БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонкҳо бо мардум наздиктар мешаванд

Аз ҳар боб

Муҳовара бо мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зайнулараб Қозидавлатзода

 Сараввал мехостем назари Шуморо оид ба низоми бонкӣ ва нақши он дар пешрафти иқтисоди миллӣ бифаҳмем.

Вақте сухан дар бораи иқтисоди миллӣ меравад, беихтиёр заҳматҳои мондагори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ пеши назар меояд. Зеро поягузории иқтисоди миллӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди хирадсолор аз ҳамин давра оғоз шуд. Баъди пош хӯрдани низоми мутамаркази Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистони азизи мо низ ба буҳрони молиявӣ гирифтор шуд. Ба замми ин, кишвари тозаистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Сарвари давлат дар он лаҳзаҳои ҳассос тавонистанд дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ нахустин хиштҳои бинои иқтисоди миллиро гузоранд. Фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди миллӣ ва таҷдиди низоми бонкӣ зина ба зина ба устувории он мусоидат намуд. Нахуст иқдоми шоистаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муомилот баровардани асъори миллӣ буд.

Пули миллӣ ба шарафи поягузори давлати Сомониён номгузорӣ шуда, нишони эҳёи давлати навини тоҷикон пас аз ҳазор сол мебошад. Ҳаёт ва рушду нумӯи бесобиқаи кишвар устувории асъори миллиро ҳамчун воситаи ягона ва номаҳдуди пардохт дар тамоми ҳудуди кишвар ва қобили мубодила будани онро собит сохт…

Хушбахтона, имрӯз пули миллӣ дорои қурби устувор ва қобилияти баланди харидорӣ буда, мавқеи худро ҳамчун асъори устувору муътадил байни асъори дигар кишварҳо нигоҳ медорад.

Хизматрасонии молиявии рақамӣ дар дурдасттарин маҳалҳои вилоят низ дастрас гардид. Аз фаъолияти шуъба оид ба татбиқи ин шакли хизматрасонӣ мегуфтед?

- Хизматрасонии рақамӣ нишонаи маърифати молиявӣ ва воситаи муассири аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ, бахусус дар бахши пардохти андозҳо ва пур намудани буҷети давлат арзёбӣ гардида, ба ин мақсад пардохти ҳамаи андозҳо, боҷҳои давлатӣ, маблағҳои суғуртаи давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шуданд.

Ҷиҳати таъмин намудани иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22-юми июни соли 2023 бо ҷалби зиёда аз сӣ ҳазор нафар нишастҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. То охири сол аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ 750 таҷҳизоти электронӣ насб гардид, ки тавассути онҳо бештар аз 450 ҳазор амалиёт гузаронда шуд.

Бо тавсияи Бонки миллӣ ба мақсади баланд бардоштани маърифати молиявӣ – рақамӣ чорабиниҳои омӯзишӣ ва равшаннамоӣ тавсеа ёфта, доираи зиёди идораву муассисаҳо ва соҳибкорон ба он фаро гирифта шуданд. Дар натиҷаи корҳои анҷомшуда танҳо моҳи аввали соли 2024 тавассути терминалҳои электронӣ 60 ҳазору 986 амалиёт гузаронда шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми маблағи гузарондашуда 17 маротиба зиёд мебошад. Имрӯз дар тамоми манотиқи дурдасти вилоят, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб амалиёти ғайринақдӣ сурат мегирад, ки нишонаи рушди устувори бахши молиявии кишвар аст.

Нигоҳи Шумо ба рисолати зан - роҳбар дар замони имрӯз чӣ гуна аст?

Хушбахтона, ба шарофати Истиқлол ва эҳтироми бузурги Сарвари маҳбуби кишвар ба Зан - Модар дар ҷомеа эҳтироми хосса ба бонувон пайдо шуд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо занони оқилу соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд…

Дар низоми бонкии вилоят 49 дарсади кормандонро бонувон ташкил медиҳанд, ки 12 нафарашон дар симати роҳбар, 11 сардори шуъбаҳо ва 223 нафар дар самти хизматрасонӣ ба мизоҷон фаъолият мебаранд.

Дар баробари роҳбари масъул аз Шумо ҳамчун вакили ташаббускор ҳам ном мебаранд…

 Аз ҳавзаи интихоботии деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб шудам. Бо интихобкунандагон пайваста суҳбату мулоқот доир намуда, дар ҳалли масоили иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ саҳмгузорӣ менамоям. Мусоидат ба таъмин намудани дастрасӣ ба интернет яке аз чунин дархостҳо буд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомот ва ширкати TCELL ҳалли худро ёфт. Тавсеаи корҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти саводнокии молиявӣ боис гардид, ки байни сокинони деҳот мушкилот дар пардохти қарзҳои бонкӣ аз байн рафтанд. Дар доираи имконият ба ашхоси маъюб ва ниёзманд дар ҳавзаи интихоботӣ аз ҳисоби худам кумаки молиявӣ расонданро қарзи инсонӣ медонам.

Пайроҳаи касбиатонро чӣ гуна оғоз намудед?

 Дар деҳаи Пиши деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон таваллуд ёфтаам. Падар ва модарам чун чеҳраҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар маркази вилоят ва сипас, дар шаҳри Душанбе фаъолият доштанду ман зиндагӣ бо бобо ва бибиамонро дар деҳа ихтиёр намудам. Дар тарбия ва ташаккули шахсиятам бобоям Азим, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва бибиам Савригул (руҳашон шод бод), ки шахсони одӣ, хоксор, вале солеҳу оқил ва заҳматкашу кордида буданд, нақш гузоштанд.

Соли 1999 шуъбаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро хатм намудам. Фаъолияти меҳнатиам ҳамчун волонтёр ва сипас, мутахассис дар шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар Хоруғ оғоз ёфт. Вақте дар Бонки миллии Тоҷикистон шуъбаи асъор васеъ карда шуда, дар асоси озмун аз шуъбаҳои минтақавӣ мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардиданд, ман яке аз мутахассисони ҷавон будам, ки озмун ба имконияти рушди касбиам замина гузошт. Муддати шаш сол, нахуст дар вазифаи иқтисодчӣ ва баъд иқтисодчии пешбари шуъбаи назорати асъори Идораи танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон ва баъдан иқтисодчии пешбари шуъбаи мониторинги қарзии бахшҳои пахтакории Идораи татбиқи стратегияи ҳалли қарзҳои бахши пахтакории бонк заҳмат кашидам. Фаъолият дар Бонки миллӣ бароям мактаби бузурги бонкдорӣ гардида, дар нишастҳои зиёди омӯзишӣ ширкат варзидам ва ҳамчун мутахассиси ҷавон мутобиқ ба талаботи муосир маҳорату малакаи бонкдориамро такмил додам.

Вақте ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» таъсис ёфт, ба мақсади сайқали бештари таҷрибаи корӣ фаъолиятамро дар ин ҷо идома додам ва солиёни зиёд бо мизоҷон ва амалиётҳои молиявӣ сарукор доштам.

Моҳи марти соли 2019 маро мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хоруғ таъин намуданд.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошам.

Сатҳи эътимод ва боварии мардум ба бонкҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Афзоиши бесобиқаи шумораи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ нишонаи таҳкими эътимод ва боварӣ ба бонкҳо аст. Агар то даврони истиқлол дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 5 филиали бонкӣ фаъолият дошта бошад, айни ҳол 12 филиали бонкӣ, 1 саридора ва 2 филиали ташкилоти маблағгузории хурд, 1 Фонди қарзии хурд ва 55 маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ хизмат мерасонанд. Шумораи ташкилотҳои қарзӣ ба 71 расид. Дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ хеле беҳбуд ёфта, дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и вилоят дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Навад дарсади хизматрасониҳои бонкӣ дар вилоят ба филиалҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва қариб 50 дарсади маблағи қарзи додашуда ба ин бонк рост меояд. Танҳо соли 2023-юм се Маркази хизматрасонии бонкии филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа дари худро ба рӯйи мизоҷон боз намуданд. Ҳиссаи филиали ҶСП «Аввалин Бонки молиявии хурд», филиали КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ва саридораи Ташкилоти қарзии «Рушди кӯҳистон» ҳам дар пешниҳоди қарзҳо ба мизоҷон назаррас аст. Маркази хизматрасонии бонкии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» дар интиқоли маблағ ва рақамикунонии хизматрасонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» ва МХБ-и ҶСП Бонки «Арванд» дар фоизи баланди пасандозҳо, МХБ-и ҶСП Бонки «Эсхата» дар дастрасии осон ва зуд ба қарзи бонкӣ, Ташкилоти маблағгузории хурди «Мадина» дар ҷалби сармоя ва маблагғузории тиҷорати хурд бартарият дошта, дар асоси рақобатпазирӣ гуногунрангии дастрасӣ ба низоми бонкиро таъмин месозанд.

Дар даҳ соли охир ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ қарз дода шудааст. Танҳо соли 2023 ба мизоҷон қариб 230 миллион сомонӣ қарз дода шуд. Фақат дар як моҳи аввали соли ҷорӣ бонкҳо ба мизоҷон ба маблағи 15,8 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 95 дарсад зиёд мебошад.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии занон дар соли 2023 ба 4609 нафар занону духтарон ба маблағи 74,1 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки аз рӯйи шумора ва ҳаҷми маблағи қарзи додашуда сӣ дарсад зиёд аст.

Тақвият бахшидани рушди хизматрасонии пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, боло бурдани фарҳанги бонкдорӣ ва сифати хизматрасонии бонкӣ, маърифати молиявии шаҳрвандон, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлатро аз вазифаҳои муҳими хизматиамон медонем.

Баланд бардоштани боварии мардум ба бонкҳо ва ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ аз вазифаҳои муҳими низоми бонкӣ ба шумор меравад. Пасандозҳои озоди аҳолӣ ба ҳолати охири моҳи феврали соли равон 392 миллион сомониро ташкил дода, тамоюл ба зиёдшавӣ доранд. Афзоиши шумораи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ ва ҳаҷми пасандозҳо, дастрасии сокинони дурдасттарин маҳалҳои кишвар ба хизматрасонии рақамӣ нишонаи рушди низоми бонкӣ, истиқлолияти молиявӣ ва эътимоду боварии мардум ба бонкҳо дар кишвар буда, самари шаҳдрези истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу амният ва зиндагии созанда дар кишвари азизамон мебошанд…

Суҳбаторо М. ШОҲҶАМОЛ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон