БОЙГОНӢ
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Олиҳаи занбӯриасалпарвар
Аз ҳар бобДар давраи мактабӣ миёни қуттиҳои занбӯри асал ба воя расидаву ба падари ронандааш дар парвариши шаҳдоварон мадад менамуд. Баъдтар масъулияти парвои 20 оилаи занбӯр бар зиммаи ӯ афтод. Сиҷоуддин, ҳамчунин, 10 оилаи дигарро, ки ба худаш мансуб буд, мепарварид.
Зиндагӣ маҷбур намуд, ки рӯ ба муҳоҷират оварад, ба Россия рафт. Хеле заҳмат кашид, вале беҳбудие надид. Ниҳоят, ба хулосае омад, ки ба Ватан баргардад ва пешаи падарро дубора эҳё намояд.
Соли 2015 ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Турсунзода 20 оилаи занбӯри асал харида, ҳамроҳи оилаам ба нигоҳубини он камар бастем. Дар соли аввал 500 кило асал гирифтем, теъдоди занбӯрҳо ба 48 оила расид, 10 оилаи онро ба ҳамсояҳо тақдим намудем, - бо хушнудӣ ёд меорад рӯзҳои аввали фаъолияташро Сиҷоуддин Сомиев.
Чун ҳама нозукиҳои парвариши занбӯри асалро аз падар омӯхта буд, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун занбӯрпарвари номдор дар ноҳияи Тоҷикобод шинохта шуд. Ба шарофати пеша зиндагиаш рӯ ба беҳбудӣ овард. Баҳри боз ҳам хубтару беҳтар равнақ додани соҳа тариқи шабакаи Интернет аз нозукиҳои занбӯрпарварӣ дар кишварҳои хориҷ низ дониш меомӯхт. Аз мутахассисони хориҷӣ огаҳӣ ёфт, ки занбӯри зоти олмонӣ ба боду ҳавои минтақаи Тоҷикобод мутобиқ буда, самараи хубе ба бор хоҳад овард. Ӯ думболи пайдо намудани ин навъи занбӯрҳо шуд ва аз вилояти Суғд 70 донаашро харид кард. Ҳоло 80 дарсади занбӯрҳояшро ҳамин навъ ташкил медиҳад. Аз як оилаи он аз 35 то 45 кг асал ба даст меоварад.
Ба бобои Сиҷоуддин ҳамсараш холаи Олиҳа низ ёрӣ мерасонад. Ҳар субҳи ӯ бо дуд андохтани занбӯрхонаҳову дору додани занбӯрҳо оғоз меёбад.
Баробари келин шуда ба ин хонадон омаданам, худро миёни қуттиҳои занбӯр дидаам. Чун падарам, ки занбӯрпарварӣ мекард, бароям ин пеша ошно буд. Ҳамроҳи хушдоманам якҷо занбӯронро парвариш менамудем. Чизеро, ки намефаҳмидам, аз хушдоманам мепурсидам. Ҳар ду мисли модару духтар будему занбӯрон гӯё фарзандонамон буданд. Монанди тифли навзод пайи нигоҳубинашон камар мебастем. Чунки занбӯрон ҳамин гуна парваришро талаб менамоянд, - мегӯяд холаи Олиҳа.
Ҳамроҳ бо ҳамсафари ҳаёташ аз субҳ то поси шаб миёни қуттиҳои занбӯр қадам мезананд. Яке ба тоза намудани қуттиҳо камар баста, дигаре баҳрашон ҳабҳои гуногун омода намуда медиҳад, то гирифтори беморие нагарданду талаф наёбанд.
Субҳ ба занбӯрон кислотаи шавел медиҳем. Кислотаи мазкур занбӯронро аз мубтало шудан ба ҳар гуна вирусу бемориҳо ҳимоят намуда, дар нест кардани кана нафъ дорад. Давоми 7 рӯз занбӯр бача мекунад ва бояд онро коркард намоем. Ҳар кадом қуттии занбӯроне, ки коркард карда мешаванд, дар дафтари алоҳидае навишта мешаванд, то ки фаромӯш нашавад. Пасон, мебинем, агар чаҳорчӯбаҳои қуттиҳоро нав кардан лозим ояд, онҳоро иваз менамоем. Рӯз то поси шаби мо бо ҳамин тарз сипарӣ мешавад, - иброз медорад холаи Олиҳа.
Алҳол, теъдоди занбӯрони бобои Сиҷоуддину холаи Олиҳа 70 оиларо ташкил дода, дар як сол то яку ним тонна асал ҷамъоварӣ менамоянд. Мавсими асалгирӣ дар як сол ду маротиба анҷом дода мешавад. Фасли аввали он моҳи июн ба охир расида, сипас, занбӯронро ба чарогоҳ мебаранд. Давоми ду моҳ ба парвариши он камар мебанданд. Мавсими навбатии ҷамъоварии асал дар охирҳои моҳи август анҷом дода мешавад.
Бобои Сиҷоуддин мегӯяд, ки ҳосили асал аз муҳити чарогоҳ ва боду ҳаво вобастагӣ дорад. Дар сурати сербориш омадани сол, асал низ кам мешавад. Ба хӯроки занбӯрон низ мебояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Дар фасли зимистон, ки гулу гиёҳҳо нест мешаванд, мебояд оруҳоро бо шакар таъмин намуд ва дар шароити гарм нигоҳубин кард.
Дар зимистон қуттии занбӯронро бо болопӯшҳои гарм маҳкам намуда, ҳарорати гармиро дар дараҷаи 38 градус нигоҳ медорем. Чунки онҳо мисли тифли навзод ҳастанд ва ба гармӣ ниёз доранд. Дар бештари маврид занбӯрпарварон ба ҳамин нозукиҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ки дар натиҷа оруҳо талаф меёбанд, - асрори дарозумрии занбӯронро дар ҳамин мебинад Олиҳахола.
Сиҷоуддин Сомиев писаронашро низ ба парвариши занбӯр ҷалб намудааст. Яке аз онҳо пайрави падар буда, имрӯз 50 оила занбӯрро нигоҳубин менамояд ва аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад. Дар ҷамъоварии асал ба падару модар низ кумаки хешро мерасонад.
Сомиевҳо на танҳо дар ноҳияи Тоҷикобод, балки дар ҷумҳурӣ низ чун асалпарварони номдор шинохта шудаанд.
Аз ҳисоби фурӯши асал мошини сабукрав харидем. Азбаски мавсими тобистону баҳор ба парвариши занбӯрон машғулем, ҳамин ки фасли зимистон фаро расид, асалҳои ҷамъовардаамонро якҷо бо ҳамсарам ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бурда мефурӯшем. Харидоронамон дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар, Турсунзода ва ноҳияҳои Вахшу Ховалинг бештаранд. Азбаски арзишаш нисбат ба нархи бозор арзон асту сифати хуб дорад, серхаридор аст ва зуд ба савдо меравад, - мегӯяд бобои Сиҷоуддин.
Ба қавли ӯ, аз фоида 40 дарсади онро ба худи парвариши занбӯр, харидории дорувориҳо ва таъмиру тармими қуттиву чаҳорчӯбаҳо сарф менамояд. Бо маблағи боқимонда зиндагиашонро пеш мебаранд. Холаи Олиҳа мегӯяд, ки аз фурӯши асал на танҳо маблағ ба даст меоранд, балки сабзавоту меваҷот ва анвои хӯрокаро низ бо асал метавонанд иваз намоянд.
То имрӯз Сомиевҳо дар тамоми чорабиниву ҷашнҳо бахшида ба Иди асал дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, маҳсули меҳнати хешро ба намоиш мегузоранд. Аз он фараҳманданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи занбӯриасалпарвариро дасгирӣ намуда, сол ба сол баҳри рушду равнақи он сабукиҳо ҷорӣ менамояд.
Имрӯзҳо тамоми шароит барои парвариши занбӯри асал аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардидааст. Танҳо моро мебояд заҳмат кашему аз ин ҳисоб шароити зиндагии хешро беҳтар намоем ва низ дар таъмини аҳолӣ бо асал саҳми назаррас гузорем. Чунки нисбат ба шириниҳое, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванду бо химикатҳо олуда гардидаанд ва ба саломатӣ низ таъсири манфии хешро мегузоранд, ин навъи ширинӣ табиӣ буда, ба бунёни инсон фоидарасон аст, - меафзояд Сиҷоуддин Сомиев.
Бунафша РАҲМОНОВА,
Душанбе-Тоҷикобод-Душанбе