Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Боғи меросӣ…
Аз ҳар бобМардуми водии Рашт, дар баробари чорводорӣ, картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ ба боғдорӣ низ шуғл меварзанд. Вақте тасмим гирифтем, ки дар бораи бонуи боғдоре мавод омода созем, Нигина Раҳимова, корманди бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД ноҳияи Рашт аз боғдории бонуи пуртаҷриба Мустақима Барзуева ёдовар шуд. Ӯро ҳамчун боғпарвари моҳир, ки дар водӣ бо заҳмати боғдориаш номвар гаштааст, шинос кард.
Ҳангоми суҳбат аз рӯзгору кори боғдории Мустақима Барзуева пурсидем, бо оби чашм қиссаро аз зиндагии пуразобаш ба риштаи тасвир кашид:
Хабари шум зуд паҳн мешавад, мегӯянд, беҳуда набудааст. Субҳи солеҳони он рӯзи сиёҳ паси дарвоза равуои одамонро дидам. Даста-даста мардони деҳа аз боло ба поёни кӯча қадам мезаданд. Гӯё касе ҷуръати аз дарвозаи худ даромаданро надошт, ки ҳама дар кӯча ҷамъ омада буданд.
Мардҳои хонавода низ барои адои намози бомдод ба масҷиди деҳа рафтанд ва аз он ҷо бо сари хаму чеҳраи гирифтаю ғамзада баргаштанд. «Акаам аз ошёнаи баланди сохтмон сарозер шудааст. Аҳволашро хеле бад гуфтанд, барои табобат ба Ватан меовардаанд», - гуфтани додаршӯям дунёро якбора дар пеши чашмонам сиёҳу торик намуд. Ин сиёҳӣ қалбамро зер карда, фишурд. Умед аз косаи шаҳди шавҳардорӣ кандам. Рӯзе пас тани беҷони ҳамсарамро аз дарвозаи ҳавлӣ дароварданд…
Соҳибхона аз авлоди боғдорони машҳури Рашт буд ва мисли гузаштагони худ аз сирри боғдорӣ огаҳии хуб дошт. Солҳои пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки мардони деҳаи Ҳоит азми сафар ба кишвари Россия карданд, ӯ низ тасмим гирифт, то коре дар муҳоҷират пайдо намояду рӯзгораш ранги беҳтаре гирад. Дар мулки ғарибӣ ба кори сохтмон пайваст ва шод аз ёфтани дастмузди муҳоҷирӣ шуд. Ба ҳар занги телефонӣ аз барору баракати кор ба Мустақима мегуфт. Баъдан, шодии ҳамсарон барҳам хӯрд ва ба қавле аз ноомадии кор риштаи умраш канда шуд.
Замоне сутуни хонадон фурӯ рехт, яъне қиблагоҳи кӯдакони Мустақима аз олам даргузашт, ӯ ҳамагӣ 36 сол дошт. Барои зани танҳо нигоҳубини 8 фарзанди ноболиғ чи мушкилиҳоеро, ки пеш овард. Ӯ мегӯяд, писари калонӣ - Исломиддин 15-сола буд ва ӯ такягоҳи модару додаракон ва хоҳаракони хурдсол шуд. Мушкили басаромада бачаи наврасро мушкилнописанд карда, ҷасорати ҷавонмардиашро фузун намуд.
Зодмандон насиҳат мекарданд, ки омӯхтани касбу ҳунарро дар ҷавонӣ ба таъхир нагузорем. Боғпарварӣ ҳунарест, ки аз хонаводаи шавҳар омӯхтаам. Аз рӯзҳои нахустини сунҳори ин хонавода шуданам, мекӯшидам, то дар корҳои боғдорӣ ёрӣ расонам. Таҷрибаи андӯхтаам дар самти боғдорӣ, ки аз хусури заҳматқаринам омӯхтам, дар дур сохтани санги гарони сари роҳи зиндагии нобасомонам ба кор омад.
Дар як гектар замине, ки бароямон ҷудо карданд, боғ бунёд намудем. Ниҳолҳои парвардаи шавҳарам чун нишоне аз ӯ миёни дарахтони боғ бузург шудаанду ҳосилаш сарфи буҷети хонавода аст. Ҳар сол аз номусоидии боду ҳавои кӯҳистон дарахтонро сармо мезанад ё бо гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо дарахтон осеб дида, хушк мешаванд. Рӯзиамон, ки аз пушти боғдорӣ аст, талош мекунем, то ҳар чи тезтар мушкилиро бартараф созем, боз ниҳолҳои мевадиҳанда харид намуда, боғро месабзонем.
Дар баробари парвариши дарахтони боғи меросӣ, фарзандонро ба воя расондам. Дари касеро барои нон накӯфтам, агарчи рӯзе буд, ки ниёзманд ҳам шудам. Табиист, ки барои зани танҳо ба воя расондани фарзанд кори саҳлу сода нест, - мегӯяд бонуи боғдор.
Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳайдар-1», ки алҳол, роҳбариашро Мустақима Барзуева ба уҳда дорад, беш аз 100 дарахти себу ношпотӣ, чормағзу муруд парвариш меёбад. Бонуи кордону маслиҳатпазир ёд аз суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда мегӯяд:
Ба хотири бекор намондани ҳар порчаи замин байни дарахтони боғ гандум ва картошка кишт менамоям. Дар баробари ҳосили хуби мева, ҳамчунин гандум ва картошка ҷамъ оварда, рӯзгорро аз ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоям.
Бону Мустақима дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону тоҷирон ҳар сол ҳосили аз боғ рӯёндаашро вориди бозор намуда, хушнуд аст, ки саҳми ӯ дар ободии гӯшае аз бозори кишвар ба назар мерасад.
Аз замонҳои пеш муҳоҷират, бахусус барои мардуми кӯҳистон шуғли доимӣ буд. Ёд дорам, ки мардони авлод бо фаро расидани фасли баҳор ба кишварҳои ҳамсоя барои деворзанӣ ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ мерафтанд. Маблағи аз мардикорӣ ёфтаашонро сарфи маводи озуқаи зимистона ва камбудиҳои рӯзгор мекарданд. Имрӯз ҳам мардикорӣ, ба истилоҳ муҳоҷират, писаронамро ба кишвари Россия бурдааст. Бародарон бо навбат ба муҳоҷирати корӣ мераванд, вале боғ чун мероси падар аз нигоҳубин бебаҳра намемонад. Ҳама сарҷамъ мешавему аз пайи ободии боғ мешавем.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Рашт
Мубодила:
Шарҳҳо
