Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Низоми зиндагӣ
Аз ҳар бобБархе аъзои ҷомеа чунин андеша доранд, ки зан ҳаёти худро танҳо барои тарбияи фарзанд ва ободию осоиштагии оила масраф месозад, аммо андешаи солим ба куллӣ хилофи он аст. Зан имрӯз соҳиби вазифа, манзалат ва мартаба аст, ки боиси сарфарозист. Зан имрӯз ободгару созанда буда, дар зиндагӣ на танҳо оилаи худ, балки ҷомеаро бо амалҳои нек тарбия месозад. Дар ҳаққи зани самимӣ, инсони поксиришт, муаннаси ҷамил, соҳибҷамолу соҳибмақом Ҷамила Аҳмедова чунин суханҳоро иброз намудан басо рамзист. Суҳбаташ бофасоҳат, салису равон аст. Бо табассуми малеҳ қиссаҳои дил ифшо менамуд.
Ҷамила духтари ноздонаи зодмандон буда, дар олами андешаҳояш худро дар пироҳани сафед тасаввур мекард. Ӯ табиб шудан мехост, саманди андешаҳояш ба дуродур дар тоз буду худро табиби руҳи инсон мехонд. Аммо бо раҳнамоии бузургон соҳаи молияро интихоб намуд ва хато накард. Падараш, ки дар ҳамин соҳа фаъолият дошт, кӯшид то духтараш нозукиҳои пешаи ӯро комил аз худ намояд. Падари Ҷамила он солҳо сардори идораи молияи шаҳри Гулистон, модараш иқтисоддони Комбинати хизмати маишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. Аз ин рӯ, онҳо хостанд Ҷамила низ муҳосиб бошад.
X РАҚАМ СУХАН МЕГӮЯД
Ҷамила Аҳмедова 24-уми июли соли 1971 дар шаҳри бостонии Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсили худро дар мактаби миёнаи №18-уми шаҳри Хуҷанд ба итмом расонда, соли 1988 ба Институти иқтисодиёт ва молияи шаҳри Душанбе дохил шуда, ихтисоси муҳосиб-аудиторро соҳиб гашт.
Фаъолияташро соли 1996 дар Маркази алоқаи почтавии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сармуҳосиб оғоз намуда, дар ин ҷо се сол заҳмат кашид. Сирру асрори соҳаи ҳаётан муҳимро омӯхт, малака пайдо намуд. Мекӯшид то ҳар як вазифаи ба зимма доштаро дар вақти муайян ба итмом расонад. Ҳисоботаш ҳамеша омода буданд. Бо рақам ҳарф мезаду пайи иҷрои супоришҳо мешуд. Ҳамин кордонию мушкилнописандии Ҷамилабону аз назари масъулин пинҳон намонд. Аз ин рӯ, соли 1999 ӯро барои кор ба Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд даъват намуда, ба вазифаи сармуҳосиб таъин карданд. Ба зудӣ дар ҷомеа обрӯву эътибори хос пайдо кард. Бо ҳамкорон муносибати хуб намуда, онҳоро пайваста аз ҳолу аҳвол, рӯзгорашон пурсон мешуд.
Ҷамила Аҳмедоваро зарур омад, ки дар ҳамин корхона, ба қавле мӯйи худро сафед намояд, баҳри ба мардум дастрас кардани маҷаллаву рӯзномаҳо, муросилот–мактубҳои одӣ, фармоишӣ, арзишнок, қабули обуна, заҳмат кашад…
X 30 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ
Ҷамила Аҳмедова дар соҳаи алоқа тули 30 сол аст, ки фаъолияти пурсамар мебарад. Роҳбари КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд Юсуфов дар бораи ин бонуи заҳматпеша изҳор кард, ки ӯ ба мисоли шаҳсутуни корхона буда, дар тарбияи ҷавонон саҳмгузор аст.
Мавсуф на танҳо дар коргоҳи хеш иззату эҳтироми хосеро сазовор гаштааст, балки дар оила низ намунаи ибрат аст. Ӯ бо ҳамқадами ҳаёташ Ҳотамҷон Аҳмедов дар тарбияи фарзандон ҷидду ҷаҳд намуда, дар камолоти онҳо ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Ҷамилабону дар фуровард дар бораи оила, муқаддасоти рӯзгору рӯзгордорӣ фикру андешаи худро баён намуд, ки оиладориро аз модари дуюм–модаршӯям омӯхтам, ки маро чун фарзанд қабул карданду дар тарбияи фарзандонам заҳмати зиёд кашиданд. Маҳз дастгирии модаркалони фарзандонам буд, ки пайваста заҳмат мекашидаму он кас ба тарбияи гулдухтаронам машғул мешуданд. Духтарони муаллим Наргисахону Шарифахон имрӯз оиладор ҳастанд. Шукронахон бошад донишҷӯ асту баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ заҳмат мекашад. Чор нафар наберагон зеббахши хонадонанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд