Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Духтари оча
Аз ҳар боб«Дар ноҳияи Ёвон бонувони номвару муваффақ ва содиқ ба кору вазифа кам нестанд», -- аснои шиносоӣ иброз дошт муовини раиси ноҳия Саёҳат Абдуллозода. Исми директори почтаи ноҳия Тоҷинисо Шарифоваро бошад, бо эҳтиром ба забон оварда, афзуд, ки дар пешравию малакаи роҳбарии ӯ низ саҳми болозикр арзанда аст.
Тоҷинисо фарзанди дувуми қаҳрамонмодар Бибихонум Сафолова аст, ки имрӯз дар сояи 12 фарзанди хеш давлати пирӣ меронад. Холаи Бибихонум ду писару даҳ духтари хешро якҷо бо ҳамсараш Мурод, дар кӯчаи Партизани сурхи ноҳияи Ёвон бо заҳматписандӣ ба камол расондаву соҳибилму соҳибтахассус гардондааст. Падар, ки аз аҳли зиё буд, фарзандон аз таълиму тарбияи дуруст хуб баҳра бурданд. «Он чи мо дар рӯзи мавлуд аз қиблагоҳ ҳадия мегирифтем, китобу дафтар буду қалам», - ёд меорад вай аз падари шодравонаш. Бино ба хотираҳои Тоҷинисо падар хондани китоб, махсусан, асарҳои таърихиро дӯст медошт ва муҳаббати китоб, хатту саводро дар қалби фарзандон ҳамвора бедор менамуд. Хушбахтона, рӯ овардан ба китобу дониш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии волидон буд, ки аз шумори дувоздаҳ нафар фарзанд, касе бе маслаку нафаре бе маълумоти олӣ намонд.
Тоҷинисо соли 1989, баъд аз хатми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, дар мактаби деҳаашон омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шуда, қобилияти кордонию малакаи роҳбарии худро ба назарҳо намоён намуд. Соли 2001 ӯро раиси бахши кор бо занҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузиданд. Вазифаи нав ӯро боз ҳам масъулият бахшида, кӯшиши худро баҳри ҳимояи манфиатҳои занони маҳал, ба донишу ҳунар рӯ овардани духтарони деҳот сафарбар намуд. Ва аз ҳама муҳим ҷиҳати рафъи хушунати хонаводагӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекард. Қобилияту кордониаш аз назарҳо дур намонд. Тоҷинисо Шарифова муовини раиси ноҳия дар бахши маънавиёту иҷтимоиёт таъин гашт. Солҳои муовини раиси ноҳия кор кардан, қобилияти кордонии ин роҳбарзан зуҳур кард ва соҳаҳои ба дӯш доштааш пешраву муваффақ шуданд. Мактабу маориф, соҳаи тандурустӣ мавриди назари ҳамешагии мавсуф қарор доштанд ва кам рӯзе мешуд, ки масъулини соҳаро ба ҳузур намепазируфт. Шумори довталабони муваффақ дар макотиби кишвар ва берун аз он бо ифшои рақамҳо тули солҳои 2006–2011 ба маротиб афзудааст, ки ин гувоҳ аз заҳматҳои ҳамешагии Тоҷинисо Шарифова буд.
Соли 2011 бонуи заҳматписандро дар Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейни ноҳияи Ёвон раиси таъин намуданд, ки аз ҷамоатҳои калони ноҳия маҳсуб меёбад. Раиси деҳот деҳа ба деҳа, савораву пиёда аз пайи ҳалли мушкилоти рӯзмарра мешуд. Таваҷҷуҳи аввал ба мактабҳои деҳот, марказҳои саломатӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ нигаронда шуд, то маънавиёту иҷтимоиёти мардум боло бурда шавад. Маҳорати корию қобилу тавоно буданаш дар чашм аён буд, ки мардуми маҳал дарҳол дӯсташ доштанду ҳар азме, ки пиёда кардан мехост, хурду калон бараш рост меистоданд. Аксари соҳибкору саховатмандони ҳудуди деҳотро барои беҳдошти зиндагии мардум ва ободонии маҳал бо лутфу марҳамати хосса сафарбар менамуд. Мардуми деҳаи Чароғчӣ, ки солиёни зиёд мушкили оби ошомиданӣ доштанд, бо кӯшишҳои раис орзуи худро ҷомаи амал пӯшонда, аз масофаи 12 км хатти оби нӯшоӣ оварданд.
Уҳдадориҳое, ки соҳибкорони ватанӣ дар шартномаи худ нишон додаанду бетаваҷҷуҳӣ кардаанд, онҳоро баҳри иҷрои шартҳои ба зимма гирифтаашон моҳирона муваззаф менамуд. Корхонаи истеҳсолии сементбарории «Хуаксин семент», ки дар ҳудуди деҳот қомат афрошт, ҳангоми мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳо ғаюрӣ намуда, сохтмони як таълимгоҳ ва бо оби нӯшоӣ таъмин намудани наздиктарин деҳаи бари корхонаро бар зимма гирифт. Баъди ба кор сар кардани коргоҳ бандҳои шартнома аз ду ҷониб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Тоҷинисо Шарифова ҳамчун раиси деҳоти Ҳасан Ҳусейн, шартномаи тарафайнро дубора мавриди назар қарор дод. Ҷасорату пофишориҳои раис чиниҳоро водор намуд, ки боми мактаби деҳаро иваз ва синфхонаҳоро бо мизу курсии нав таъмин карда, толори замонавӣ сохта, ба истифода диҳанд. Тоҷинисо кафшергару устоҳои чирадастро киро карда, аз лӯлаи обгузари корхона ба деҳа хатти оби нӯшокӣ кашонд. Ҳамон вақт мардуми солори деҳа, пиру барно, марду зан хитоб менамуданд: «Тоҷинисо, дар асл духтари очаш, чи ки гуфт, бояд иҷро шавад».
Бону Тоҷинисо аз кардаву комёбиҳои хеш гуфтан намехост, зеро он чи ки анҷом дода буд, дар чашми мардум аён ва мо низ то оне, ки дар ҳузураш шудем, аз чанд нафар соҳибмансаб, шиносу ношинос дар борааш ҳақиқати бебаҳсро шунидем. Баҳои ҳамагӣ яке буд: «Тоҷинисо зани оқилу кордон ва маҳорати хосаи корбарӣ дорад, бо фарқ аз дигар бонувони сарвар, сахгиру боирода ва ҳам модари меҳрубон аст. Онҳое, ки ӯро хубтар медонистанд, зиёд тавсифи кораш карданд.
Як дидори пурбор
Суҳбати сари роҳию тасодуфӣ бо раиси вақти вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ҳеҷ аз хотираш намеравад. Ин дидор баҳори соли 2012 дар яке аз ёлаҳои ағбаи Чормағзак, дур аз маркази ноҳия рух дод, ки раиси вилоят бо раиси ноҳия аз вазъи корҳои саҳро дидан менамуданд. Ағбаи Чормағзак шомили ҳудуди деҳоти Ҳасан Ҳусейн аст, ки раис бо ҷалби зиёди мардуми деҳаҳо ба тозагии гирду атрофи шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб ва шинондани дарахтони сояафкану боровар ва гулу гулбуттаҳо машғул буд. Ба ташкили кору мӯзаҳои раиси деҳот нигариста, роҳбари вилоят аз ӯ пурсид:
Роҳ дур, мошини хидматӣ доред?
Тоҷинисо боадабона: «Ҳамааш мешавад», - гӯён посух дод. Ғайбулло Авзалов арзандаи вазифа ва содиқона кор кардани раиси деҳотро ба манфиати миллату Ватан арзёбӣ карду аз ӯ комёбиҳои зиёдро хоҳон шуд. Ҷамоат бо мошини хидматӣ таъмин гардид ва ҳам барои пешравиҳояш 20 ҳазор сомонӣ мукофот гирифт.
Тоҷинисо Шарифова имрӯз дар вазифаи директори почтаи Ёвон масъулияти худро бо сари баланд пеш мебарад. Фазои иттилоотии ноҳия бо кӯшишу роҳбарии ӯ холӣ нест. Мардуми фарҳангдӯсту маорифпарвар ба аксари рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ номнавис шудаанд. Кормандони почта сари вақт матбуоти давриро ба сокинон дастрас мекунанд. Бонуи роҳбар аз худ ва рисолати доштаву кормандони аҳлаш ифтихорманд аст.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Ёвон
Мубодила:
Шарҳҳо
