БОЙГОНӢ
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Зарафшон»-и зарина
Аз ҳар бобДар маркази шаҳри Панҷакент бинои хуштарҳу замонавии чаҳорошёнае қомат афрохтааст, ки нишониашро аз ҳар гӯшаи дунё пайдо карда, ба остонаш меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ташриф меоранд. Ин гӯшаи ободу зебо, ки аз берун намоди замонавию аз дохил зеботарин намунаи меъмориву кандакории миллӣ дорад, меҳмонхонаи «Зарафшон» аст. Дар ошёнаи дуюми бино моро директор Зарина Бобокалонова интизор аст, ки аз мушкилот ва гирудорҳои зиндагӣ наҳаросида, бо дониш ва дасту дили хайрнисор, тавонист баҳри рушди маҳал саҳм бигирад.
Дар ибтидои оиладорӣ зодмандон – ҳар ду корманди давлатӣ, пасту баландиҳои зиёди зиндагиро паси сар карда буданд. Модар хазинадори бонку падар байтор. Онҳо лаҳзае қарор надоштанд, то зиндагии зебову шоистаро барои фарзандон муҳайё созанд. Шояд аз ин сабаб буд, ки мо низ мекӯшидем ҳамеша фаъол бошем. Дар дабистон аъло мехондему дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Панҷакент навозандагиву рақсиданро аз бар менамудем. Дар танаффус бо замин сарукор мегирифтем. Баъдан аз модар ҳунарҳои пазандагиву дӯзандагӣ, бофандагиву шероздӯзӣ меомӯхтем. Ростӣ, баъзан ба духтарчаҳое, ки дар кӯчаҳо даву тоз доштанд, ба ҳавас менигаристем, ки онҳо ғаме дар дилнадоранд. Мисли мо рӯзи дароз ҷувздонҳои гарон бар дӯш аз ин мактаб ба он мактаб намедаванду дастонашон захми сӯзану ришта ва хори заминро намебинанд, - бо самимият ба ёди даврони бачагӣ механдад, Зарина Бобокалонова, ки имрӯз яке аз соҳибкорони муваффақ дар шаҳри Панҷакент аст.
Мавсуф баъди хатми мактаби миёна соли 1997 ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дохил шуда, худи ҳамон сол ҳамчун ёрдамчии раиси шаҳри Панҷакент ба кор шуруъ намуд. Хушсуханиву ба дилҳо роҳ ёфтанаш ҳамагонро ба ҳайрат мегузошт. Дар вақтҳои холӣ шероз медӯхту бофандагӣ мекард. Тозакориву эҷодкории ӯ ба харидорони ҳунараш писанд меомад.
Руҳияе, ки моро волидон тарбият кардаанд, бароям орому қарор нишастанро иҷозат намедод. Аз корҳои иловагии даромаднок хушам меомад. Солҳои дар мақомот масъулият доштанам, дар аввали фасли баҳор пораи замини бекорхобидаи паси хонаро шудгор карда, ниҳолаки помидору тамоку мерӯёндам. Чаканафурӯшон ҳосилро аз сари замин мебурданду даромади ночизи он бароям азиз буд, - зикр намуд Зарина.
Ситораи бахти Заринабону дар фазои оилаи сернуфус дурахшид. Хонаводаи шавҳар ба ӯ нахустин мактаби меҳмонхонадорӣ гашт. Ҳамарӯза меҳмонони зиёдеро қабулу гусел мекарду барояшон ғизоҳои болаззат омода менамуд. Аз таҷрибаи зиёд кадбонуи моҳир гашту субҳи барвақт ҳам барои субҳона ва ҳам барои фурӯш санбӯсаҳои гӯштиву кадугӣ мепухт. Сарфи назар аз ташвишҳои зиндагидорӣ ба баровардани ниёзҳои моддии худ одат карда буд. Фоидаҳои бадастоварда орзуи пеш бурдани тиҷоратро дар дилаш туғён мебахшид.
Соли 2002 ба МИМҲД-и шаҳри Панҷакент муроҷиат намудам, то барои сохтани маркази хизматрасонӣ мусоидат кунанд. Соли 2004 дар маркази шаҳр се садяк замини холиро ҳуҷҷатгузорӣ карда, ба сохтмони бино шуруъ намудем. Ҳангоми қомат афрохтани бино дар қатори сохтмончиён худ низ коргари доимӣ будаму барояшон хӯроку нони гарм мепухтам. Ба ҳамин минвол соли 2009 сохтмони бино ба анҷом расид. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ошёнаи якумро, ки дар он дорухона ҷойгир буд, бо ширкати раиси вақти шаҳр ва меҳмонон аз маркази вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ ба истифода додем, - иброз медорад
З. Бобокалонова.
Бино бо намои зебо омода гашту соҳибкорбону тавонист ду ошёнаи аввалро мавриди истифода қарор диҳад. Дар ошёнаи дуюм фабрикаи дӯзандагиро ташкил намуд. Асосан либосҳои миллӣ ва мактабиро медӯхтанд ва дар як баст то 100 нафар бону бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гашт. Ошёнаҳои болоӣ ҳанӯз нообод, барои таъмир ва ташкили тиҷорат қувваю дастмояи бештар лозим буд. Бо ҳамсафари ҳаёташ азм кард, ки дар ошёнаи сеюм ва чоруми бино ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд созад, аммо соли 2014 дар фаъолияти соҳибкории Зарина Бобокалонова гардиши куллӣ ба вуҷуд омад.
Моҳи октябри соли 2014 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ширкат ва суханронӣ доштам. Сарвари хирадсолору ояндабин ва мардумнавоз моро барои ташкил намудани меҳмонхона дар маркази шаҳри Панҷакент раҳнамоӣ карданд. Ин пешниҳоди руҳбахши Президенти муҳтарами Тоҷикистон барои мо пару боли нав бахшид ва бо дасту дили гарм дар ташкили меҳмонхона дар ошёнаҳои болоӣ камари ҳиммат бастем, - мегӯяд бонуи соҳибкор.
Заринабону бо муҳаббати фаровон меҳмонхонаи худро «Зарафшон» ном гузошт. «Зарафшон»-и Зарина бо санъати меъмории миллӣ ва кандакории сақфи бино, гулҳои хушранги тубакӣ, озодагиву муҳити дилкаш ва муносибати самимии 20 нафар кормандону субҳонаи болаззат ва нархи дастрас дар муддати кӯтоҳ овозадор гашт. Тули 10 сол аст, ки то ҳудуди 60–70 нафар меҳмон дар ҳуҷраҳои бароҳати оилавӣ ва одии ду-се - нафара зиста, дар долонҳои кушоду барҳаво аз имконоти меҳмонхона баҳра мебаранд. Ҳуҷраҳо ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, меҳмонон аз хориҷи кишвар ҳуҷраҳоро тариқи онлайн ба иҷора мегиранд. «Зарафшон»-и Заринабону мисли рӯди Зарафшон дили меҳмонони нозукписанди Панҷакентро шодобиву тароват мебахшад.
Дар баробари фаъолияти соҳибкорӣ ҳамроҳ бо ҳамсафари ҳаёташ Заринабону тавонист зиндагии хурраму дилнишинро созмон диҳад. Фарзандонашро саводомӯзу ҳунарвар ба камол мерасонаду ба тарбияи шоистаи онҳо диққати махсус медиҳад. Дар ҳар лаҳзаи ҳаёт маъниву обуранги нав бахшиданро меписандад. Ҳарчанд ба намуди зоҳирӣ ва ороишоти сунъӣ камтар таваҷҷуҳ дорад, хонаву дар ва меҳмонхонаашро бо навтарину зеботарин шева пайваста такмил медиҳад.
Ҳамеша аз пайи тарбияи худ ҳастам. Аз он занҳое гиламандам, ки аз шароити хуб надоштан меноланд. Истироҳату фароғатро аз кор авлотар медонанд. Осоишу оромиш ва баракат дар зиндагиро ман дар гирди хони ҳамеша пурнозу неъмат, ки бо муҳаббат барои наздикон меороям, аз дуои неки хушдомани 97-солаву волидони азиз ва қаноатмандии шавҳару фарзандонам медонам, - меафзояд бо ифтихору қаноатмандӣ Заринабону.
Мафтуни ҚОСИМ,
Душанбе - Панҷакент - Душанбе