Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«35 шаҳру ноҳияи беҳтарини Тоҷикистон»
Аз ҳар бобАз оғози соли 2024 Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «35 шаҳру ноҳияи беҳтарини Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар дубора эҳё шуда, рӯ ба рушд овардаанд. Мақсади асосии баргузории озмун низ инъикоси дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои беҳтарин, тарғиби фаъолияти самаранок дар даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии шахсиятҳои арзандаи маҳал мебошад.
Ҳайати эҷодии маҷалла ба вилоятҳо ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба рӯзгори мардум ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бардоштҳои ҳайати эҷодӣ аз 35 шаҳру ноҳияи беҳтарин дар шакли мақолаву очерк, мусоҳибаву лавҳа ва видео (дар шабакаҳои иҷтимоӣ) манзури хонандагон мегарданд.
Барои таҳияи матлабҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯ ҷанбаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:
ҷамоатҳо, деҳаҳо ва маҳаллаҳои рушдёфта;
марказҳои ҳунармандӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ;
мактабҳои типи нав;
марказҳо ва бунгоҳҳои тиббии замонавӣ;
корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда;
боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо намои муосир;
имкониятҳои сайёҳӣ (ошхонаву меҳмонхонаҳои мувофиқи табъи мизоҷон);
ҳаммому кошонаҳои ҳусни ба талаботи замон мувофиқ;
соҳибкорони муваффақи дар рушди маҳал саҳмдошта;
инфрасохтори роҳ;
сатҳи зиндагии мардум
Озмун то моҳи сентябри соли 2026 идома ёфта, рушди босуръати шаҳру ноҳияҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, эҳёи ҳунар ва анъанаҳои мардумӣ, саҳми бонувони ташаббускор дар пешрафти минтақа ба инобат гирифта мешаванд.
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун ҷамъбаст гардида, шаҳру ноҳияи беҳтарини ҷумҳурӣ бо мукофотҳои моддиву маънавӣ қадр мешаванд.