БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Оҳангаре дилхоҳ

Аз ҳар боб

Вақте масъулини ноҳия бо ифтихор номи апаи Дилхоҳро ба забон гирифтанду аз беҳтарин оҳангарони ноҳияи Ёвон буданашро зикр карданд, муштоқи суҳбати ӯ гаштем. Дилбастагии ғоибонаам ба ин бону аз он буд, ки худ бо нони марди оҳангар ба воя расидааму бӯйи оташу оҳан ва коргоҳи кафшергарии падар мисли буйи нони модар бароям лаззатбахш аст.

Бонуи кафшергар Дилхоҳ Абдиеваро дар коргоҳаш саргарми сохтани таҳдегӣ дарёфтем. Лаҳзае чанд аз паси шарораҳои асбоби оҳанбурӣ чеҳраи бонуе падидор шуд, ки мисли Гурдофарид аз «Шоҳнома»-и ҳазрати Фирдавӣ гесуро ба зери кулаҳ ниҳон карда, бо қувваи хираду бозу ба номардон дарси мардӣ меомӯзад. Суҳбати мо бо бонуи заҳматписанд дар дӯкони маҳсулоти хом гарму самимӣ сурат гирифт.

 Ман аз хурдӣ духтараки шӯху беқарор будам. Дугона кам доштаму бештар бо бародаронам бозӣ мекардам. Оҳанпораву фулузот, асбобҳои корношоями рӯзгор бароям аз зочаву бозичаҳои духтарона бештар писанд буд. Дар наврасӣ ҳам асосан ба корҳои падар ёрӣ мерасондам ва ин гоҳо модарамро ба хашм меовард. Барои ба корҳои духтарона саргарм кардани ман модар супоришҳои зиёд медод. Чолоку чаққон ки будам, якрӯза корро дар як соат анҷом дода, мешитофтам сӯйи падар, - ёди даврони хуррамии рӯзгор мекунад бону Дилхоҳ.

Сарфи назар аз чолокиву нотарсӣ Дилхоҳ мисли дигар духтаракони деҳ боназокат ба камол мерасиду бар хилофи нигарониҳои модар, ҳанӯз мактаби миёнаро хатм накарда, хостгорони зиёд дошт. Наврасиву тозаҷавониҳои ӯ мисли дигар ҳамнаслонаш дар зери фишори ҷанги шаҳрвандӣ дилгиру беранг буду орзуи хондану соҳибмаълумот шудан барояш афсона менамуд.

 Падарам дар «Селхозтехника» муҳандиси асосӣ буданду модар муҳосиб дар ҷамоати деҳот. Ба мо 9 фарзанд имкон фароҳам оварданд, то дар зиндагӣ соҳиби касбу кори дилхоҳ бошем. Модар ба хотири беҳунар намондану дар зиндагӣ хор нашудан маро борҳо ба назди чеварон ба шогирдӣ бурданд. Аз риштаву матоъ дида, таркиби қайчиву сӯзан ва дарзмолу мошина диққати маро бештар ҷалб мекард. Хондану соҳибмаълумот шудан барои мо духтаракони он даврон кори саҳлу сода набуд. Он рӯзҳои душвори баъдиҷангӣ хондан чӣ, зинда мондан қаҳрамонӣ буд, - афсӯс мехӯрад бону Дилхоҳ.

Соли 1998 риштаи тақдир ӯро бо ҷавоне пайванд намуд, ки дилогоҳу боғайрат буду аз падар ҳунари кафшергаргарӣ меомӯхт. Дилхоҳбону дар хонаводаи шавҳар худро мисли дар олами руъёҳояш дарёфт. Хушдомани дастгиру ғамхор дош­ту хусури меҳнаткаш, ки доим пайи дарёфти ризқу рӯзии фарзандон талош меварзиданд. Хушдоман мисли модар барояш тамоми нозукиҳои зиндагидориро меомӯхту хусур аз шавқу завқи сунҳор ба касбаш мамнуну қаноатманд буд.

 Сарнавишти худро сипосгузорам, ки маро ба чунин хонадон арӯс намуд. Хусурам оҳангар буду бо хоҳиши хушдоманам барояш хуроки гарм мебурдам ва асбобу ускунаи коргоҳи ӯро бодиққат наззора менамудам. Вақте пораи сахти оҳанро дар ҳарорати баланди оташи ангишт об мекарду онро ба қолаб мерехт, дили ман дар баробари оҳан об мешуд. Ба тавоноиву таҳаммулпазирии ӯ ба дил таҳсин мехондаму ба кораш зеҳн мемондам. Аз мӯре мададе гуфтаи одамон гоҳо ба доштану бардоштани симу оҳанпорае аз пеши худ барояш ёрӣ мерасондам. Дар аввал хусурам аз ёрии ман истиҳола мекард, то мабодо чангу ғубори оҳан ё шарораи оташи он ба саломатиам зарар расонад. Баъдҳо ӯ низ ба ин шогирдии ман одат карду корҳои нисбатан сабуки васлгариро бароям меомӯхт. Устоди нахустинам буд, ки аз шогирди густоху хушзеҳни худ меболид, - механдад апаи Дилхоҳ.

Барои пешбурди кору зиндагӣ шавҳари Дилхоҳбону оҳанпора ҷамъ мекарду гоҳо ҳамсафари ҳаёт бо ӯ ҳамроҳ мешуд. Акаи Мусулмон дар ибтидо аз таваҷҷуҳи бонуи хонадон ба ин пеша шарм медошт, аммо дастони ёрирасони ӯ ҳамеша барояш илҳомбахш буданд. Хушмуомилагии бону дар ҷамъоварии оҳан тумори барори кори шавҳар мешуд.

 Аҳли хонаводаи шавҳар оҳиста-оҳиста ба касби нави ман омӯх шуанд. Аз он ки шавқу ҳаваси бачагӣ дар ниҳодам ҳанӯз нахобида буд, корҳои душвортари оҳангариву кафшергариро аз шавҳарам зуд омӯхтам. Аз оташаку шарораи оҳанбуру асбоби кафшергарӣ ҳарос надоштаму дар аввал фақат ба корҳои нисбатан сабуктар, аз қабили рангу бор, пайвандсозиву тозакунии оҳан ба шавҳару хусурам ёрӣ медодам. Пас аз реҳлати хусурам тамоми абзори кориашон ба шавҳарам мерос монду воситаи ризқи мо дар рӯзгор шуд. Шукри сулҳу ободӣ, ки бо зарби дасту гармии дил соҳиби зиндагиву номи неку дар деҳу маҳал гаштем, - иброз медорад бонуи матинирода.

Бонуи оҳангар дар радифи сохтани таҳдегиву кафгир, белу каланд, дарвозаву арғунчакҳои замонавӣ ва ҳазору як абзори рӯзгор бо шавҳари меҳрубон зиндагии шостае сохту 8 ҷигарбандро бо арақи ҷабин ба воя расонд. Ду писар давомдиҳандаи кори волидонанду духтарони дилбанд дар донишкадаву коллеҷу мактаб таҳсили касбу илм доранд. Гоҳе духтарон мехоҳанд модарро аз ин фаъолияти ба қавле мардона нигаҳ доранд, аммо бонуи оҳангар рӯзу рӯзгори хешро бе пайванд кардану сохтану офаридан тасаввур карда наметавонад. Хонаводаи ҳунарвар дар маркази ҷамоати деҳаи ба номи Гулсара Юсуфова соҳиби дукони оҳангариянду хизматрасониро шоиста ба роҳ мондаанд ва шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд.

 Дар симои духтаракони чолоку боғайрат мехоҳам Дилхоҳи дигареро пайдо кунам. Бонуҳои корафтодаеро, ки андак мароқ зоҳир намударо, борҳо ба шогирдӣ ҷалб кардаам, аммо бардоштани оҳанбуру оҳанваслгарӣ на танҳо бозуи қавӣ, балки азму хоҳиши мардона талаб мекунад. Ман аз оилаву аз пешаи худ ифтихор дорам ва аз сипосу қаноатмандии фармоишгарон, ки натанҳо аз ноҳия, балки аз дигар шаҳру навоҳии вилоят ба суроғамон меоянд, болидаруҳ мешаваму мекӯшаш дилхоҳ фармоишашонро бо сифати олӣ ба сомон расонам, - илова мекунад Дилхоҳбону.

Зиндагӣ, ки барои бонувони коҳилу мағрур сахттар аз оҳан аст, аз ҳарорати дасту дили Дилхоҳ Абдиева нарм гаштаасту чеҳраи шукуфону табассуми гарми ӯ посухи сазовор бо мардонест, ки шиква аз тангии рӯзгор доранд. Бо ин ҳунари асил, ин хонаводаи хушбахти диёр натанҳо дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, балки дар қаламрави вилояти Хатлон бо иштирок дар намоишу фестивалҳои ҳунарӣ мавқеи хоси худро дар ҷомеа соҳиб гаштаанд.

Мафтуна НАЗИРОВА,

Душанбе - Ёвон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон