БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тафовут аз куҷо то ба куҷо

Аз ҳар боб

 Аз замони сафари нахустини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ дар ҳаёти сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дигаргуниҳои бемисл ба вуқуъ пайвастанд. Зодгоҳам Хоруғ ба шаҳри афсона, тиҷорату саноат табдил ёфт, - баён дошт бонуи солдида, дорандаи орденҳои Нишони фахрӣ ва Дӯстии халқҳо Гулпарӣ Давлатназарова.

Ӯ ёд меорад, ки Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари нахустинашон ба Хоруғ, 13-уми июни соли 1993, пеш аз мулоқот бо фаъолони вилоят, ба ягона корхонаи фаъоли саноатӣ - корхонаи дӯзандагӣ ташриф оварданд.Чун аксари минтақаҳои кишвар фазои Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ҳам дар ин давра ноором буд. Ҳар рӯз ворид гардидани гурезаҳои иҷборӣ аз минтақаҳои ҷангзада вазъи таъминоти аҳолиро бо ғизо, инчунин фазои амниятиро дар вилоят мушкил гардонд. Байни гурезаҳо силоҳдорону мухолифини Ҳукумат ҳам кам набуданд. Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хоруғ ба далелҳои амниятӣ қатъ гардид. Дар баробари ворид гаштани гурезаҳо аз тариқи Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ҳам авҷ гирифта, ин ба афзоиши теъдоди нашъамандон ва авзои амниятӣ мусоидат намуд. Дар мулоқот бо Сарвари давлат чеварон изҳори назар намуда, Гулпарӣ Давлатназарова чунин зикр кард:

  Мо, коргарон суханронии Шуморо дар иҷлосияи Шурои Олии кишвар дастаҷамъона аз радио гӯш кардему чандин бор аз рӯзномаҳо хондем ва орзуи дидори Шуморо доштем. Вале ҳеҷ бовар намекардем, ки дар чунин вазъияти ниҳоят хавфноку печида ба Хоруғ меоед. Бениҳоят хурсандем, ки ин орзуямон ҷомаи амал пӯшид. Боварии комил дорем, ки ҳамаи гуфтаҳои Шумо дар бораи наҷоти миллату давлати тозаистиқлоламон ҷомаи амал мепӯшанд. Агарчи мушкилоти корхонаамон зиёд аст, вале бештар аз вазъи амниятии шаҳру вилоят нороҳат ҳастему бовар дорем, ки ин масъалаи муҳим низ ҳалли худро меёбад.

 Нороҳат набошед, ҳамаи ин душвориҳо муваққатӣ ҳастанду онҳоро якҷоя аз миён мебардорем. Аксари мардуми кишвар ҷонибдори сулҳу оромӣ ва ободии кишвар аст, - баён дошт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

Аз он сафар ва мулоқот бо фаъолони вилоят, аз ҷумла бо чеварони корхонаи дӯзандагии шаҳр беш аз 30 сол сипарӣ гашт. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳммон дар яке аз сафарҳо ва мулоқот бо сокинони вилоят, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор шуд, бо ёдоварӣ аз сафари нахустинашон иброз доштанд:

«Ёд дорам, ки ҳангоми сафарҳои нахустинам ба Бадахшон, аз ояндаи нек ва пешомадҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоии он сухан ронда, асри ХХI-ро асри Бадахшон ва шоҳроҳи байналмилалии онро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номида будам. Ин тавсифи воқеӣ дар кору пайкор ва иродаи созанда ва бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони банангу номуси Бадахшон иброз шуда буд ва чунон ки имрӯз мебинем, мо бо дастгирӣ ва азму иродаи созандаи мардум, инчунин ақлу заковати фитрии халқи бунёдкорамон дар як муддати кӯҳтоҳи даври истиқлолият корҳои зиёдеро ба анҷом расондем, ки халқи офаранда ва ободгари мо метавонад аз дили кӯҳҳои осмонбӯс роҳҳои замонавӣ кушода, гузаргоҳҳои сарҳадии Бадахшонро ба дарвозаи воқеии кишвар табдил диҳанд»…

Бо бону Гулпарӣ, ки дар ҳалқаи фарзандону наберҳояш, ки 80 - умин солгарди зодрӯзашро таҷлил кард, ҳамсуҳбат шудем.

Он дидорбинию мулоқоти ниҳоят самимию ошкороеро, ки бо Пешвои миллат 30 сол қабл сурат гирифт, дар қалбам нақш бастааст. Тайи ин солҳо Роҳбари давлат беш аз 50 маротиба ба Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ташриф оварданд ва ҳар омаданашон, чун сафари хотирмону бобарори соли равон ба ин диёр файзу баракат, ободию фаровонӣ ва ҳар дидорашон ба мардуми меҳмоннавозу заҳматписанди он дилшодию дилгармӣ, боварӣ ба ояндаи нек ҳадия мекунад…

 Дӯзандагӣ барояшон шуғли аҷдодӣ будааст. Нахустин устодаш дар омӯзиши касби дӯзандагӣ ва бофандагӣ модараш Моҳпарӣ буд. Модар ҳам либосу ҳам рахти хоб медӯхт ва ҳам ҷӯробу палосбофӣ мекард ва ҳам кадбонуи хубе ҳам буд. Вай барои ҳамдеҳагон либос ва дигар ашёи рӯзгорро ройгон медӯхту мебофт. Ин корҳоро дар хона анҷом медод ва Гулпарӣ ҳар амали модарро бодиққат назора мекард.

Гулпарӣ, вақте ба шавҳар баромад, ҳамсараш ӯро ба Комбинати хизмати маишии шаҳри Хоруғ, ки худ коргари ин коргоҳ буд, ба кор овард. Дар ин ҷо чор сол кор карду ҳунарашро сайқал дод.

 Дар баробари дӯхти либосҳои занона, аз ҳамкоронаш дӯхтани либосҳои мардонаро низ аз худ кард. Вақте ки дар шаҳри Хоруғ фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд, ба ин ҷо ба кор гузашт. Он солҳо ин муассиса аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ дар вилоят ба ҳисоб мерафт. Дар ибтидои солҳои 80-уми асри XX дар ин ҷо беш аз ҳазор нафар кор мекард. Маҳсулоти истеҳсоли корхона дар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ низ харидор дошт.

Гулпариро аввал чун коромӯз ба кор гирифтанд. Баъди се моҳ маҳорати баланди касбӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, роҳбарии яке аз бригадаҳоро, ки чил аъзо дошт, ба зиммаи ӯ гузоштанд. Давоми сол бригада ҳар семоҳа дар корхона ба натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ комёб гашт ва дар пешравии он Гулпарӣ нақши меҳварӣ дошт.

 Дар интихоботи вакилони Шурои вакилони халқи шаҳр номзадиашро пешбарӣ кард ва 100 фоизи интихобкунандагон ба ҷонибдориаш овоз доданд. Он сол корхона байни корхонаҳои саноати сабуки ҷумҳурӣ барои натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Чанд тан аз пешқадамони соҳаро ба шаҳри Москва, ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки мамлакат фиристоданд, ки дар байнашон Гулпарӣ низ буд.

 Гулпарӣ дар корхонаи дӯзандагии шаҳри Хоруғ зиёда аз бист сол кор кард. Давлатёр Хумориков, ки давоми чанд сол роҳбарии корхонаро ба уҳда дошт, мегӯяд, ки Гулпарӣ яке аз беҳтарин чеварони фабрика буд. Рафтор, кирдору гуфтори ӯ барои ҳамкорон намунаи ибрат буд.

 Дар Анҷумани иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ вакилон чевари чирадастро ба Анҷумани умумииттифоқии иттифоқҳои касабаи СССР вакил интихоб намуданд. Бо пешниҳоди вакилони Тоҷикистон Гулпарӣ узви Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Шуравӣ интихоб шуд ва дар ҷаласаҳои кумита ӯ на як бору ду бор баромад намуда, таклифҳои хеле муҳимро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти иттифоқҳои касаба барои ҳифзи манфиатҳои заҳматкашон пешниҳод намуд.

Гулпарӣ Давлатназарова бо орденҳои Нишони фахрӣ, Дӯстии халқҳо, Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст ва аз он меболад, ки бо тулуи офтоби истиқлолу вазиши насими форами ваҳдати миллӣ ва ба саҳнаи сиёсат ворид шудани Роҳбари давлати навини тоҷикон, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти сангини он рӯзҳои даҳшатбор дар кӯтоҳтарин вақт аз миён бардошта шуданд. Суханони Пешвои миллат, ки сӣ сол қабл аз забонашон дар вохӯрӣ бо коргарони корхонаи дӯзандагӣ ва дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят садо доданд, пурра амалӣ гаштанд. Духтари Гулпарӣ Муқаддас алҳол дар яке аз ин корхонаҳои дӯзандагии муосири Хоруғ, ки бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, кор мекунад.

 Имрӯзҳо зодгоҳам шаҳри ободу зебо ва амни Хоруғ аз файзи истиқлол, дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди иншооти замонавӣ, биноҳои баландошёнаи бо тарҳи меъмории миллӣ сохташуда, афсонаро мемонаду ба шаҳри саноат ва тиҷорат табдил ёфта, намое аз рушду пешрафти саросари минтақаҳои кишвар мебошад,- бо ифтихор изҳор дошт Гулпарӣ Давлатназарова.

Ш.МИРЗОҶАЛОЛ,

Хоруғ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон