БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бурди калон аз лотерея

Аз ҳар боб

Зани таиландӣ, ки кӯчарӯб буд, бо шарофати фурӯшандаи лотерея, ки зиёд хоҳиш кард, то чиптаи у  бихарад, маблағи калонро ба даст овард.  Сомсонг Сингсаи 56-сола аз музофоти Сисакет беш аз 40 сол боз кӯчаҳоро тамиз менамояд.  Рӯзе  ҳангоми танаффуси нисфирузӣ  фурӯшандае ба наздаш омад ва хоҳиш кард, ки аз ӯ ду билети лотерея харад. Дар аввал Сингса рад кард, аммо пас аз илтиҷои зиёди фурӯшанда аз ӯ лотерея харид.

  Пас аз чанд вақт келини ин зан натиҷаи қуръакаширо тафтиш кард ва фаҳмид, ки ӯ 12 миллион бат (346,430.32 доллари амрикоӣ) ба  даст овардааст. Ин хушхабар боиси вокуниши шадиди хешовандони Сингса гардид. Сингса гуфт, ки ҷоизаи пулӣ барои  ҳарчи  зудтар ба нафақа баромаданаш кумак мекунад.  Вай нақша дорад, ки бурди худро бо оилааш дида, инчунин барои пардохти қарзҳо ва кумак ба ҷамоатҳои  динӣ истифода барад.

                                                                                               Таҳияи Мадина

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 34)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон