БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!»

Аз ҳар боб

Таърихи инсоният пур аз ҳодисаю воқеаҳоест, ки бо гузашти асрҳо аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд. Қаҳрамонии абармардони ҷабҳаи набард, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ҷон ба каф гирифта, бар зидди ғосибони фашист ба хотири ҳифзи марзу бум ва нангу номуси ватандорӣ ҷангиданд, фаромӯшношуданист. Шиори абадии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» низ ба хотири сарбозони ҷонфидо гуфта шудааст.

Соли 1941, ки Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард, сокинони кишварҳои бародар паҳлуи ҳам истода, ҳимоя аз сарзамини хеш намуданд. Тоҷикистон низ 300 ҳазор фарзанди дилбанди худро ба майдони ҷанг фиристод. Домани 100 ҳазор дар майдонҳои муҳориба ба ҳалокат расида, баъзеҳо гумному бенишон шуданд.

Фиристодагони Тоҷикистон дар қатори ҳазорон ҷанговарон дар дифои Қалъаи Брест, шаҳрҳои Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол, Ленинград (Санкт-Петербург), Сталинград (Волгоград), Москва ва ғайра ширкат варзида, дар рахна намудани муҳосираи Ленинград, муҳорибаи Камонаки Курск, инчунин дар поксозии Беларус, давлатҳои назди Балтика, Полша, Чехия, Словакия, Словения, Руминия, Булғория ва ғайра аз истилогарони ҳитлерӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Тибқи маълумот имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебарад. Дар баробари собиқадорони ҷанг заҳматкашони ақибгоҳ низ дар таъмини фронт бо озуқа ва сарулибос саҳми созанда гузоштанд.

Аёдати бонувони қаҳрамон

Дар суҳбат бо Ҷамила Навидова, муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маълум гардид, ки алҳол дар ин ноҳия 2 иштирокдори ҷанг: Мухтор Заргарови 101-сола ва Бозор Нағзибекови 99- сола зиндагӣ доранд. Ҳамчунин, заҳматкашони ақибгоҳ Солеҳа Раҷабоваи 99-сола ва Маҳмудахон Баҳриддиноваи 96-сола сокини ин ноҳия мебошанд.

- Собиқадорони ҷангу меҳнат хотираи зиндаи таъриханд ва корнамоиҳояшонро ҳеҷ гоҳ башарият фаромӯш намесозад. Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино на танҳо дар арафаи иду айём, балки сари ҳар вақт аз ҳолу аҳволи собиқадорон хабар мегиранд. Собиқадорон пайваста аз ёрии моддию маънавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино баҳравар мегарданд.

Чанде пеш ба истиқболи 80-умин солгарди Ғалаба бар фашизм китобе бо номи «Абармардон, дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» аз Тоҷикистон» нашр шуд, ки дар он аз зиндагиномаи ҷанговарони шуҷоъ қиссаҳо оварда шудаанд, - мегӯяд Ҷамилабону.

Бо роҳбаладии Ҷамила Навидова моро низ муяссар гардид, ки бо заҳматкашони ақибгоҳ Солеҳа Раҷабова ва Маҳмудахон Баҳриддинова ҳамсуҳбат шавем.

Муҳаббати бозгашта Солеҳа Раҷабова аз замони оғозёбии ҷанг, азобу машаққати замони ҷанг ва баъдиҷангии мардум бароямон қиссаҳо намуд. Ӯ мегӯяд, ки хабари аз даст додани дӯстону наздикон ҳар лаҳза оламро фарогир буд, вале меҳру муҳаббати самимию беғаразона пойдор буд.

- Шаҳди он муҳаббати самимиро мисли ман ҷавонони зиёде пас аз ҷанг чашидаанд. Ман зодаи шаҳри Коломнаи вилояти Подмосковйеи Федератсияи Россия ҳастам ва бо амри тақдир то имрӯз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Ҷанги Бузурги Ватанӣ дӯстию рафоқатро байни ҷумҳуриҳои онвақтаи шуравӣ афзуда буд. Маро низ ба ин кишвари зебою дилфиреб муҳаббати поки ҷанговарписари тоҷик овард, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Ба гуфтаи момои Солеҳа, дар оғози ҷанг ӯ ҳамагӣ 15 сол дошт. Овозаи шум зуд доман паҳн мекунад, мегӯянд. Хабари ҳуҷум кардани душман мардумро ба таҳлука овард. Байни худ мегуфтанд, ки немисҳо ба деҳаҳо даромада, одамонро кушта, молашонро ғорат намуда, занону духтаронро таҷовуз мекунанд. Ин овозаҳои ваҳмангез Солеҳаи навҷавонро ба шӯр оварданд.

- Аз миёни духтарони ҷасури деҳа 11 нафарро ҷамъ намуда, гуфтам: «Ба ҷанг меравем! Ин ҷо ғам хӯрда, нишастани мо ҳеҷ муроде ба бор намеорад! Бигзор дар ҷанг бимирем, вале номусро аз даст надиҳем!». Ба комиссариати ҳарбии шаҳр рафтем, қабул накарданд. Гуфтанд, ки хона ба хона равем.

Се рӯз баъд ба комиссариати ҳарбии шаҳри Москва рафтем. Тавалло кардем, ки ақаллан барои шустани пайтобаи аскарон моро ба фронт фиристанд, боз ҷавоби рад гирифтем, вале ба қафо барнагаштем, - ёд аз рӯзҳои сангин овард ӯ.

То наздик шудани душман ба остонаи шаҳри Москва ҳамагӣ 30 км монда буд. Зану мард, пиру барно ба кандани хандақҳо аз хонаҳо берун шуданд. Байни худ мегуфтанд, ки фашист омода аст, ки то шом шаҳру ноҳияҳои атрофи Москваро забт намояд. Ҳитлер нақша дорад, то ғизои шомро дар Кремл хӯрад, лекин ба мақсад нарасид. Агарчи пулҳо ва роҳҳои оҳан тарконда шуда, хонаҳо валангор гардиданд, вале қувваи бузурги халқ пеши роҳи душмани ғаддорро гирифт.

Воқеан, мардум дар ақибгоҳ бо неруи қудратманди худ саҳми арзанда гузошт. Сарбозони ин лашкари пурқуввати беяроқ занону наврасон ва пирон буданд, ки шабу рӯз бо шиками нимгурусна ва пойи луч ибораи «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба»-ро шиор карда, дар саҳро заҳмат мекашиданд.

Комиссари ҳарбӣ низ маслиҳат дод, ки дар колхоз кор кунему барои ҷанговарони ҷабҳа озуқа ҷамъ оварем. Моро ба вилояти Уляновск фиристонданд. Рӯзҳои аввал барои духтароне, ки боре ҳам каланд ба даст нагирифта буданд, кори саҳро мушкилӣ пеш овард. Бо дастгирии занҳои деҳа кори саҳро ва ғалладаравиро омӯхтем. Баъди ҳосилғундорӣ кор дар ҷангал идома ёфт. Рӯзона дарахт мебуридем, шабҳои сармои зимистон машъал афрӯхта, гирди он мехобидем. Яке аз духтарон ба сардиҳо тоб наоварда, бемор шуда, вафот кард, - бо таассуф ёд аз он рӯзҳои мудҳиш кард бибии заҳматкаш.

Вақте Солеҳа Раҷабоваро аз рӯзҳои хуши Ғалаба бар фашизм пурсидем, якбора чашмонаш барқвор дурахшиданд. Мисле ки навакак хабари хушро шунида бошад, кӯдаквор болида, гуфт:

- Дар кори саҳро будем, аз дуриҳои дур, ки деҳаҳо менамуданд, алангаи оташро дида, ҳама ба таҳлука афтодем, аммо садои мутанта- ни «Ғалаба, Ғалаба, Ғалабаааа…»-ро шунидем, ором гирифтем. Аз ин пайғоми деринтизор волидони фарзандгумкарда, занҳои шавҳармурда, кӯдакони бепадармонда ҳама ба зону зада, мегиристанд, ашки шодӣ мерехтанд. Ман низ хурсанд шудам, ки ба назди падару модар меравам, - иброз дошт момои Солеҳа.

Аммо роҳбарияти колхоз аз онҳо хоҳиш менамояд, ки бо ҳамроҳии дигар заҳматкашони ақибгоҳ то анҷоми ҳосилғундорӣ бимонанд. Танҳо моҳи декабри соли 1945 Солеҳа ба шаҳри Коломна баргашт.

Се рӯзи ҳамкорӣ дар хандақковӣ бо ҷавонписари тоҷик дар қалби дуяшон оташаки муҳаббатро афрӯхт. Лейтенант Каромат Раҷабов ба майдони набард рафту баъди фиристодани ду мактуби саршор аз ишқаш Солеҳаро ҳеҷ хатту хабар аз ӯ набуд. Пас аз шаш сол тақдир онҳоро боз ба ҳам пайваст.

- Сафари хизматӣ боис шуд, ки Каромат Раҷабовро баъди солҳои ҷудоӣ вохӯрдам. Соле пештар ҳамяроқаш ба Тоҷикистон сафар намуда буд, тавассути ӯ нишонии маро пайдо менамояд. Вақте бо сафари корӣ ба Москва меояд, ду рӯзи истироҳатӣ дар ҷустуҷӯям меафтад. Ниҳоят маро пайдо кард. Шабе дар хонаамон меҳмон шуда, падарро розӣ кард ва сипас, ба Тоҷикистон баргашт. Дар роҳ дохили қатора мактуб навишта, таъкид намуд, ки интизораш бошам. Соли 1948 ба висоли ҳамдигар расида, беш аз 50 сол бо ҳам зистем, - гуфт момои ҷангдида.

Нафрат аз хатти сиёҳ

Ҳамсуҳбати дигарамон Маҳмудахон Баҳриддиноваи 96-сола буда, ёддоштҳояш аз замони ҷанг хеле ҳузнангезанд. Ӯ мегӯяд, ки аз наҳсии ҷанги хонумонсӯз дар 11-солагӣ баробари занону пирони деҳа дар ақибгоҳ заҳмат кашидааст.

 

- Аз хурдӣ як рӯзи хуш ҳам надидам. Бемории модар боис шуд, ки кори саҳро ба дӯшам уфтод. Ёд дорам, вақте занону модарон сари кор буданд, аз дидан ва садо кардани хаткашон чӣ қадар безобита мешуданд. «Ана, бобои хаткашон омад! Боз хатти сиёҳи киро овард?» - гуфта, ҷонсарак мешуданд. Нафрати мардум ба фашистон аз шунидани хабари шуми марги ҳар як ҷавонмарди баҷанграфта рӯз аз рӯз меафзуд. Мекӯшидем, то ҳар чӣ бештар заҳмат кашем ва саҳми худро дар ҳифзи Ватан гузорем, - мегӯяд бибии Маҳмудахон.

Бибии рӯзгордида аз зиндагии пурмашаққати худ лаҳзаҳоеро, ки аҳён-аҳён дар хотираш мондаанд, нақл намуда, шиква аз пирӣ кард:

- Солҳои охир бар асари пирӣ бисёр чиз аз ёд мерафтааст, ба ҷуз хотираҳои ҷанг, ки то ҳанӯз фаромӯш нагаштаанд.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон