Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Шоҳасар»-и кӯдакон
Аз ҳар бобБо эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат», ки ҳадафи чоруми стратегии миллӣ маҳсуб меёбад, дар шаҳру навоҳии кишвар таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ рӯ ба афзоиш дорад. Алҳол, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 181 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2327 ҷойи корӣ барои аҳолӣ таъсис дода шудааст. Корхонаҳои саноатие, ки имрӯз мардуми маҳалро бо ҷойи кор таъмин кардаанд, асосан ба истеҳсоли хӯрока, доруворӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, чарм, маснуоти чармӣ ва резинӣ, коғазу чӯб ва нассоҷӣ, қолинбофӣ, коркарди регу шағал ва ғайра шуғл доранд.
Соли гузашта вобаста ба ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории «Шоҳасар», корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «ПИК», бинои иловагии корхонаи пойафзолбарории «Сарҷамъ» ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокории «Хишти аввал» мавриди истифода қарор гирифт.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳасар» аз соли 2018 ҳамчун коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки ҳамагӣ як таҷҳизоти истеҳсоли попкорнро дошту халос. Корхонаи мазкур расман 6-уми октябри соли 2024 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Солҳои нахустини фаъолият намудани корхона мушкилиҳои зиёд ба ҳам омаданд. Камбудии маблағ барои харидории таҷҳизоти наву замонавӣ, ки истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти рақобатпазир мебошад, мушкили асосӣ буд. Пайдо намудан ва ҷалби мутахассисони варзида дар самти истифодабарии техникаю технологияи муосир ва роҳ ёфтан дар бозори дохилӣ аз мушкилоти вазнини пешрафти кор маҳсуб меёфт. Имрӯз ҳамаи он камбудиҳо бартараф гардидаанд ва кори корхона ба маҷрои худ равон аст.
Алҳол, корхона дар 7 хатти истеҳсолӣ намудҳои гуногуни маҳсулот барои кӯдакон, аз қабили мармелад, вафлӣ, кулчақанд, попкорн, машмелло, зефир ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот бо бренди «Шоҳасар» тавлид менамояд. Дар ояндаи наздик тасмим дорем, хатти нави истеҳсолӣ, яъне истеҳсоли сақичро низ ба кор дарорем, - мегӯяд Муҳаммадҷон Нуриддинов, директори генералии ҶДММ «Шоҳасар».
Ба иқрори роҳбари корхона аксари маҳсулоти хом, аз қабили ширу шакар, орду равған ва желатинро барои истеҳсоли маҳсулот аз бозорҳои дохилӣ дастрас менамоянд. Ҳамчунин, роҳбарияти корхона шартномаи ҳамкориро бо истеҳсолгарону тоҷирони хориҷӣ, бахусус, давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаву тараққикарда, ба мисоли Туркия, Эрон, Чин, Россия, Покистон ва Ҳиндустон хуб роҳандозӣ намудааст.
Ҳамкориҳои тиҷоратии роҳбарияти корхона бо тоҷирону соҳибкорони хориҷӣ аз давраи дастрасӣ ба таҷҳизоти истеҳсолкунанда оғоз ёфтаанд. Тариқи харидории таҷҳизот, ки онро аз кишвари Эрону Чин ворид кардаем, мутахассисон низ барои тарзи истифодаи технологияи истеҳсолӣ ба корхона омаданд. Дар баробари насби хатти истеҳсолот ва ба кор андохтани таҷҳизоти наву замонавӣ мутахассисони хориҷӣ ба кормандони коргоҳ тарзи истифодабарии технологияро омӯзонданд. Алҳол, 12 мутахассиси варзида дар самти идоракунии таҷҳизоти истеҳсолии корхона фаъолият дорад, шояд дар дигар корхонаҳо чунин мутахассисон ангуштшумор бошанд, - иброз медорад роҳбари коргоҳ.
Иқтидори истеҳсолии «Шоҳасар» моҳе то 22 тонна маҳсулоти хушсифат буда, он тариқи мағозаҳо ва нуқтаҳои фурӯши корхона, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд фаъолият доранд, пешкаши мизоҷон мегардад. Алҳол, дар коргоҳ беш аз 50 нафар кор мекунад, ки аксар бонувон мебошанд.
Қариб ҳар рӯз барои дарёфти ҷойи корӣ корҷӯён ба нишонии корхона занг мезананду меоянд. Воқеан, дар маҳал бунёди чунин як корхона хеле бамаврид аст, зеро мардуми деҳот, бахусус бонувон, ниёз ба ҷойи кор доранд. Вақте корҷӯён ба роҳбарияти корхона муроҷиат менамоянд, қаблан онҳоро бо шароити корӣ шинос мекунем ва қобилияти кориашонро ба инобат гирифта, занҳоро ба корҳои сабук ва мардҳоро бошад, ба корҳои техникӣ сафарбар месозем.
Ҳамчунин, вазъи хонаводаи корҷӯ пурсида шуда, дар рӯзҳои аввали корӣ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони кордону соҳибтаҷриба техникаи бехатарӣ омӯзонда мешавад, - мегӯяд Рухшона Солиева, сардори шуъбаи кадр ва коргузории ҶДММ «Шоҳасар».
Бону Рухшона аз он афсӯс мехӯрад, ки дар маҳал пайдо намудани ҷойи кори доимӣ душвор бошад ҳам, аксари бонувон баъди аз худ намудани таҷриба дар истеҳсолот бо сабабҳои ночизи хонаводагӣ аз баҳри кор мебароянд.
Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Насриддинов, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозори хориҷӣ роҳбарияти корхона бо тоҷирони кишварҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамкориро барои содирот намудани маҳсулот оғоз намудаанд.
Чанде пеш тақрибан 25 тонна маҳсулоти гуногуни корхонаро ба Ӯзбекистон содир намудем. Тоҷирони Афғонистон низ намунаҳо аз маҳсулотро бо худ бурданд. Ҳамчунин, дар оянда нияти содирот намудани маҳсулотро ба Россия ва Қазоқистон дар назар дорем, - мегӯяд мавсуф.
Рақобатпазирии маҳсулоти корхона дар бозори беруна маълум менамояд, ки то чи андоза молистеҳсолгарон ба мақсади худ ноил гардидаанд. Онҳо интизориҳои хуб доранд аз натиҷаи ҳамкориҳо бо шарикон.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе - Рӯдакӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
