БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шуҷоъзан

Аз ҳар боб

Истиқлоли давлатӣ мавқеи занро дар ҷомеа мустаҳкам намуда, шароит фароҳам овард, ки онҳо неруи созандаашонро баҳри ободии кишвар равона созанд. Имрӯз зани тоҷик на танҳо дар касбҳои маъмуливу занона, балки дар сохторҳои ҷиддӣ низ масъулият дорад. Аз ҷумла, дар сохторҳои низомӣ бонувони шуҷоъ бо далериву ватанпарастӣ бори масъулияти тартиботи ҷамъиятиро бар дӯш доранд. Бонувони сохтору ниҳодҳои қудратӣ баробар бо мардон хизмат намуда, баҳри оромиву осудагии ҷомеа саҳм мегузоранд. Зарина Назарқулова аз ҷумлаи нафаронест, ки дар мақомоти қудратӣ 20 сол боз дар вазифаҳои гуногун фаъолият мебарад.

 

- Замоне, ки мактаби миёнаро хатм намудам, солҳои пас аз нооромиҳо буду имкони ба пойтахт рафтан ва донишҷӯ шудан набуд. Солҳо машғули корҳои рӯзмарра будаму орзуи донишҷӯ шудан дар дилам рӯз аз рӯз бештар мешуд. Соли 2005 аз тарафи идораи шуғли аҳолии ноҳияи Панҷ ба курси яксолаи омӯзиши компютер фиристода шудам. Баъди омӯзиш корамро ҳамчун ҳуруфчин дар басти молияи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ оғоз намудам, - гуфт бонуи ватандор.

Сипас, дар давоми кор ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда, онро муваффақона хатм кард. Давоми кор тавонист бо хислатҳои инсондӯстӣ ва ватанпарвариаш дар байни хизматчиён обрую эҳтиромро ба даст орад. Ҳамкорон дар симои ӯ дӯсту ёварро пайдо намуда, дар ҳалли масоили гуногун аз ӯ маслиҳат мепурсанд.

-Ҳамкорон на танҳо чун коргар, балки ҳамчун модару хоҳар нисбатам муносибат намуда, эҳтиромамро ба ҷо меоранд. Муҳити хуби корӣ дорем. Бо ҳам чун дӯстон қаринем. Дар ҳар вазифае, ки кор мекунем, онро бояд аз сидқ ба ҷо орем. Ҳар муваффақият аз кӯшишу ғайрат вобаста аст. Агар корро сидқан иҷро кунӣ, душворӣ пеш намеояд. Зан бояд намунаи ибрат бошад ва дар ҳама ҳолат фазои орому осударо нигоҳ дорад, - зикр намуд Зарина Назарқулова.

Заринабону 30-юми апрели соли 1981 дар ноҳияи Панҷ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш сармуҳандиси пойгоҳи нақлиётӣ буду модараш дар шуъбаи кадрҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекард. Зодмандон се духтару як писари хонадонро ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ талқин менамуданд.

Соли 2013 Зарина бахти худро аз байни ҳамсабақон пайдо кард. Ҳамин тавр, соҳиби ду духтару як писар шуд, ки феълан мактабхонанд. Шавҳараш, ки шахси бофаҳм ва бомаърифат мебошад, бо ёрии ӯ ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Дар тарбияи фарзандон саҳми шавҳараш беш асту ҳамеша ҳамсари низомиашро дастгиру мададрасон аст. Чун бонуи оила аз роҳҳову розҳои тартибот огоҳ аст, дар хонадон низ якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост…

Алҳол бону Зарина ба симати нозири кадрҳо оид ба ҳайати шахсӣ дар мақомоти шуъбаи корҳоидохилӣдарноҳияиПанҷ фаъолият менамояд. Ҳисси баланди масъулиятшиносиаш ва одобу муносибати самимона ӯро соҳибэҳтиром гардондаанд.

Ӯ аз зумраи бонувонест, ки ҳастии худро фидои оромиву осоиштагии Ватан намуда, дар баробари ин рисолати инсонии худ, модариву ҳамсариро сарбаландона иҷро менамояд ва намунаи ибрат аст барои духтарони ҷавон, ки дар дил орзуи низомӣ шуданро доранд.

Мадина БАЛАҶОНОВА,

Душанбе - Панҷ - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон