Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рӯзгоре барои ибрат
Аз ҳар бобБонуи нуронӣ
Чеҳраи гарми ӯ офтоберо мемонад, ки ҳамеша нурпошу ҳароратбахш аст. Қиссаҳои талху ширини роҳи тайкардаи ин бонуи нуронӣ, ки марзи 80-ро убур намуда, мисли китоби розҳои ҳар як бонуи тоҷик хонданиву шуниданист. Хатти ожанги чеҳраи дилкаш, сафедиҳои мӯйи мушкин, ларзиши маҳини садои гӯшнавоз, нигоҳи қаноатманд аз умри сипарикарда ва табассуми маҳини даври лабони модар дар дами пирӣ низ қуввату мадори ҷигарбандони хушному соҳибмақом аст.
Имтиҳони сарнавишт
Ҳанӯз дар оғӯши раҳми модар буд, ки сарнавишт имтиҳонҳои бузургеро пеши рӯйи ӯ мегузошт. Нобакорону нотавонбинон падари кордону соҳибмартабаашро аз ҳаёт маҳрум сохтанд. Тифлаки ноздонаро, ки дар зебоӣ бемисл буд, Латофат ном гузоштанд. Модараш, ки ҳанӯз ҷавони тозарух буду гули рухсораш аз дарду доғи марги шавҳар хазон мегашт, бо зораву лобаи модару хушдоманаш дубора хонадор шуд. Дар хонаи нав Латофати хурдакак аз гиря лаҳзае ором намегирифт. Гӯё бо ин гиряҳои пайваста бо сарнавишт пархош мекард. Бибиҳо тарбияи ӯро ба дӯши худ гирифтанд. Акнун ӯ се модар дошт, ки аз ҳар кадоме ҳунару одобу дарси зиндагӣ меомӯхт.
Як гулу сад харидор
Бо ҳусну ҷамоли дилкаш ва гесувони то лаби доман Латофат ба номи худ муносиб буду ҳар бинандаро мафтуни хеш мегардонд. Дар пахтазори бекарон бо азму талош аз беҳтарин чинакчии пешқадам ба ҳисоб мерафт. Хостгорон парасторони ӯро ба ҷону ҳол меоварданд, аммо бибиҳои ғамхор номзади арзандаеро ҳаммақоми ноздонаи худ намедиданд. Овозаи ҳусну ҷамол ва пешгомии ӯ дар заҳмат аз марзи водӣ гузашта то пойтахт - шаҳри Сталинобод расида буд. Ниҳоят тақдир лутфи худро ба ӯ нисор намуду ҷавонеро ҳамқисматаш гардонд, ки бо донишу хирад, бозуву пайкари қавӣ ва нигоҳи тоза ба олам такягоҳи доимии ӯ гашт.
Зиндагисоз
Латофатбону, ки дар муҳити деҳа ба камол расида буд, аз панди модарбузурги ғамхораш дар пойтахт низ, бо ҳамсари меҳрубонаш зиндагии зебоеро месохту фарзандони шоиста тарбия мекард. Дари ӯ ба рӯйи меҳмонон, махсусан ба онҳое, ки барои омӯзиш ба пойтахт меомаданд, ҳамеша боз буду барояшон ғамхорӣ мекард. Ба арӯсонаш зиндагидориро меҳрубонона меомӯхту то ҳол заҳматашонро қадр мекунад. Ҳарчанд худ таҳсилнадида буд, фарзандонро дар руҳияи донишандӯзиву касбомӯзӣ ба воя расонд.
Дар хурдӣ аз таҳсил дур монда будам. Он рӯзгор мақсади асосӣ кори хоҷагӣ буд. Дар калонсолӣ ба хотири хондани номаҳои аскарбачаи раҳдурам аз маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ ҳарф ба ҳарф хондан омӯхтам. Дигар китобхонӣ шуғли дӯстдоштаам шуду ба набераҳои ширин қиссаву афсонаҳо мехондам, - иброз медорад модари мушфиқ.
Захми теғи ҷигаршикоф
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ханҷари обгуни худро ба ҷигари Латофатбону низ бераҳмона зад. Чун шавҳару фарзандонаш бар дӯш масъулияти тартиботи ҷамъиятиро доштанду баҳри оромии кишвар талош меварзиданд, аз бадхоҳии ҷангҷӯён дар амон намонданд. Он саҳнаи ҷонгудози зиндагиро Латофатбону Салимова бо ашки сӯзон ба ёд меорад:
Номи шуми ҷанг аз дунё гум бод, ки ҳоло ҳам дарду доғаш диламро реш-реш мекунад. Нонҳои навпухтаро аз танӯр мекандам, ки хонаамонро бо тири зиреҳпӯши БТР оташ заданд. Он вақт дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) мезистем. Дар пеши назарам тамоми рӯзгор хокистар шуд. Чаҳор хонавода дар як автобус ҷой шудем. Ба тан ҳамон либоси нонбандию чор гирдачаи гарм тарки хонумон кардем. Аввал ба Данғараву пасон дар Балҷувон дар хонаи хешу табор муддате рӯз гузарондем. Болои сӯхта намакоб, хабари кушта шудани писарам Алишерҷон осмонро бар сарам чаппагардон намуд…, - бо гӯшаи рӯймоли сафед ашки дида пок мекунад модари ғамдида.
Давлати пирӣ
Аввалу анҷоми суҳбати ширини момои Латофат каломи шукр аст. Аз фарзандони донишёру аз сунҳорҳои ғамхор, аз набераву абераҳои ширинрӯву ширинзабон, аз оромиву сулҳу салоҳ, аз хони пурнозу неъмат, рафоқату дӯстӣ меболаду дар ҳалқаи муҳаббати пайвандон давлати пирӣ меронад. Панҷ писару ду духтари Латофатхола соҳибкасбу соҳибноманду дар соҳаҳои гуногун дар хидмати халқу Ватан камар бастаанд. Моми бадавлат ҳудуди 100 набераву абераҳои дӯстрӯ дораду онҳоро ганҷинаи ҳаёти хеш медонад.
Ба баракати сулҳу оромӣ ба рӯзҳои нек расидем. Муҳимтар аз ҳама хотири ҷамъ дорему рӯзгори хушу осуда. Аз ҳама, чизи қимат барои одамӣ оромиву шодии кӯдакон аст. Шукронаи ободиву фаровонӣ, ки ҳар куҷо меравем, дасту дару хони дӯстон кушода асту сухан аз хурсандиву шодиву сур шунида мешавад. Ҳамеша дуо мекунам, сулҳу салоҳ дар ҳама олам пойдор бошаду давлати азизи мо аз ин ҳам ободтару зеботар гардад, - бо шукр аз рӯзгори хуррам даст ба дуо мебардорад, бибии бадавлат Латофатбону Салимова.
Мафтунаи ҚОСИМ