БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ангезаи як сафар

Аз ҳар боб

Замони мактабхонӣ дар МТМУ № 1-и ноҳия Руҳангез иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои фаннӣ, ҳамчунин гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар синфи чор таҳсил мекард, ки қиблагоҳаш онҳоро тарк гуфт. Модар барои чор фарзанд ҳам падар буду ҳам модар. Ӯ ҳамшираи шафқат буд, бо меҳнати ҳалол мекӯшид ҷигарбандонаш дар роҳи рост ҳидоят ёбанду ояндаи дурахшоне дошта бошанд. Гӯё ин орзуи модар дар симои фарзанди хурдӣ - Руҳангез руҳу равони тоза гирифт. Модар мехост духтари хурдӣ раҳ ба касби вай барад, то дар зиндагӣ дарнамонад. Ҳамин гуна Руҳангез бо маслиҳати модар пас аз хатми синфи 9 ду сол дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт таҳсил кард, вале ҳанӯз ҳам дилаш кашол ба пешаи ҳуқуқшиносӣ буд.

Соли 2018 тариқи суҳбат ба факултети ҳуқуқ ва таърихи филиали Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт гузашт. Пас аз як соли таҳсил бо дастгирӣ ва раҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯ донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд. Орзуеро, ки доимо дар дил мепарварид, билохира ҷомаи амал пӯшонд. Вай бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Соли 2021 дар як вохӯрӣ бо ҷавонон дар Кохи Борбад ба Президенти кишвар изҳори сипос дошт, ки мисли ӯ ҷавондухтарони деҳотиро дастгирӣ ва ба роҳи дурахшон равона менамоянд.

Руҳангез чанд муддат дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурд, баъд ба Рашт баргашт. Тариқи озмун мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои МИМҲД-и ноҳияи Рашт таъин шуд. Вай аз дастгириҳои пайвастаи Саидаҳрор Саидҷалолзода, собиқ мудири шуъбаи ташкилӣ, ҳамчунин, аз роҳнамоиҳои Аҳтам Абдуллозода, Дилноза Аҳмадзода, Заррина Идизода ва дигарон, ки барои дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувор ниҳоданаш маслиҳату машварати худро дареғ надоштаанд, сипосгузор аст.

Руҳангез дар баробари кору пайкор тавонис¬та, ки оилаи солимеро созад. Вай дар хонавода ҳунарҳои пазандагиву дӯзандагиро балад аст…

- Дунёи кӯдакии ман дар фироқи падар гузашт. Вақте нафаре дар бораи падар гап мезад, чашмонам машки об мешуд. Дар мактаб ҳар моҳ барои оилаи ниёзманд як миқдор маблағ медоданд. Ҳар гоҳ номи маро дар ин қатор мехонданд, буғзи гиря гулугирам мекард, мадори гирифтани он маблағро надоштам, - мегӯяд ӯ.

Бо вуҷуди ин ҳама яъсу ноумедиҳои рӯзгор, Руҳангез ангезаи зиндагиро ҷустуҷӯ мекард, дар дил орзуҳо мепарвариду ноумедиро ба умедҳои нек гардондан мехост. Маҳз як сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуду орзуҳои ин духтари деҳотӣ ҷомаи амал пӯшиданд.

- Агар он дидори бароям сарнавиштсоз сурат намегирифт, шояд танҳо ҳамшираи шафқате мешудам. Хушбахтона, зиндагӣ эҳсонҳои худро аз ман дареғ надошт. Тариқи телевизион шаҳри Душанберо тамошо мекардам, рӯзгори бонувони муваффақи кишварро медидаму дар дил ҳавасҳо мепарваридам, вале вақте ба шароити хонавода менигаристам, аз баёни ин орзуҳо худдорӣ мекардам. Хушбахтона, орзуву нияти нек ҳамеша амалишаванда будаанд. Ҷавондухтарони мо бояд доимо пайи орзуҳову амалҳои нек талош варзанд, илму ҳунар омӯзанд, то дар зиндагӣ хор нагарданд. Ҳамчунин, бо таъин шудани раиси ноҳияи Рашт Заррина Идизода сафи бонувон дар тамоми сохтор дар ҳоли афзоиш аст, - мегӯяд Руҳангез Пирмаҳмадова.

Вай ҳар рӯз бо руҳияи баланду пур аз неру пайи кор «бол мезанад» ва ба деҳаҳо пайи тарғиби касбу ҳунаромӯзии ҷавондухтарон мешитобад. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони маълумотдор талош меварзад.

Руҳангез ҳоло ҳам пайи омӯзиш қарор дорад. Алҳол ӯ донишҷӯйи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» - омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад. Ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд. Магистрантон давоми як соли таҳсил малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд. Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.

Бо орзуву умедҳои беназир ба Руҳангез дар роҳи интихобкардааш барору муваффақият хоҳонем. Бовар дорем, ки ин бонуи навкор дар пешрафту комёбии бонувони Рашт саҳми босазои худро мегузорад.

Фарзона ВОСЕЕВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон