Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Барномасозӣ барои кӯдакон - калиде барои донишҳои оянда
Аз ҳар боб / Илм ва маорифДар ҷомеаи имрӯз барномасозӣ яке аз касбҳои зарурӣ буда, дар бозори меҳнат харидорони зиёде дорад. Дар ИМА таълими барномасозӣ аз боғча сар шуда, мураббиҳо тавассути бозиҳо ва машқҳои ҷолиб мафҳуми барномасозиро ба кӯдакон мефаҳмонанд. Дар Британияи Кабир рамзгузорӣ ба таври возеҳ ҳамчун фанни ҳатмӣ барои кӯдакони аз 6 то 15-сола омӯзонда мешавад. Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Корея ва Финляндия саводнокии рақамиро аз хурдӣ ба кӯдакон меомӯзонанд.
Бо мақсади ошноии бештар, дар пойтахт мактаби барномасозиро барои кӯдакон ҷустуҷӯ намудем. Фаҳмидан хостем, ки талабот ба омӯзиши барномасозӣ чӣ гуна аст ва чӣ мушкилиҳо дар ин самт ҷой доранд. Ҷолиб дарёфтем, ки бону Умеда Пӯлотова роҳбарии Маркази барномасозии IT-Run-ро ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳри Хуҷанд ба уҳда доштааст. Зодмандон метавонанд аз 7-солагӣ фарзандони худро ба омӯзиши барномасозӣ фаро бигиранд. Маркази барномасозии мазкур на танҳо хонандагони аз 7 то 18-сола, балки калонсолон ва ҳатто бонувони хонашинро низ дониш медиҳад.
Омӯзиши соҳаи IT ба мантиқ ва математика алоқамандии зич дорад. Ҳадафи ин пеша навоварӣ буда, барои кушодани дарҳои ояндаи дурахшони кӯдакон калидеро мемонад. Тибқи пажӯҳишҳо, кӯдаконе, ки барномасозиро омӯхтаанд, дар санҷишҳои мантиқӣ, математикӣ ва ҳалли масъалаҳо нисбат ба дигар наврасон ба ҳисоби миёна 20 хол зиёдтар ба даст меоранд.
- Соҳаи IT ба рушди мантиқ, эҷодкорӣ ва саводнокии рақамӣ нигаронда шудааст. Хушҳол аз онам, ки баробари писарон духтарон низ ба маркази мо шомил мешаванд. Аксар падару модар барномасозиро то ҳол касби мардона медонанд ва дар ҷалби духтаронашон он қадар фаъол нестанд. Мо дар раванди таълим дидем, ки новобаста ба ҷинс ва сол, ҳар нафаре завқ дошта бошад, аз уҳдаи барномасозӣ мебарояд. Дар аввал аз аниматсияҳои содаву ҷолиб, ки худи кӯдакон онро сохтаанд, оғоз мекунем. Масалан, блок конструктор аст, ки аз навиштаҳо иборат буда, кӯдак онҳоро хонда бо алгоритми муайян ба якдигар пайваст менамояд. Бо баробари пайваст кардани блокҳо, қаҳрамонаш пайдо ва ҳаракат мекунад, ки ин барои кӯдак бисёр ҷолиб аст. Баъдан, зина ба зина сохтани бозиҳои мантикӣ, аниматсияҳо, сайтҳо, чат-ботҳоро ба онҳо меомӯзонем. Пас аз омӯзиш, ҳар кӯдак кори анҷомдодаи худро дар назди омӯзгорон ва волидон ҳимоя мекунад. Дар баробари омӯзиши барномасозӣ, ба кӯдакон суханвариро дар назди омма меомӯзонем, ки онҳо фикрашонро озодона баён карда тавонанд. Мекӯшем, ки барномасозиро нахуст ба кӯдакон чун кори душвор нишон надиҳем, - мефаҳмонад Умеда Пӯлотова.
Маркази IT-Run дар Душанбе аз се синфхона, дар Хуҷанд аз 4 синфхона иборат буда, дар умум 15 омӯзгори ҷавон дар он фаъолият менамояд. Марказ дар 5 соли кор зиёда аз 1500 нафар наврасро барномасозӣ омӯзонда, зиёда аз 150 хатмкардаро дар соҳаи IТ бо ҷойи кор таъмин намудааст. Ҳамкории ин Марказ бо корхонаҳои IT-и дохиливу хориҷӣ назаррас буда, нафароне, ки дар IT-RUN курсҳоро мегузаранд, дар корхонаҳои ватаниву хориҷӣ харидор доранд. Барои мисол зиёда аз 10 нафар дар бонки Эсхата, зиёда аз 15 нафар дар ташкилоти IT Service, инчунин ҳоло 3 нафар хатмкардаҳои ин макон дар Тоҷикистон монда, дар ширкати IT Қатар фаъолият доранд…
Ба ақидаи Умеда, касби барномасозӣ барои бонувон имкон медиҳад, ки дар хона нишаста, фаъолият намоянд ва маблағи хуб ба даст оранд. Аллакай бештар аз 200 нафар духтари синнаш аз 18 боло, дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд курсҳои IТ-и ройгонро хатм намуд. Бонувони лаёқатманд, ҳамчунин коргарон ва занони хонашин веб-барномасозӣ, дизайнерӣ, таҳлилгариро фаро гирифтанд. Марказ муддати як сол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар доираи лоиҳа ба 45 нафар кӯдаки болаёқати камбизоат курсҳои барномасозии ройгон фароҳам овард.
Навгонӣ
Марказ шуъбаи махсуси барномасозиро созмон додааст, ки дар он донишҷӯёни фаъол низ шомиланд. Ин шуъба дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни пешқадам, омӯзгорони худ як лоиҳаи дигар, автоматикунонии бизнесҳои хурду миёнаро дар бар нома бо номи Anbor.tj сохтаанд, ки соҳибкор дар дилхоҳ вақт сифати корашро дида метавонад. Ин барнома барои идоракунии ҳамаҷонибаи молҳо, анборҳо ва молияи ширкат ва нуқтаҳои савдо пешбинӣ гардидааст ва дар марҳалаи санҷиш қарор дошта, аллакай чанд нуқтаи савдо дар барномаи таҳиякардаи ин Марказ ройгон корбарӣ дорад.
Умеда Пӯлотова директори Маркази барномасозии IT-RUN дар Тоҷикистон хатмкардаи барномаи IVLP оид ба соҳибкорӣ ва технологияҳои иттилоотии ИМА буда, магистратураи Академияи САҲА-ро хатм намудааст. Фаъолияти Маркази барномасозии IT-RUN, якумин маркази омӯзишии инноватсионӣ ва барномасозӣ дар Точикистон буда, дар авҷи пандемияи COVID-19 дар моҳи марти соли 2020 дар бахши барномасозии кӯдакон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оғоз гардида буд. Идеяи таъсиси Маркази барномасозӣ замоне дар шуураш пайдо шуд, ки писараш завқи барномасозӣ дошту модар барои таҳсили ӯ ягон мактаби барномасозиро барои кӯдакон пайдо накард. Аз ин хотир, Умедабону тасмим гирифт, ки ин корро на танҳо барои писараш, балки барои тамоми наврасони Тоҷикистон анҷом диҳад.
Номбурда дар чандин форуму чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ ширкат намуда, дастовардҳои зиёдеро ноил гардидааст. Дар ҷаҳони IT танҳо маҳорати касбии мутахассис муҳим аст, на ҷинсияти онҳо. Тибқи тадқиқоти олимони Донишгоҳи Сан Луис ва Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ, рамз (код)-и навиштаи занон нисбат ба мардон баҳои баландтареро мегирифтаанд.
Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ аст, ки ба масъалаи мутобиқсозӣ ба замони муосир аҳамияти калон дорад. Иқдоми мазкур барои омода кардани мутахассисони соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои замонавии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат менамояд.
Фарзона ВОСЕЕВА
Мубодила:
Шарҳҳо
