БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гуфтугуи завҷаи Черчилл бо кӯчарӯб

Аз ҳар боб

Як бегоҳ собиқ сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл бо завҷааш тасмим гирифт, ки атрофи Лондон сайругашт намоянд. Ҳангоме, ки онҳо аз назди яке аз ҳавлиҳои шаҳр мегузаштанд, ба наздашон кӯчарӯбе омада, бо ҳамсари Черчилл ба суҳбат пардохт. Сарвазир дар тааҷҷуб афтод, ки чаро ин мард на бо ӯ, балки ба бонуи вай муроҷиат кард.

 Аз ҳамсараш сабаб пурсид. Посух шунид, ки дар солҳои ҷавониаш он мард ба вай ошиқ будааст. Черчилл гуфт: “Агар бо ӯ издивоҷ мекардӣ, ҳоло завҷаи фаррош мешудӣ”.

Дар посух ҳамсараш гуфт: “На, агар ман бо ӯ издивоҷ мекардам, ӯ сарвазир мешуд”.

                                                                                                  Таҳияи Мадина

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон