БОЙГОНӢ
« Июн 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пешаваре аз домани кӯли Сарез
Аз ҳар бобБо ибтикори бонуи ҳунарманд Ниёзбегим Содатқадамова дар деҳаи дурдасти Рошорви ноҳияи Рӯшон, ки дар домани кӯли афсонавии Сарез ҷой гирифтааст, коргоҳи дӯзандагӣ таъсис ёфт. Дар ин нахустин корхонаи дӯзандагии ҷамоати деҳоти Савноб бонувони ҳунарманд ҷиҳози арӯсӣ, бистару болишт, кӯрпа, куртаву шим, тоқӣ медӯзанду муҳраву ҷӯроб мебофанд ва маҳсулоти хушсифаташон муштариёни зиёд пайдо кардаанд.
Меҳр ба бофандагиву дӯзандагиро дар дили Ниёзбегим модарбузургаш бедор сохт. Бонуи солманд дар баробари бофтани ҷӯроб, бо корбурди гулпартоиҳои гуногун ба набераҳояш қиссаҳои рангин нақл менамуд. Дар бораи пайдоиши кӯли Сарез ривоят мекард, ки чун исрофкориву нофармонӣ зиёду хайру эҳсон ва накукорӣ аз байн рафт, сокинони он маҳал ба ғазаби худо гирифтор шуда, кӯҳпораи азим афтодаву маҷрои дарёро банд сохт ва кӯли азим ба вуҷуд омад. Ба гуфтаи бибӣ кӯл чун «аждаҳои хуфта» дар мобайни кӯҳҳо дармондаву агар дар ҷомеа беадолатӣ ва худонотарсӣ зиёд шавад, хатари бузургтаре дар пеш хохад буд. Пас аз нақлҳои бибӣ набераҳо ҳатто аз содир намудани хурдтарин аъмоли бад метарсиданд, то ки ба ғазаби худо гирифтору аждаҳои хуфтаи сари деҳаашонро бедор насозанд.
Набераписарҳои кунҷков кӯли Сарезро, ки аз деҳаашон дар масофаи 30 километр баландтар ҷойгир аст, на якбору ду бор диданд.
Барои наберадухтарҳо бошад, тамошои кӯл орзу буд. Боре Ниёзбегими ҷавон бемор шуду бинобар баста будани роҳи автомобилӣ дар ин макони дурдаст, ӯро дар қатори беморони дигар тавассути чархбол ба беморхонаи вилоятӣ интиқол доданду ҳангоми парвоз аз баландӣ ин кӯли афсонавиро назора кардан барояш муяссар гардид.
Модарбузург дар баробари бофандаи хуб дӯзандаи моҳир буд. Ниёзбегим асрори бофтани ҷӯробҳои помирии яксихаву дусиха ва сесихаву чорсихаро ёд гирифт. Барояшон, бахусус, ҷӯробҳои пурнақшу нигори яксиха бо гулпартоиҳои гуногун назири «партовус», «пайи нахчир», «ситораи думдор», «пайи гунҷишк», «рошорвгулак» писанд афтоданд. Вале ӯ бештар ба дӯзандагӣ шавқ пай до намуда,мошинаи дарздӯзии модар дар хона ҳамеша дар ҳаракат буд. Либосҳои барои истифода корношоям бударо устокорона шакли нав медод ва бародарону хоҳаронаш мепӯшиданд. Чун натиҷаи ҳунарашро медид, беихтиёр меболиду ба эҷодкориҳои нав ба нав даст мезад. Ҷӯроббофӣ, тоқидӯзӣ, таркдӯзиву қуроқдӯзӣ ба шуғли ҳамешагиашон табдил ёфт. Чун дар деҳаи дурдаст таҷҳизоти дӯзандагӣ камчин буд, аз колое, ки ҳамсояҳо ва ҳамдеҳагон меоварданд барояшон мувофиқи завқ ва хоҳишашон курта ва сару либоси мӯд медӯхт.
Водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ меноманд. Чанд сол қабл олими олмонӣ бону Катарина Штефан ба водӣ омада, муддати чор сол байни мардум ба мақсади омӯзиши урфу одат ва фарҳанги сокинони маҳал дар ин ҷо зиндагӣ кард. Дар мавриди ҳунарҳои мардумӣ ӯ аз бонуи ҳунарманди хушкору чирадаст Ниёзбегим Содатқадамова зиёд омӯхт. Ниёзбегим ба олима, ки ба хотири дилбастагӣ ба ин макони афсонавӣ ва фарҳанги мардум номи Лоларо гирифт, ҷӯробҳои зебо ва нафису тоқии зебандаи помирӣ, куртаи хос ба сокинони маҳалро, ки маҳсули дастони пурҳунарашон буданд, туҳфа кард. Сару либос дар тани Лола хеле шинам омаду хуш ва ба ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияти ҳунармандиашон 9000 сомонӣ кумак намуд. Бо ин сармоя ҳунарманд мошинаи нави дарздӯзӣ, матоъ ва пахта харида, тавлиди маҳсулотро афзоиш доду бозори фурӯши молро васеътар гардонд. Корвони «Модарони ваҳдатсаро» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли 2022 ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба деҳаи афсонавии дар домани кӯли Сарез қарордошта низ ташриф оварда, ба фаъолияти ҳунарманд шинос шуданд ва натиҷаҳои корашонро писандиданд. Бо ибтикори Раиси Кумита ба ҳунарманд се мошинаи дарздӯзии нав туҳфа намуданд. Ҳунарманд манзили истиқоматиашонро ба коргоҳи дӯзандагӣ табдил дода, бонувони ҳунарманди хонашини деҳаро ба кор ҷалб намуд. Сокинони Рошорв ва деҳоти гирду атрофи он, ки имконияти маҳдуди сафар ба маркази ноҳия ва вилоят доранд, акнун имконият пайдо намуданд, ки бидуни хароҷоти иловагӣ дар коргоҳи дӯзандагии ҷамоати деҳот молҳои зарурии дилхоҳашонро фармоиш диҳанд.
Чанде қабл раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом Шамол ба фаъолияти корхона шинос шуда, дастовардҳои бонувони ҳунармандро, ки маҳсулоти зебо ва рангоранги бофандагию дӯзандагиашонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранду мизоҷони зиёд доранд, арзанда дарёфт. Ҷиҳати номусоид будани манзили истиқоматӣ барои ниёзи коргоҳи дӯзандагӣ, барои коргоҳ дар бинои куҳнаи мактаби деҳа ҷой ҷудо намуд. Роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ Н. Содатқадамова тасмим гирифтаст, ки дар ҳамкорӣ бо бонувони ҳунарманди деҳа фаъолияти корхонаро рушд дода, истеҳсоли молро афзун ва ҷавондухтарони бештарро ба омӯзиши касби дӯзандагиву бофандагӣ ҷалб намояд.
Ҳунармандони ин коргоҳ иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ дар ноҳия буда, маҳсули дасти онҳо ҳамеша гӯшае аз намоши ҳунарҳои мардумиро оро медиҳанд.
Бо фаро расидани фасли баҳор мавсими ҷаҳонгардӣ дар кишвар авҷ мегираду дар ин миён сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ хоҳиши дидан аз кӯли афсонавии Сарезро мекунанд. Кӯли Сарез бо зебоии шигифтангезаш диққати сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб месозад.
Роҳ ба сӯи муъҷиза аз назди коргоҳи бонуи ҳунарманд Н. Содатқадамова мегузараду бештари гардишгарон мувофиқи завқашон офаридаҳои нафиси дастони моҳири бонувони ҳунармандро харидорӣ менамояд ва чун намуна аз ҳунари волои мардуми тоҷик ба гӯшаву канори дунё бо худ мебаранд.
М. ШОҲЧАМОЛ,
Рӯшон
Мубодила:
- ВКонтакте
- РћРТвЂВВВВВВВВнокласснРСвЂВВВВВВВВРєРСвЂВВВВВВВВ
- Telegram
Шарҳҳо
