БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Издивоҷи тулонитарин

Аз ҳар боб

Ҷуфти ҳамсароне аз Бразилия исбот карданд, ки муҳаббат метавонад устувору безавол бошад. Маноэл Ангелим Дино ва Мария де Соуза Дино муддати  84 солу  77 рӯз бо ҳам буда, ба ин далел дар  китоби рекордҳои Гиннесс сабт шудаанд.

Ҳамсарони бразилиягӣ   ҳоло яке  105-сола ва дигаре 101 сол дорад. Онҳо соли 1940 дар калисои Боа Вентура дар Сеара издивоҷ карда, аз он вақт то ҳанӯз ҳамроҳанд.

Ин ҷуфт соли 1936 бо ҳам вохӯрдаанд. Дар аввал модари Мария зидди муносибати онҳо буд. Барои бовари волидони духтарро ба даст овардан ҷавон манзили истиқоматӣ бунёд кард.  Пас аз розигии хонаводаи духтар Маноэл ва Мария соли 1940 издивоҷ карда, дар зистгоҳи набунёд ҳаёти оилавиро шурӯъ намуданд. Онҳо 13 фарзандро ба воя расондаанд, ки баъдан соҳиби 55 набера, 54 абера ва 12 чабера шудаанд. 

    Таҳияи М. Балаҷонова

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 46)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон