӣ доштам, вақте дидам, ки ҳар се бо аробаи пур аз халтаҳои орд сӯйи даромадгоҳи бино меоянд. Аз ин баъд навбатпоиҳои шабонарӯзӣ барои дарёфти нон моро дар пеш буд. Пули зиёду мағозаҳои холӣ, яъсу ноумедӣ…

Мешунидам, ки ҷавонону мардҳо дар пайи дарёфти ризқу рӯзӣ туъмаи пайкони нохалафон мешуданд. Тасмиме гирифтам, ки бояд навбати шабонгаҳиро барои дарёфти нон ба уҳда гирам, то падару бародаронам осебе набинанд. Бо андешае, ки ҳар лаҳза азизонам метавонистанд қурбон шаванд, дилам таҳ мекашиду вуҷудамро ларза мепечид. Соатҳои 12 – 1-и шаб чӣ гуна бе соати зангдор бедор мешудам, то ҳол бароям муаммост.

Шабҳои зимистони сард либоси гарм ба бару пул дар ҷайб раҳ сӯйи мағоза мегирифтам. Он тақрибан дар масофаи 200 метр дур аз манзили мо воқеъ буд. Ҳар рӯз назди мағоза ҳамагӣ 5 – 6 нафар кампиракони русро медидам, ки барои дастрас кардани ду нон (хлеб)-и меъёрӣ то саҳар навбат мепоиданд. Аз ғояти сардӣ карахт, калонсолон ба ҷустуҷӯи ҳезум мепардохтанд ва аз куҷое чархҳои куҳнаи мошинро пайдо карда, гулхан меафрӯхтанд. Гирди он нишаста, ҳамагӣ даст сӯйи оташ мебурдему гарм мешудем ва чӣ парво доштем, ки дуди ғализи он сару тани моро сиёҳу бадбӯ мекунад.

Наздики сапедадам мошини нонкашонӣ паҳлуи дари мағоза таваққуф мекарду нонҳоро ба дарун мефароварданд. Соати 8-и субҳ тирезачаи чӯбии начандон бузурге боз мешуду зани мардсифате бо садои марғуладор садо дармедод, ки ҳама навбат истанд. Бо сафед шудани торикӣ хоҳари бузургу бародаронам омада, пушти ман навбат меистоданд ва қатори одам то ба 40 метр мерасид. Баъдан ҳар куҷо хабаре мешунидем, ки мошини ноне омадааст, бо хоҳару бародаронам он сӯ мешитофтему рӯзе то 10 – 12 нон дарёфт мекардем. Бо хоҳиши падар модарам аз матои сахти брезентӣ чанд халта дӯхт ва нонҳои боқимондаро дар тафдон хушк карда, даруни онҳо пур мекардем. Баъди адои нонҳои хушк, ёд дорам, ки мағзпораҳои онро аз таги халтаҳову дас­тархон таконда, ба даҳон мебурдам, аз гуруснагӣ беҳолу бемадор, раҳи бародари бузургамро мепоидам, ки аз савдои ҷиҳози хона кош ноне орад.

Барои тасвири уқубати он овон қалам оҷиз аст. Қиблагоҳи шабеҳи асилзодагон ботамкину масъулиятшиносам ғаму ғуссаи ҷангу фақрро таҳаммул накард ва дучори беморие гардид, ки тулонӣ буду дардафзо. Модари бечора ҳам парастори ҳамсари бемор буду ҳам рӯзиовари хонавода. Овони бачагии ман олудаи дарду камиву костӣ ва изтиробу ҳаяҷон аз фардои норӯшан буд… Тугмаҳои компютерро сабуку бошитоб пахш мекунаму марзи баҳори 43-ро убур карда, аз ошёнаи 10-уми маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ба берун менигарам. Дарёи Душанбе равон, рӯйи пулу зери он мошинҳои муосир, таксиҳои бешумори сабзу зебо дар шитоб, биноҳои хуштарҳи маркази шаҳр, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри миллат, бинои Парлумони мамлакат, Парчами бузурги парафшони он, кӯҳҳои пушти иморатҳои қашанг бовиқор сар ба афлок кашида, осмони нилгуну ҷо-ҷо абрҳои чун пари қу сабуксайрро мебинам. Ҷону руҳ ором, дилам ором аст. Ҳар ҷо садои ханда, суҳбатҳо гарм, кӯчаҳо пуродам, осмон соф, оромӣ ҳукмфармо, амният таъмин…

Фарзандонамро ба оғӯш мегираму бӯйи онҳоро мешамам, рухсораҳои махмалину арғувониашонро беохир мебӯсам, ба мӯйҳои онҳо шона мезанам, либоси гарму зеборо ба танашон мепӯшонам, ғизои гарму лазизро бо онҳо мебинам ва бо дили пур ба дабистон мегуселонам, зеро медонам, ки имрӯз мо поси шаб ё рӯз метавонем озод по ба берун ниҳем, сӯйи коргоҳ шитобем, кӯдакистон, мактаб, бозор, сайргоҳ ва даҳҳо ҷойи дигар.

 Баракати зиндагии мо аз тавонмандии нафаре маншаъ мегирад, ки бо ғайрати ҳайратовар тирагии рӯзгори моро рӯшан, комҳои талхро ширин, дилҳои пажмурдаро зинда сохта, парвози баландро дар арсаи ҷаҳон ба фарзандони миллат омӯзондааст. Зиҳӣ, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон