БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Омор ҳам ҷолиб аст, вақте касб дӯстдоштанист

Аз ҳар боб

Бобати ин мавзуъ суҳбате доштем бо муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи саноат, сохтмон, методологияи баҳисобгирии оморӣ ва барӯйхатгирии аҳолӣ Зарина Назарзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Фаъолият дар соҳаи омор дар назар кори басо дилгир менамояд. Ин таассурот то чӣ андоза саҳеҳ аст?

- Вақте шахс касберо интихоб мекунад, бояд онро сидқан дӯст дорад, зеро пешаи дӯстдошта ба руҳу ҷони кас таскин мебахшад ва ҷомеа низ аз он суди бештаре мебинад. Омор, чун касби дӯстдошта, бароям соҳаи ниҳоят шавқовар аст. Дилгирие надорад, чун аз нозукиҳои касб бархӯрдорам.

Ҷамъоварии нишондиҳандаҳои оморӣ то чӣ андоза босифат анҷом меёбад?

- Дар асоси дастури роҳбарияти Агентии омори ҷумҳурӣ ҷиҳати пешниҳоди дурусти маълумоти омории ҳамаи соҳаҳо санҷиши фаъолияти мақомоти омори маҳаллӣ, раванди ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти маълумотҳои аввалия, гузарондани таҳқиқотҳои оморӣ, сатҳи дониши кормандон дар самти донистани методологияи ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ, тарзи дурусти таҳияи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар корҳои ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузоршуда ислоҳот гузаронда шуда, дар ин самт гурӯҳи корӣ низ таъсис дода шудааст.

Киҳо асосан маълумотҳои омориро пешниҳод менамоянд?

- Маълумотҳо аз се самт ҷамъоварӣ мегарданд: аз соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва самти савум ҷамъоварии маълумотҳо бо усули тадқиқот. Масалан, шахсони ҳуқуқӣ корхонаҳое мебошанд, ки дар равзанаи ягонаи андоз ба қайд гирифта шудаанд ва ҳисоботсупорандаи расмӣ маҳсуб меёбанд, ки маълумотро ба Агентӣ, ба таври моҳона, семоҳа ва солона пешниҳод менамоянд.

 Кормандони Агентӣ барои муайян намудани дақиқияти омори пешниҳодшуда санҷиш мегузаронанд?

- Бале, масалан, дар соҳаи саноат аз 1 то 5-уми ҳар моҳ ҳисоботҳои электронӣ ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд. Аз 1 то 3-юми ҳар моҳ ҳуҷраи шахсӣ фаъолият менамояд, ки шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҳисоботи худро аз ҳуҷраи шахсӣ пешниҳод месозанд ва ба дақиқияти он худ ҷавобгаранд. Дар мақомоти маҳаллӣ баъзан мушкилиҳое ҷой доранд, ки бо сабаби набудани барқ, мутахассис, ё кор бо техникаву технологияи нав сари вақт наметавонанд маълумоти омориро пешкаш намоянд. Аз ин рӯ, онҳо омада, аз портали худи Агентӣ маълумотро пешниҳод месозанд. Дар ин маврид корманди Агентӣ ҳисоботи аввалияи ҳамон коргоҳро тафтиш ва санҷида, бо моҳу соли гузашта муқоиса менамояд ва ба барномаи портали Агентӣ пешниҳод мекунад.

 Масъалаи ҷамъоварии саривақтии маълумоти оморӣ то куҷо ҳалли худро ёфтааст?

- Аз оғози солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар соҳаи омор ба таври дастӣ сурат мегирифт. Сифати пасти алоқаи телефонӣ ва почтаи муқаррарӣ боис мегардид, ки аз мақомоти маҳаллии омор маълумотҳо бо таъхир дастрас шаванд. Дар он давра, масъалаи компютеркунонӣ ва бо дастгоҳҳои нусхабардорӣ таъмин намудани мақомоти маҳаллии омор дар кишвар бисёр муҳим буд, зеро то соли 2002 асосан аз таҷҳизоти замони шуравӣ истифода мешуд. Ҳоло бошад, мақомоти омори Тоҷикистон бо компютерҳои муосир, технологияҳои нави иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки қабул, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ сари¬вақтӣ сурат мегирад.

Имрӯз қариб ҳамаи шаклҳои ҳисоботи оморӣ бо усули электронӣ ба роҳ монда шуда, дар самти пешниҳоди ҳисоботи электронии ҳамаи соҳаҳо марҳала ба марҳала дар соли 2024 иҷрои корҳо идома дорад. Қаблан барои таъмини корхонаву ташкилот ва муассисаҳои кишвар бо варақаҳои шаклҳои ҳисоботи оморӣ зарур меомад, ки беш аз 1,5 миллион варақа чоп кунем. Гузаштан ба ҳисоботи электронӣ сарбории ҳисоботсупорандагонро кам намуда, дар сарфа шудани маблағҳои буҷетӣ низ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ бо роҳи дар амалияи оморӣ ҷорӣ намудани таснифоте, ки бо муқаррароти байналмилалӣ ҳамоҳанг шудаанд, аз ҳадафҳои аслии барномаву стратегияҳои рушди бахши омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 Ғайр аз ҷамъоварии нишондиҳандаҳои оморӣ самтҳои дигари фаъолияти Агентӣ аз чӣ иборат аст?

- Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, демографию экологӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар, қабули қарор дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва сари вақт паҳн намудани маълумоти боэътимоди оморӣ бағоят муҳим аст. Аз ҷониби кормандони Агентӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт давра ба давра тадқиқотҳои моҳона, шашмоҳа ва солона гузаронда мешаванд. Масалан, дар соҳаи саноат ва истеҳсолот тули 1 сол ду маротиба – моҳҳои май ва ноябр ба таври пурсиш (анкета) тадқиқот бурда мешавад, ки дар он ному насаби соҳибкор, соҳаи саноат, миқдори истеҳсоли маҳсулот ва дигар маълумоти заруриро ҷамъоварӣ, таҳлил ва бо солу моҳи гузашта қиёс карда, омори ММД-ро муайян ва пешниҳод менамоем.

Барои гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҷумҳурӣ, ки ҳар 10-сола гузаронда мешавад, чанд нафар корманд ҷалб мегардад?

- Соли 2020 дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир шуд, ки беш аз 27000 корманди муваққатӣ аз ҳисоби донишҷӯён ва омӯзгорон ба кор ҷалб гардид, ки бо се усул – анъанавӣ (ҷавоб ба суолҳо дар коғаз), интернет-пурсиш, мустақилона пур кардани суолу ҷавобҳо дар сомонаи интернетӣ бо истифодаи планшет роҳандозӣ шуд. Дар барӯйхатгирӣ шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, синну соли ҷинсӣ, ҳолати ақди никоҳи аҳолӣ, ҳайати миллӣ, донистани забонҳо ва шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, миқдор ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ, фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, машғулият ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолии бошуғл, фонди манзил ва шароити манзили аҳолӣ, давомнокии сукунат дар ҷойи истиқомати доимӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, таваллуд ва фавти аҳолӣ, натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил нишон дода мешаванд.

То ба роҳбарӣ расидан кадом зинаҳоро паймудед ва дастгирии хонавода дар ин масир чӣ гуна буд?

- То соли 2006 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳисобдор будам. Ҳамон сол ҳамчун мутахассиси раёсати омори саноат ва сохтмони маркази кулли ҳисоббарории Агентӣ ба кор гузаштам. Баъди се сол ба сифати мутахассиси пешбар, аз соли 2010 сармутахассис ва аз соли 2013 то 2020 сардори раёсати омори саноат ва сохтмон, то моҳи марти соли 2023 сардори раёсати омори хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии аҳолӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ фаъолият бурдам.

Шукргузорам, ки дар оилаи хубу намунавӣ тарбия ёфтаам. Падарам омӯзгор, модарам ҳисобдор буданд. Ҳамаи мо, 4 фарзандро хононда, соҳибмаълумот гардонданд. Ба факултаи омори Техникуми омори шаҳри Ваҳдат дохил шуда, баъди ду сол онро бо дипломи сурх хатм намудам. Ният доштам, ки ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавам, аммо солҳои нобасомонӣ нақшаҳоям барбод рафт.

Оиладор шудам ва хонаводаи хушбахтеро дорам. Хусуру хушдоман ва ҳамсарам зиёд дастгиру мададгорам буданд. Шукр, ду писару ду духтар моро ато шуд ва вақте фарзанди чорумро ба дунё овардам, ҳамсарам маро барои идомаи таҳсил ташвиқ намуд. Ин буд, ки соли 2009 ба Донишгоҳи молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ дохил шуда, дар радифи фарзандонам соҳиби диплом гаштам. Хушбахтам, ки имрӯз занону духтарон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва аз шароити хуби фароҳамоварда ба мартабаҳои баланд ноил мегарданд.

Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон