БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Омӯзгори созанда

Аз ҳар боб

Шарофат Ҷайчибекова бештар аз чил сол дар сохторҳои маориф ва иҷтимоӣ- фарҳангии ноҳияи Мурғоб фаъолияти пурсамар намудааст. Ҳамагон аз ӯ чун бонуи созанда, маърифатпарвару тарбиятгари насли наврас бо эҳтиром ном мебаранд.

Ҳанӯз дар айёми таҳсил дар дабис­тон омӯзгор шудан мехост. Ин тасмим ӯро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон овард. Бо фориғуттаҳсил гардидан фаъолияти касбиашро дар мактаби миёнаи ноҳияи Мурғоб оғоз намуд. Саъю талошҳои духтараки доно ва ташаббускору масъулиятшинос дар тарбияи хонандагон дар руҳияи донишандӯзӣ, ахлоқи хубу намунавӣ ва меҳнатдӯстӣ аз назари коллективи педагогӣ дур намонд. Пас аз чанд соли кор ба мақсади дастгирии кадри ҷавон ва ояндадор номзадиашро ба сохторҳои интихобӣ дар сатҳи ноҳия ва вилоят пешбарӣ намуданд. Ӯ эҳсос намуд, ки омӯзгорӣ барояш бештар аз шуғл аст, зеро кӯдаконро сахт дӯст медораду онҳо низ ба ҳарфҳои таълимдиҳанда ва омӯзандаашон гӯш медиҳанду натиҷаҳои хуби таълимӣ ба даст меоянду заҳматаш қадр мешавад. Дилбастагии сахт ба олами рангини кӯдакону наврасон ва омӯзгориву рисолати тарбиятгар будан Шарофатро водор сохтанд, ки такмили касб намояд. Он вақт дар мактаби маркази ноҳия бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ дарс мегуфтанд ва мутахассиси ҷавон ба мақсади донишу забономӯзии бештар соли 1982 ба Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, таҳсилашро дар филиали он дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) идома дод.

Бо дипломи маълумоти олӣ ва роҳхати Вазорати маориф мутахассиси ҷавон боз ба зодгоҳаш баргашт, чаро ки ин минтақаи иқлимаш сарду сахти дурдаст ба омӯзгор ниёзманд буду ӯ худ низ азми қатъии бозгашт дошт. Бо назардошти таҷрибаи қаблии корӣ ӯро роҳбари хонаи пионерон ва хонандагон дар ноҳия таъин намуданд. Сипас, солиёни зиёд Ш.Ҷайчибекова вазифаи муовини сарвари аввалин ва калонтарин мактаби ноҳияро бар дӯш дошт.

Тайи солҳои фаъолият дар ин дабистон ӯ худро чун мутахассиси бодонишу пуртаҷриба, дорои малакаи хуби муошират бо хурду бузург, ташаббускору масъулиятшинос ва қобилиятнок дар ҳалли масоили ба миёномада, нишон дода, дар дастовардҳои таълимии мактаб ҳиссаи сазовор гузошт. Вақте ниёз ба таъин намудани мудири нави шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба миён омад, номзадиашро арзанда дарёфтанд.

Иҷрои ин вазифаи хидматӣ барои Ш.Ҷайчибекова ба солҳое рост омад, ки кишвар ба душвориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ноамнӣ побанд буд. Аммо маҳз дар ин солҳои душвор бо заҳмати содиқона ва сарсупурдагии кормандони корхонаву муассисаҳо ва сохторҳои Мақомот таҳти роҳбарии Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин хиштҳои созандагӣ ва бунёдкории даврони нави соҳибистиқлолӣ гузошта шуданд. Ш.Ҷайчибекова ба ҳайси мудири шуъбаи иҷтимоию фарҳангӣ ва сипас, бахши кор бо занон ва оилаҳамчун шахси масъул дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳалли масоили занон, тарғиби сиёсати Президенти Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вилояту ноҳия байни мардум саҳми фаъол гузошт. Ӯ дар раъси бонувони ноҳия дар нахустин маҳфили истиқбол ва мулоқот бо Сарвари давлат бо кормандони Мақомот ва фаъолони ноҳия ширкат дошта, аз он хотироти наҷибе дорад.

Суханони роҳбари ҷавону матиниродаи давлат: «Ман ба шумо сулҳ меорам» боварӣ ва эътимоди хурду бузурги иштирокдори ин мулоқоти таърихии сокинони минтақаи дурдасттарини кишварро ба ҳаёти созанда ва амну осоишта боз ҳам бештар қавӣ сохтанд.

Мурғобро сарзамини ваҳдат ва ҳунар меноманду ҳамгироии фарҳангии халқҳои тоҷик ва қирғизро дар минтақа чӣ гуна арзёбӣ менамоед?- мепурсам аз мусоҳибам.

 Мурғоб намунаи беҳтарин ҳамгироии фарҳангии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар мебошад. Агар ба муносибатҳои дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз нигарем, хешиву пайвандӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии осоиштаи ду халқи дӯсту бародар фарҳанги чандинҳазорсола дошта, ин ҳамгироӣ аз нигоҳи таърихӣ дар эпоси бузурги «Манас» бозтоби барҷаста ёфтааст. Ин муносибат ба риштаҳои фарҳангу иқтисоди ҳар ду кишвар таъсиргузор будааст. Масалан, дӯстии чеҳраҳои шинохта ва маҳбуб Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов беназир буд. Дар соҳаи театр низ чунин ҳамкорӣ вуҷуд дошт. Намоишномаи «Дуэл», ки аввал дар саҳнаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва сипас, дар дигар театрҳои ҳар ду кишвар ба истиқболи гарми тамошобинон рӯ ба рӯ шуд, маҳсули ҳамкории саркоргардони тоҷик Хушназар Майбалиев ва драматурги қирғиз Мар Байжиев буд. Ҳангоми таҳсил дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) бо Фирӯза, духтари коргардони шинохта Қадамшо Халилов, ҳамсабақ будему ба хонаашон равуо доштам ва ин спектаклро ҳамроҳ бо хонаводаашон тамошо кардем. Ҳангоми муҳассили Донишкада будан, аз байни ҳамсабақон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ дӯстони зиёд пайдо намудаму бо ҳам ҳоло низ робитаи дӯстона дорем.

Қирғизтаборони ноҳияи Мурғоб аз шаҳрванди Тоҷикистон буданашон ифтихор доранд. Миллатҳои тоҷику қирғиз асрҳо паҳлуи ҳам дар фазои сулҳу дӯстӣ, бародарӣ зиндагии осоишта ва бунёдкорона доштанду доранд. Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия ҳифз намудани фарҳанги сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии осоиштаву халалнопазирро масъулияти бузургу муқаддас медонанд, - изҳор дошт Ш.Ҷайчибекова.

Дар солҳои охир ин бонуи соҳибтаҷрибаву забондон дар соҳаи рӯзноманигорӣ фаъолият дошт. Ӯ ба ҳайси котиби масъули нашрияи ноҳиявӣ мақолаҳои зиёди таҳлилӣ, аз ҷумла дар мавзуъҳои масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзиму анъана ва маросимҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ пешкаши хонандагон намудааст. Алҳол бознишаста аст, вале пуркор ҳасту эҷодкор ва мавқеи фаъоли иҷтимоӣ дорад. Бонуи бомаърифату тарбиятгар бо шавҳари меҳрубонаш фарзандони солеҳ ба воя расондааст. Оилаашонро дар ноҳия намунавӣ ном мебаранд.

Бо назардошти таҷрибаи педагогӣ ва забондониву истеъдоди хуби эҷодкорӣ таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоии макотиби қирғиззабон дар ноҳия ва мутобиқ гардонданашон ба барномаи таълимӣ барои хонандагони тоҷикро ба Шарофат Ҷайчибекова супурданд. Вай бомуваффақият аз иҷрои ин вазифаи масъулиятнок баромад. Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол раванди мутобиқгардонии китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилотии қирғиззабони ноҳия ба барномаи таълимӣ барои хонандагони тоҷик пурра анҷом шуда, дастраси хонандагони макотиб ва омӯзгорон гардиданд.

Шарофат Ҷайчибекова дар ҳар ҷодае, ки ба ӯ бовар карданд, вазифаи хидматиашро бо масъулияти баланд ва кордонӣ иҷро намудаст. Ӯро бонуи тарғибгари дониш, ватанпарварӣ, дӯстиву накукорӣ ва созандагӣ меноманд ва эҳтиром мегузоранд. Хизматҳои арзандаи омӯзгор бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Ифтихорномаи шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қадр гардидаанд.

 

Ш.МИРЗОҶАЛОЛ,

Мурғоб

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон