Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Афрӯзандагони чароғи хонадон
Аз ҳар бобШуруъ аз соли 2008 дар Федератсияи Россия чун хабарнигори махсуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии То ҷикистон, ма ҷаллаи «Бонувони То ҷикистон», хабарнигори аккредитатсионии АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия фаъолият дорам. Дар ин муддат қариб ба ҳама гӯшаву канори Россия сафар кардаам. То ҷикони бурунмарзӣ ба Ватан, ба сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳр доранд. Ба арзишҳои милливу ватанӣ содиқанд.
Ҳамагон шоҳидем, ки солҳои 1990 - 1997 дар мамлакат нооромӣ буд. Ҷанги таҳмилӣ диёрро аз пешравию шукуфоӣ боздошта, риштаи ҳаёти садҳо ҷавонмардонеро, ки имрӯзҳо метавонистанд дар рушди иқтисодиёти То ҷикистони азиз саҳмгузор бошанд, гусаст…
Бо вуҷуди хатари ҷиддӣ, сафари таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Аф ғонистон барои баргардондани гурезаҳо набояд фаромӯш созем.
Соли 1997 дар Москва, баъди чандин вохӯриҳои ду ҷониба дар кишварҳои гуногун, ба бахти мардуми то ҷик Созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ имзо гардид…
Шукргузор аз он бошем, ки маҳз бо фазилати беҳамтои Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанг ба сулҳ, ноободиҳо ба ободиҳо табдил ёфтанд…
Гоҳе, ки ҳамчун рӯзноманигор, миёни ҳамватанон дар Россия фаъолият мебарам, ҳар ҷое, ки мерафтам, мекӯшидам бо занони муваффақи то ҷик, кадбонувон, модарони огоҳ вохӯрам. Кам нестанд заноне, ки барои некуаҳволии хонавода баробари мардон заҳмат мекашанд ва бархе номзади илму доктор, табиб, муҳандис, ронанда, корманди ҳарбӣ ва ғайраанд.
Дар шаҳри Иркутск бо Гулнисо ном зане, ки бо шавҳараш корманди ҳарбӣ буда, фарзандони онҳо низ роҳи волидонро интихоб кардаанд, вохӯрдам. Ӯ мошини калони боркаши қисми ҳарбиеро меронд. Дар зистгоҳаш дутор ба даст гирифту дар васфи Ватан суруди дилнишине сароид. Тобистоне Гулнисо ба То ҷикистон омаду ба чашми сар бовар накард, ки зодгоҳаш чунин рушд кардааст. Шукри ваҳдату амонӣ ва гулгулшукуфоӣ кард.
Дар шаҳри Хабаровск Моҳтоб Ғафурова - раиси то ҷикони «Шарқи Дур» бо меҳри беандоза ба Ватан самимона иброз дошт: «Агар мо аз чунин Ватан, хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат ношукрӣ кунем, кӯр мешавем. Ҳар ку ҷое бошем, заррае ҳам бошад, саҳми худро дар муаррифии Ватан ва расму оинҳои миллӣ гузорем». Вай пайваста дар чорабиниҳои сатҳи баланди Шарқи Дур бо намоишҳои либоси миллии то ҷикӣ, шеърхониҳои дониш ҷӯёну хонандагон бо забони то ҷикӣ, бо намоишҳои расму мусаввараҳо аз табиату мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии Ватан ширкат карда, ҳамагонро бо фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва табиати зебои То ҷикистон ошно месозад.
Моҳбону Маҳкамова роҳбарии ду коргоҳи калонро, ки ба таъмини марказҳои бузурги савдои шаҳри Новосибирск бо кабудиву сабзавот масруф аст, бар дӯш дорад. Инчунин, дар маркази ин шаҳр хонаи бузурге сохтаанд, то ҳар як ҳамватанони мо, ки ба Новосибирску гирду атрофи он меоянд, бо меҳмонхонаи ройгон таъмин бошанд. Онҳо оилавӣ дар шаҳри Новосибирск маскунанд, вале ҳамеша мекӯшанд, ки барои ободии Ватан ёрӣ расонанд.
Мастибегим Ошурбекова, зодаи ноҳияи Ишкошим, ки дар шаҳри Екатеринбург роҳбарии ҷамъияти то ҷикон «Дидор»-ро бар дӯш дорад, суханони падарашро ба ёд меорад, ки гуфтааст: «Моро, халқи моро Худо дӯст медоштааст, ки фарзонамард муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мо интихоб гардид. Ақлу фаросати инсонӣ мебояд, то ба он тарафи дарё нигарему бинем, ки дар ҳамсоякишвар чӣ даҳшат ҳукмфармост. Агар касе аз ин диёру аз ин Роҳбари одилу ободкор ношукрӣ кунад, намак мезанад, зеро амонии Ватан давлати бебаҳост.»
Дар Россия бо шахсиятҳои гуногун, ки бо сафарҳои корӣ ва саёҳат ба Тоҷикистон омадаанду рушду тараққиёт, некдиливу меҳмоннавозии мардуми то ҷикро дидаанд, ҳамсуҳбат шудаам. Вақте дигар миллатҳо бо эҳтироми хоссаву миннатдорӣ аз то ҷикон мегӯянд, дил аз шодӣ лабрез мегардад.
«Тоҷикон на танҳо мардуми зебо, балки покизарӯзгору меҳнатдӯст ва ниҳоят меҳмоннавозанд. Шаҳри Душанбе ва умуман То ҷикистон, зебову назаррабо гаштааст», -
гуфтанд боре соҳибкорон Никита Артёмов ва Александр Николаев, ки аз Сибир дар Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии То ҷикистон ширкат доштанд.
Кӯҳҳои сарбафалак, манзараҳои дилфиреб, меваҳои шакарин, пазироии гарму самимона, фазои озоду пур аз муҳаббат писанди меҳмонони рус гардид. Вақте ки онҳо бо роҳбаладии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии То ҷикистон ба мавзеъҳои таърихии Варзобу Айниву Истаравшану Пан ҷакенту Хуҷанд сафар мекарданд, нону намак ва самимияти то ҷиконаро дида, андешаҳояшон билкул дар бораи мардуми То ҷикистон дигар мегардиду бештар мехостанд дар Тоҷикистон бо корхонаҳои истеҳсоливу соҳибкорони инфиродӣ шартномаҳои дутарафа банданд.
Бо Татяна Александровна дар Красноярск вохӯрдам. Дар Қазон зиндагӣ мекарду мураббии намуди шиноварӣ буд. Худ зодаи шаҳри Душанбе, солҳои нобасомонӣ дар ҷавониаш бо аҳли хонавода ба Қазон кӯчид. Вақте барои ширкат дар мусобиқае омад, дар фестивали «Сайри лола»-и ҳамватанон иштирок намуд ва бо меҳри беандоза гуфт: «Ман наметавонам ягон лаҳза То ҷикистонро, Душанбеи азизро, мардуми бениҳоят меҳмоннавозу дастбахайри То ҷикистонро фаромӯш созам.» Инро гуфту ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Ӯро ба бар кашидаму гуфтам, ки о ғӯши То ҷикистон ҳамеша барои шумо боз аст. Бисёр шод шуд ва, хушбахтона, баъди чанд муддат мо боз дар шаҳри Душанбе вохӯрдем.
Дар шароите ки дар саросари олам нобасомониҳост, ҳар яки моро мебояд дуруст андеша ронем, ки абармарди замон – Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзонафарзанди Ватан Рустами Эмомалӣ, ки шабу рӯз дар пайи пешрафти ватананд, То ҷикистонро ба диёри гулборону покиза, мулке, ки ҳар соати нимишабӣ амн асту ором, табдил додаанд, - мегӯяд дотсент Муаззама Аҳмадова, устоди Донишгоҳи давлатии Москва.
Ба чеҳраҳои аз табассуми самимиву хушбахтонаи ҳамсуҳбатонам нигариста, аз он мефахрам, ки бонувони то ҷики мо чун инсонҳои покизарӯзгору ободкору намакпосдор, дар ҳар ку ҷо афрӯзандаи чаро ғи хонадон ва давомдиҳандаи насли ободкору бошарафи миллатанд. Зеро маҳз бонувони боиффату покизарӯзгору бошарофат метавонанд барои миллату Ватан насли солиму созандаву некномро ба дунё оранду тарбияи нек диҳанд, то ки миллат бобақову ҷовид бошад.
Садбарг БОҚИЕВА,
хабарнигори махсуси «БТ»
дар Федератсияи Россия,
Москва – Хабаровск – Новосибирск - Душанбе