БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Ҳеҷ кӯдакеро аз фарзанди худам кам надидаам»

Аз ҳар боб

   Духтарам акнун қадамзаниро ёд гирифта буд ва аз назди кӯдакистони «Лола», рақами 77-и ноҳияи Сино мегузаштем. Бонуи кушодачеҳраю хилъатгулобе беруни дарвозаи дабистон тифлакеро ба волидонаш месупурд. Сабои ман ҳам бо дидани онҳо ба наздашон шитофт. Мураббӣ аз таҳти дил хурсанд шуд, дар чашмонаш хушнудӣ барқ зад ва бо табассуми малеҳ гуфт: «Ҳолӣ миёӣ, бачам. Камтараки дигар…». Ба рӯйи чун кулча базебу чун моҳ сафедаш аз ғояти хурсандӣ дар як он сурхӣ дамид. Болиданаш аз он буд, ки кӯдаке бо пойи худ ба боғча омадааст…

Бо гузашти сол Сабо ба боғча рафт, ба бахташ парасториашро ба апаи Марина-ҳамон зани кулчарӯву моҳлиқо, вогузор карданд. Ман ҳанӯз бо мураббӣ ҳамгап нашуда будам, ки ӯ ба кӯдак рӯ овард: «Ту омадӣ, хуш омадӣ. Ана акнун ту духтари манӣ. Бачаҳо, бинед кӣ омадааст. Ассалом…». Ин суханҳо гуфту кӯдакеро, ки ба ҷуз ман, ба касе намерафт, гӯё моту маҳбут кард. Дигар ӯро дар хона дошта наметавонистем, ҳамеша роҳи боғчаро ба мо нишон медод…

Ин аст бузургии меҳри як модар, ки дар дили бузургаш имкони ғунҷондани ҷаҳонеро дорад ва мисли духтари ман модари маънавии садҳо кӯдак аст Марина. Ин ном ба шумо шинос аст, не? Бале, ҳамон Маринае, ки шоири шаҳир Мирзо Турсунзода васфашро дар достони «Писари Ватан» овардаву мо ба матонату ҷасораташ офаринҳо хондаем. Фарқи ин Марина аз он Марина дар он аст, ки яке насли замони ҷанг дар паҳнои хоки Шуравӣ асту дигаре шоҳиди даврони Истиқлол дар домони поки Тоҷикистони нозанин. Вале онҳо як умумият доранд: Ватан ва фарзандони онро самимона дӯст медоранд. Ҳамин муҳаббат аст, ки Марина бо гузашти солҳо боре ҳам фикри дигар кардани шуғлашро накардаву ба касбаш содиқ мондааст. Аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани Офтоб дар дабистон аст: рӯзаш бо парастории кӯдакон поён ёбад, бегоҳ ба рангу бор кардани саҳни ҳавлӣ ва ё нарм кардани бехи дарахтону баъзан шинондани гулҳо машғул мешавад. «Кӯдакистонро аз хонаам ҳам зиёдтар дӯст медорам. Нисфи умрам ин ҷо гузашт. Намедонам, агар мураббия намебудам, боз чӣ касберо интихоб мекардам. Вале аниқ ҳоло медонам, ки бе кӯдак наметавонам. Танҳо нигаристан ба чеҳраи беғаши кӯдакон, маро аз банди ҳар ғаму ғуссае раҳо месозад. Ҳарчанд зиндагӣ аз мушкилӣ орӣ нест, бо ҳамин дӯстрӯякон гумон мекунам беғамтарин одами дунёям», - шукр мегӯяд мураббия.

Воқеан, ҳеҷ гоҳ чеҳраи гирифтаи ӯро надидаам ва бори гарони таълиму тарбияро басо мардона мекашад. Кӯдаконро чун фарзанди худаш дӯст медорад ва модарона парасторӣ мекунад, то он ҳадде, ки кӯдакон аз бӯсиданаш сер намешаванд. Дидани ин манзара хеле аҷиб аст ва боре шӯхиомез сирри ин ҳамаро пурсидам:

 Кӯдакро дӯст надорӣ, нигоҳубин карда наметавонӣ, - гуфт ӯ. - Кӯдак дили касро ҳис мекунад ва бо каме хунукназарӣ дилсард мешавад. Ба задану тарсондан тифлро назди худ нигоҳ дошта ҳам намешавад. Бо кӯдак меҳрубону ғамхор бояд буд. Ҳамин қадар сир дорад касби мо. Вақте ман фарзанди як нафарро ба гурӯҳам қабул мекунам, мекӯшам, то падару модар бо хотири ҷамъ ӯро ба ман диҳанд ва то поёни рӯз осуда пайи анҷоми корҳояшон бошанд. Ман ҳеҷ кӯдакеро аз фарзанди худам кам надидаам.

Дар ҳақиқат, ҳеҷ меҳре наметавонад ҷойгузини муҳаббати модар бошад, вале ҳастанд нафароне, ки бо дили чун дарё софу чун дунё бузургашон, ба атрофиён танҳо ва танҳо меҳр мебахшанд. Бону Марина низ аз ҳамин қабил инсонҳост, ки аминам, агар сари тифлаке дард кунад, дили ӯ ба ларза меояд. Рафту кӯдаке бемор шуд, беқарориаш поён надорад: даҳҳо бор занг мезанад, пайваста аз ҳолаш мепурсад, то оне ки дубора ба боғча ояду бо кӯдакон бипайвандад.

Ҳамин гуна феълу атвор дорад Марина Субадорова, ки нишон аз одамияти волои ӯст. Лаҳзаеро аз фаъолияти кориаш пеши назар меорад ва беихтиёр ашк мерезад: «Порина дар Рӯзи Модар миёни бачаҳо бозӣ гузарондем. Шарт ин буд, ки онҳо бояд мураббияҳояшонро аз миёни 4 – 5 нафар бо чашмони баста меёфтанд. Кӯдаке дар пайдо кардани ман бо ламсидани рӯй магар мушкилӣ кашид, ки худашро ба оғӯшам партофту аз бӯям маро шинохт. Ҳамон лаҳза он чӣ бо ман гузашт, танҳо дили модар дарк карда метавонад…»

Апаи Марина зодаи кӯҳистон, фарзанди Ванҷи пурганҷ аст ва бузургиро аз кӯҳсорони зодгоҳаш омӯхтаву ба дигарон талқин мекунад. «Кӯҳҳо фалсафаи аҷибе доранд: он чиро, ки мо мегӯем, аксулсадо медиҳанд. Ба ин васила ба одамон мефаҳмонад, ки хубӣ бояд кард, то некӣ бубинӣ, ба ҳамдигар меҳрубон бояд буд. Даруни қалби кӯдак низ танҳо бо меҳр метавонӣ хона созӣ. Ширинтар аз меҳри кӯдак ба назарам дар дунё чизе нест».

Ҳамин гуна инсони меҳрубон аст Марина Субадорова ва ба дигарон дарси садоқат меомӯзад: садоқат ба касб, садоқат ба Ватан, садоқат ба кор. Хушо, ки хурдтараконро дар ин руҳия тарбия менамояд ва дар ин зинаи таҳсил ба онҳо дарси ватандориву дӯстиву рафоқат, инсонгариву пос доштани эҳтироми ҳамдигарро меомӯзад. Бемуҳобот, ӯ намуна аст. Намуна барои насли имрӯз.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,

рӯзноманигор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон