БОЙГОНӢ
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонувони пиряхшинос
Аз ҳар боб14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард. Иқдом аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз тарафи намояндагони 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Садо додани ташаббус аз ҷониби Президенти як давлате, ки 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро дар ихтиёр дораду шояд камбуди обро дар сайёра охиртар аз ҳама таҷриба намояд, таваҷҷуҳро ба мавзуъ бештар ва масъаларо ҷиддӣ ба чолиш кашид. Мавзуи ҳифз ва нигоҳдошти пиряхҳо, ки манбаи аслии оби тоза маҳсуб меёбанд, дар конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланд мавриди баррасиву омӯзиш қарор гирифт. Тоҷикистон аз соли 2018 мизбони ҳамоишу чорабиниҳои зиёди сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои марбут ба об гашт.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ташаббус дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ду ташаббус оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Маҳз ҳамин масъала моро ба суроғи муҳаққиқони пиряхҳо ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бурд, ки дар баробари мардон бонувон низ дар ин самти муҳими илм заҳмат мекашанд.
Боиси ёдоварист, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 таъсис ёфта, масъалаҳои вобаста ба пиряхҳоро аз назари илмӣ-бунёдӣ таҳқиқ ва дастовардҳои илмии кишварро дар самти омӯзиши криосфера муаррифӣ менамояд.
Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо 14 бонуи ҷавон бо роҳбарии олимони соҳа дар самти омӯзишу пажӯҳиши пиряхҳои Тоҷикистон камар бастаанд. Бонувони Марказ, Анҷумани «Занони пиряхшинос»-ро таъсис дода, фаъолияти илмии худро муаррифӣ, натиҷаҳоро баррасӣ ва мушкилоти соҳаро муҳокима менамоянд. Ташрифи мо низ маҳз ба ҷаласаи навбатии Анҷумани «Бонувони пиряхшинос» рост омад.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, барои ташаккулёбии равандҳои глятсиологӣ ниҳоят мувофиқ мебошад. Қисми зиёди пиряхҳои мо дар қаторкӯҳи Помиру Олой, Ванҷу Язгулом, Ҳисору Қаротегин ва Зарафшон ҷойгиранд. Танҳо дар нимсолаи дуюми соли 2024 олимони «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» 3 экспедитсияи байналмилалии илмӣ – тадқиқотиро дар пиряхҳои ҳудуди ноҳияҳои Мурғоб, Лахш ва худи пиряхи овозадори Ванҷях (Федченко) гузаронда, шароитҳои иқлимии пиряхҳоро андозагирӣ ва барои таҳлили илмӣ маводи саҳроӣ ва намунаҳо ҷамъ оварданд, - бо қаноатмандӣ изҳор намуд бонуи пиряхшинос Мунзифа Давлатзода.
Мунзифабону ҳамчун ходими илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба омӯзиш ва таҳқиқи 291 пиряхи ҳавзаи дарёи Ванҷ машғул аст. Барои омӯзиши вазъ ва арзёбии пиряхҳо ӯ аз усулҳои зондиронии фосилавӣ, коркарди тасвирҳои моҳвораӣ, инчунин, корҳои саҳроии экспедитсионӣ истифода менамояд. Хуб медонад, ки дар ҳар пиряхи таҳти назараш чӣ иттифоқ меафтад ва он то чӣ андоза об шудаасту то куҷо ҳаракат кардааст. Аз рӯи натиҷаи таҳлилҳояш иброз медорад, ки аз соли 1994 то 2024, 35 дарсади пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, дар зерҳавзаи дарёи Арнавад то соли 2023 масоҳати ин пиряхҳо ба андозаи 23 дарсад об шудаанд.
Бо роҳнамоии Ҳукумати кишвар ва дастгириҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доираи фаъолият ва ҳамкориҳои Маркази омӯзиши пиряхҳо то рафт васеъ мегардад. Аз ҷумла, Марказ бо 30 донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкориро роҳандозӣ намуда, барои дарёфти маълумоти бакалавр, магистр ва докторантура замина фароҳам овардааст.
Мавзуи кори илмии бонуи пажӯҳишгар Адлинисо Боқизода, ба пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон рабт дорад. Мавзуи таҳқиқаш 36 пиряхи мавҷудаи ҳавзаро дар бар мегирад, ки калонтаринаш пиряхҳои «Шахи сафед»- бо дарозии 16 километр ва «Дихадан» бо дарозии 9 километр мебошанд. Онҳо дар болооби дарёи Зарафшон, ҷойгиранд.
Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон нисбат ба дигар минтақаҳо обшавии пиряхҳо зиёдтар мушоҳида мешавад, - бо таассуф мегӯяд Адлинисо ва суханашро асоснок мекунад: - Агар соли 2000 ба ду пора тақсим шудани пиряхи «Шахи сафед»-ро мушоҳида карда бошем, дар соли 2023 он ба панҷ пора тақсим шуд. Агар соли 2000 дар ин ҳавза 38 пирях ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2023 ин шумора ба ҳадди 33 адад поён омад. Обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо хатарнок ва боиси сар задани офатҳои табиӣ мегардад.
Сабаби аслии обшавии пиряхҳо зиёд шудани корхонаҳои ихроҷкунандаи гази карбон дар сайёра аст. Тоҷикистон дар рӯйхати ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон дар ҷойи 153 меистад, яъне кишвари мо ба иқлиму табиати сайёра қариб, ки таъсири манфӣ намерасонад. Як роҳи воқеии пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо, ин зиёд намудани майдони арчазор дар гирду атрофи кӯҳҳои пиряхӣ дониста мешавад.
Ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки танҳо як кишвар пеши роҳи обшавии пиряхҳоро гирифта наметавонад. Ин кори умумибашарист, - ба суҳбати мо ҳамроҳ мешавад Хатича Саидзода, муҳаққиқи ҳавзаи дарёи Обихингоби минтақаи Сангвор.
Агар ҳамкорон аз обшавии пиряхҳо дар ҳарос бошанд, Хатича, баръакс аз равандҳои ташаккулёбанда дар 118 пиряхи набзӣ, яъне пиряхҳои ҳаракаткунанда нигарон аст. Пиряхҳои самти омӯзишаш аз рӯи хусусиятҳои метеорологӣ бо зиёд шудани захира дар қисми ғизогирӣ ба ҳаракат даромада, метавонад барои аҳолӣ ва минтақаҳои водӣ хатар эҷод созад. Олимон муайян кардаанд, ки пиряхҳои набзии Тоҷикистон дар фосилаҳои панҷ, даҳ ва бист сол як маротиба ба ҷунбиш меоянд. Пиряхҳои «Гармо», «Дарафе», «Зеризамин» ва «Саид Нафисӣ» («Баралмос») аз ин қабиланд.
Пиряхи «Саид Нафисӣ» аз хатарноктарин пиряхи ҳавзаи Обихингоб ба шумор меравад, ки соле як маротиба сабабгори ҷоришавии сели азим дар водии Рашт мегардад. Пиряхи хатарноки дигари Тоҷикистон, пиряхи «Хирсон» дар ҳавзаи дарёи Ванҷ мебошад, ки соли 1963 ҳангоми ҳаракат аз тарафи чапи пирях кӯл ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷаи кандашавии он 16,8 млн метри мукааб об ҷорӣ гардида, ҷараёни селии азимро бавуҷуд овард ва сабаби хисороти бузурги моливу ҷонӣ гашт. Олимон бевосита аз пиряхи «Хирсон» дидан карда, пешгӯӣ мекунанд, ки он баъди 10 сол боз ба ҳаракат медарояд. Воқеан, ҳаракати навбатии «Хирсон» соли 1973 иттифоқ афтод. Пас аз ин, дар таҳқиқотҳои фосилавӣ, бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ, олимон муайян мекунанд, ки пирях то соли 1989 дигар ҳаракат намекунад. Дақиқан, соли 1989 пирях боз ба ҳаракат даромад, хушбахтона, бе хисороту зарар. Аз соли 2011 то имрӯз, бо сабаби камии боришот, дар «Хирсон» дигар ҳаракат ба қайд гирифта нашуд, - мегӯяд Хатича Саидзода.
Дар хусуси пиряхҳои набзӣ ё ҳаракаткунанда, олимони давлатҳои Чин, Непал, Ҳиндустон, Шветсария, ИМА, Россия тадқиқотҳои зиёде анҷом дода бошанд ҳам, Хатича Саидзода аввалин муҳаққиқзани тоҷик аст, ки ба омӯзишу таҳқиқи ин навъи пиряхҳо даст задааст.
Бо баробари фаро расидани мавсими гармо, бонувони пиряхшинос ба кӯҳҳо ба тадқиқоти саҳроӣ мебароянд ва то анҷоми мавсим банди корҳои илмӣ мешаванд. Имсол бонувон дар экспедитсияҳои ҳавзаи кӯли «Қаракӯл», ҳавзаи дарёи «Ғунд», дарёи Оқсу - пиряхи «Қизилсу», ҳавзаи дарёи Сурхоб - пиряхи «Баралмос» ширкати фаъол доштанд. Одатан, таҳқиқотҳои саҳроӣ 15–20 рӯз идома меёбад.
Барои Адолат Давлатова, ходими илмии Маркази ҳифзи пиряхҳо, мавсими имсолаи корҳои саҳроӣ арзиши махсус дорад. Ӯ дар рафти экспедитсияи пиряхи «Қизилсу»-и ҳавзаи дарёи Оқсу фаъолона иштирок карду пажӯҳиши хосеро анҷом дод.
Соли ҷорӣ бо динамикаи пиряхи «Саид Нафисӣ» ва «Қизилсу» аз наздик шинос шудам. Одатан, беруни пиряхҳои азим бо қабати «морена» пӯшида мешавад ва дар натиҷаи ҳаракати «морена»-ҳо дар танаи пирях ва атрофи он кӯлҳои зиёди пиряхӣ ба вуҷуд меоянд. Танҳо дар соли 2023 кӯлҳои пиряхии «Саид Нафисӣ» панҷ маротиба рахна шуданду боиси сар задани офати табиӣ ва омадани селу боришот гаштанд. Дар назди ин пирях 6 кӯли нави хавфнок пайдо шудааст. Хушбахтона, аз рӯи мушоҳидаҳоям вазъ дар «Қизилсу» нисбат ба пиряхи «Саид Нафисӣ» ором аст, - бо боварӣ мегӯяд Адолат Давлатова.
Илми омӯзиши пиряхҳоро глятсиология меноманд. Барои омода намудани глятсиологҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси гидрология ва пиряхшиносӣ таъсис дода шудааст, ки ҷавононро ба таълим фаро гирифта, мутахассисони соҳаро омода менамояд.
Воқеан, таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, шавқмандии бонувонро ба омӯзиши ин касб зиёду пиряхшиносиро ба касби замонавӣ бадал сохт.
Имрӯз, вақте бонувон дар баландиҳои то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр омӯзишу пажӯҳиш анҷом дода, аз минбарҳои дохилу хориҷ дар хусуси дастовардҳои илмиву амалиашон ҳарф мезананд ва бо ин васила илми тоҷикро то баландии қуллаҳои осмонбӯси Ватан мерасонанд, кафкӯбиҳои бардавоми аҳли толор сақфро мешикофад. Офарин, бонувони пиряхшинос!
Гулноза БОБОМУРОДОВА