БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ДУШАНБЕ – МАРКАЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Аз ҳар боб / Слайдер

Дар оғози асри XXI инсоният бо мушкили ҷиддӣ ва глобалӣ: обшавии пиряхҳо ва камшавии захираҳои оби нӯшокӣ рӯбарӯст. Дар раванди тағйирёбии иқлим ҳарорати сайёра гарм шуда, боиси нестшавии манбаъҳои асосии об — пиряхҳо гардида истодааст. Об ҳамчун ҷузъи асосии ҳаёт, на танҳо барои рӯзгори инсон, балки барои тамоми низоми ҷаҳонӣ, махсусан низоми экологӣ ва иқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо танҳо масъалаи як кишвар нест.

 

Маҳз дар чунин вазъи ҳассос, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз аввалинҳо шуда, масъалаи обшавии пиряхҳоро ба рӯзномаи ҷаҳонии сиёсати об ва иқлим ворид намуд. Тоҷикистон - кишвари кӯҳсор бо ҳазорон пирях ва чашмаи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об — имрӯз ба садои боварбахши табиат табдил ёфтааст. Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии аҳолии ҷаҳон дар бораи нақши муҳиме, ки пиряхҳо дар системаи иқлими сайёра доранд, мебошад. Он минбаъд ҳамасола дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21-уми март) таҷлил карда мешавад. Имсол бори аввал моҳи март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бахшида ба ҳар ду сана як чорабинӣ баргузор шуд. Ҳадафи он аз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои бо ҳам алоқаманди дастрасии об, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо иборат буд.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш соли равон дар паёми худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфт: «Мо бояд як ҳақиқати сард ва сахтро дар хотир дорем: ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст. Биёед якҷоя амал намоем, то барои инсоният ин манбаъҳои яхбастаи ҳаётро ҳифз кунем».

Рӯзҳои 29–31-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки ин боз як иқдоми назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд. Баргузории Конфронс дар шаҳри Душанбе қадами амалӣ дар роҳи ҳалли ин мушкилоти ҳаётӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4–5 -уми апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд доир гардид, бо таъкиди таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва аҳамияти пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи об ва унсури ҳифзи иқлим дар минтақа чунин иброз намуданд: «Обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об  барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд».

Пиряхҳо яке аз муҳимтарин ганҷинаҳои табиати сайёра буда, барои таъмини об, танзими иқлим ва нигаҳдории гуногунрангии биологӣ нақши калидӣ доранд. Онҳо на танҳо ба сифати махзани об хидмат мекунанд, балки дар раванди гардиши табиии об, ташаккули дарёҳо ва обёрии минтақаҳои васеъ саҳми бузург мегиранд. Тақрибан 70 дарсади оби ширини рӯйи Замин маҳз дар пиряхҳо маҳфуз аст ва обшавии онҳо сарчашмаи бузурги дарёҳои бу зург, аз ҷумла Сир, Ому ва Зарафшон мебошад, ки ҳаёти миллионҳо сокинони Осиёи Марказиро таъмин месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари баландкӯҳ, зиёда аз 13 ҳазор пиряхро дорост, ки тақрибан 8 фоизи ҳудуди онро фаро мегиранд. Яке аз бузургтарин пиряхҳои минтақа — пиряхи Ванҷях (Федченко) дар Тоҷикистон ҷойгир аст, ки бо дарозии беш аз 70 километр дар қатори азимтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон қарор дорад. Пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об ба кишварҳои ҳамсоя низ хизмат мекунанд ва нишондиҳандаи аҳамияти трансмиллии манбаъҳои обии Тоҷикистон мебошанд.

Бо вуҷуди ин, таҳлилҳои ахири илмӣ нишон медиҳанд, ки аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300 пирях дар панҷоҳ соли охир комилан об  шудааст ва ин раванд босуръат идома дорад. Дар сурати идома ёфтани чунин тамоюл, ҷомеаи башарӣ бо камбуди ҷиддии об, фалаҷшавии соҳаҳои гидроэнергетика ва кишоварзӣ, коҳиши гуногунрангии биологӣ ва ноамнии озуқаворӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани пиряхҳо вазифаи муҳими байналмилалӣ ва амри таъхирнопазир аст.

Зарурати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар заминаи воқеияти бебозгашт ва нигаронкунандаи обшавии пиряхҳо шакл гирифт. Суръати ин раванд, ки тибқи арзёбиҳои СММ метавонад дар даҳсолаҳои наздик ҳаёт дар садҳо минтақаи ҷаҳонро таҳти хатар қарор диҳад, тақозо мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ чораҳои фаврӣ андешад.

Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ ва ташаббускори сиёсати об, беназир арзёбӣ мегардад. Пешниҳоди эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Маркази байналмилалии омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон гувоҳи амалӣ шудани як дидгоҳи амиқ ва дурбинона мебошад. Ин иқдомҳо аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон бо гармию самимият пазируфта шуданд.

Баргузории Конфронс дар шаҳри Душанбе на танҳо як рӯйдоди муҳим, балки рамзи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба маркази ташаккули афкори байналмилалӣ дар масоили иқлим ва об табдил ёфтааст. Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои пайгирона тавонистанд ҷомеаи ҷаҳониро водор кунанд, ки масъалаи пиряхҳоро ба сатҳи аввалиндараҷаи рӯзномаи иқлимии сайёра табдил диҳанд.

Имрӯз, вақте ки инсоният дар остонаи буҳрони шадиди экологӣ ва обӣ қарор дорад, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи садоқат ба масъулияти башарӣ пешсаф аст. Конфронси сатҳи баланди пиряхҳо дар Душанбе на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки як даъват ба тамоми инсоният мебошад — барои амал, барои ваҳдат, барои наҷоти табиат ва оби ҳаётбахш.

Ин ташаббусҳои таърихӣ на танҳо обрую эътирофи байналмилалии Тоҷикистонро боло мебаранд, балки барои наслҳои оянда умеду имкони зиндагии солимро боқӣ хоҳанд гузошт. Садои Тоҷикистон — садои оби ҷаҳон аст.

Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ,

котиби матбуотии Кумитаи телевизион

ва радиои назди Ҳукумати ҶТ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон