БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Номбардори Восеъ

Аз ҳар боб

(Имрӯз Тошбӣ Ғуломова миёни мардуми ноҳияи Восеъ нест,

аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд).

   Зодаи пойтахт буду мақому манзалати хешро миёни мардуми ноҳияи Восеъ дарёфт ва чун бонуи кордону роҳбари масъулиятшинос дар ин макон шинохта шуд. Баъд аз маълумоти олӣ гирифтану муддате дар истеҳсолот кор кардан, Тошбӣ Ғуломова бо тавсияи бонуи сиёсатмадор Низорамоҳ Зарифова, ки бонувони фаъоли пойтахтро ба маҳалҳои дурдаст ба корҳои роҳбарикунанда раҳнамун месохтанд, ба ноҳияи Восеъ омад ва ӯро ин ҷо хуш пазируфтанду раиси Ҷамоати шаҳраки Восеъ таъин намуданд.

Бонуи ҷавон фаъолияти худро нахуст аз тозагию ободонии кӯчаву маҳал ва ба кору таҳсил ҷалб кардани ҷавондухтарони деҳот оғоз бахшид. Дар андак муддат симои шаҳраки Восеъ ранги дигар гирифт, кӯчаву хиёбонҳо бо гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ороишию мевадиҳанда ҳусни шаҳракро басо зебову мунаввар сохтанд. Тошбии ҷавон қадам ба қадам фарҳанги шаҳрро дар маҳал ҷорӣ намуда, ба амсоли «Иди деҳот» барин чорабиниҳоро дар ҳама деҳаҳои ноҳия гузаронда, бонувони маҳалро ба тозагию ободонии хонаву ҳавлии худ ва пухту пазу ороиши дастархон дилгарм менамуд…

Қобилу ташкилотчӣ ва зиракиҳои сиёсии ин бонуи давр аз назари роҳбарони вақт дур намонд ва пас аз панҷ соли фаъолият дар Ҷамоат Тошбиро ба вазифаи муовинии раиси Шурои вакилони халқи ноҳияи Восеъ таъин намуда, бори вазнини масъулиятро бар дӯшаш гузоштанд. Ӯ, ки фарзандони хурдсол дошт, каме нороҳатиро дар худ ҳис намуд, аммо бо фотиҳаи неки пирони кор ба фаъолият пардохт. Масъули бахши иҷтимоиёту фарҳанг, маорифу тандурустӣ буд. Бонуи кордон акнун масъулияти худро дар доираи васеътар барои пешрафти соҳоти тандурустӣ, фарҳангу маданият ва иҷтимоиёти мардуми ноҳияи сернуфуси Восеъ масраф менамуд. Маҳорати кордонию ташкилотчигии муовини навкор рӯз аз рӯз самар медод, ки ҳар ойина дар ҷаласаҳои моҳона аз пешрафту рушди соҳоти дар зимма доштааш, роҳбари ноҳия ва намояндаҳои аз пойтахт омада сухани таъриф мекушоданд. Иштироку ғолибияти мактаббачаҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, дастовардҳои фарҳангию ҳунарӣ ва беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ аз натиҷаи такудавҳои шабонарӯзии ин бонуи фидоӣ буд.

Адолат Раҳмонова, собиқадори хизмати давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, дар хотираҳои худ ёдовар мешавад, ки Тошбӣ Ғуломова, борҳо пас аз анҷоми вақти корӣ амру супоришҳои нотамомро дар ҳуҷраи кориаш сомон медоду поси шаб ҳамроҳ ба хона мерафтанд, аммо боре ҳам аз кор шикваи ӯро нашнидааст…

Тавре Адолат Раҳмонова зикр менамояд, давраи котиби кумитаи хизбии ноҳияи Восеъ будани Тошбӣ Ғуломова ба даврае рост омад, ки дар давлати Полша Озмуни байналмилалии «Театрҳои халқӣ-этнографӣ» оғоз ёфт. Дар марказ хулоса бурданд, ки Тоҷикистонро дар ин озмун бояд ансамбли «Чашма»-и ноҳияи Восеъ муаррифӣ намояд. Масъулияти Тошбӣ Ғуломова даҳчанд гашт. Тошбӣ ҳамроҳи Адолат Раҳмоноваи ҷавон, ки вазифаи қаблии ӯ, муовини раиси Шурои вакилони халқи ноҳияро уҳда мекард, пурра ба омодагии ансамбл дода шуданд.

Субҳи барвақт дар кохи фарҳанг мешуданду поси шаб ба хона бармегаштанд. Тошбӣ вақти муносиб ба идора медаромаду корҳои ҳизбию самти ба зимма доштаи худро низ корбарӣ мекард ва шабона аз ҳолу аҳволи фарзандон мепурсид. Бобои Миралӣ Маҳмадалиев, раиси колхози ба номи Ленин ҳар замон аз кори дастаи «Чашма» бохабар мешуду рӯ ба Тошбӣ меовард: «Духтарҷон, коре карда ансамбли мо ғолиб ояду шуҳрати хоҷагии овозадори Ленинро дар миқёси ҷаҳон боло баред».

Тошбӣ Ғуломоваро лутфи раис хуш меомаду дилпураш мекард, ки омодагиҳо хубанд ва, албатта, ба мақсад хоҳанд расид. Рӯзи ҷамъбасти омодагиҳо ва тайёрӣ ба парвоз ба самти шаҳри Варшаваи Полша дар хотири ҳар сокини ноҳияи Восеъ нақши муассир дорад. Тошбӣ Ғуломова баъд аз ҳама иштирокчиёни озмун бо дуои пирон вориди тайёра шуд.

Қабл аз оғози озмун ҳунармандонро таъкид мекард, ки худро бегона не, дар мулки худ ҳис кунанд ва бо ғайрату матонат дар аҳди хеш-ғолибият устувор монанд. Хушбахтона, сабру таҳаммул, кӯшишу навовариҳо ва санъати баланд, маданияту фарҳанги қадимаю ҷовидонаи тоҷикона рӯйи кор омад, ки ансамбли «Чашма» миёни бештар аз 30 давлати дунё ҷойи аввалро соҳиб шуда, ба гирифтани шоҳҷоиза - «Табарчаи тиллоӣ» сазовор гашт. Тоҷикистон бо ин муваффақияти ба даст омада ҳамон шабу рӯз хурсандӣ дошт. Тӯйи аҳли фарҳангу ҳунар, тӯйи ҳар сокини мардуми шуҳратёри ноҳияи Восеъ, ки дар саргаҳи ин пирузӣ исми бонуи бофарҳанги ташаббускор Тошбиро ба забон меоварданд…

Тошбӣ Ғуломова баъдтар дар вазифаи раиси Шурои вакилони халқи ноҳияи Восеъ ва солҳои охир дар кумитаи кор бо занон низ ифои вазифа намуд. Ин бонуи номвар айни камолот, дар 54-солагӣ аз дунё рахти сафар баста, аз худ баробари андуҳи калон хотираи неку шоистаи таҳсин ба ёдгор монд…

Рустами НАЗИР

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 59)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон