Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пайи иҷрои рисолат
Аз ҳар бобДар остони фасли тамузи сол сафари кории гурӯҳи эҷодии мо аз ноҳияи Панҷ оғоз гардида, рӯзи дуюм озими ноҳияи Носири Хусрав шудем, то аз дастоварду пешрафти ноҳия, фаъолияти босамари шахсони арзанда воқиф гардем.
Ноҳия дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар поёноби рӯди Кофарниҳон ҷой дошта, ҳудудан на он қадар бузург, ҳамагӣ аз се ҷамоат – Фирӯза, Наврӯз ва Истиқлол иборат аст. Бар пояи омори соли 2022 дар ноҳия 45,1 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат дораду яке аз минтақаҳои гармтарини кишвар буда, сокинонаш асосан ба кишоварзӣ машғуланд.
Масъулони МИМҲД-и ноҳия дар доираи муаррифии чеҳраҳои арзандаи ин гӯшаи диёри ҳама фаслаш офтобӣ Холиқзода Гулракат Абдулмуъмин – мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияро пешниҳод намуданд, то фаъолияти ин бонуи ҷавони дар соҳаи хеш сабзидаву пухта инъикос гардад.
Агарчи як сол қабл ба ин вазифа таъин шудааст, бо кулбори таҷрибаи ғанӣ рӯ ба ноҳия овардааст. Таҳсилдидаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010) дар озмуни шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар (2012) ширкат варзиду муваффақ гардид ва корро ҳамчун мутахассиси пешбар оғоз намуд. Солҳои 2015 - 2021 мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кушониён, 2021 - 2024 мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ буд. Аз моҳи марти соли 2024 дар ноҳияи Носири Хусрав пайи иҷрои рисолати касбист.
Фаъолият дар самти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хаёлам, ки маҳз барои бонувон пешбинӣ шудааст. Агар аз қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бохабар бошӣ ва дар ин самт чанде таҷриба ҳосил намоӣ, дучори ҳеҷ мушкил ва муаммои сарбастае намегардӣ, ба ҷуз оне, ки баъзеи сокинон ӯзбекзабонанд ва дар муошират бо онҳо каме мушкил пеш меояд. Мекӯшам, ки забони ӯзбекиро балад бошаму онҳоро низ ба омӯхтани забони давлатӣ талқин намоям, - изҳор медорад бону Гулракат.
Бақайдгирии давлатии таваллуд
Бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падарро ба қайди давлатӣ гирифта, асноди ҳолати шаҳрвандиро тағйир медиҳад, пурра ислоҳ ва бекор мекунад, сабтҳои гумшударо барқарор менамояд, китобҳои аснодро нигоҳ медорад ва шаҳодатномаҳои такрориву маълумотномаҳои дахлдор медиҳад.
- Бақайдгирии давлатии таваллуд ва супурдани шаҳодатномаи таваллуд ба падару модар то синни 1-солагӣ иҷро мегардад. Аз ин рӯ, бақайдгирии барқарории таваллуд, ки аз 1 то 16-солагиро дар бар мегирад, дар ноҳия бениҳоят кам аст. Барои бақайдгирии кӯдакони то 1-сола шиносномаи падару модар, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотномаи тиббии таваллудхона заруранд. Барои бақайдгирии кӯдакони аз 1-сола боло бошад, шиносномаи падару модар, маълумотномаҳои тиббии таваллуд, ҷойи зист ва оид ба солимии кӯдак зарур меоянд. Шаҳодатномаи таваллуд ба падар ё модар дар рӯзи додани ариза ё дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза, ки он на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст, ройгон дода мешавад, - шарҳ дод Гулракат.
Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
Муҳимияти бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ки рӯйдоди муҳиму фараҳбахш дар ҳаёти навхонадорон маҳсуб меёбад, муносибатҳои оилавиро таҳти ҳимояи давлат қарор медиҳад. Гулракат Холиқзода дар асоси аризаи навхонадорон, маълумотнома аз натиҷаи муоинаи тиббӣ ва шиносномаи ҳарду ҷониб навхонадоронро бо тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон ҳамчун ҳамсарони оянда ошно месозад ва бо ҳар яке дар алоҳидагӣ суҳбат меорояд.
- Мисли равоншиносон суҳбати озод доир менамоем, ки ҷавонон чӣ гуна бо ҳам шинос шудаанд, интихоби худи онҳост ва ё пешниҳоди падару модар, яъне мехоҳем маълум намоем, ки никоҳ иҷборӣ нест. Оид ба монеаҳо, мушкилиҳои оилавӣ ва ғайра суҳбат карда, тавсияҳои зарурӣ медиҳем, - мегӯяд мудир.
Бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ
Бино ба маълумоти мудири бахш, дар се моҳи аввали соли равон тақрибан 6 - 7 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли 2024 рӯ ба камшавӣ ниҳодааст.
Бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон ё яке аз онҳо, ки фарзандони умумии ноболиғ доранд, ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, ҳуҷҷат оид ба вафоти яке аз ҳамсарон ва ғайра роҳандозӣ мегардад. Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи мақомоти САҲШ ҳам ба зан ва ҳам ба марде, ки ақди никоҳашонро қатъ намудаанд, дар муддати се рӯз дода мешавад.
- Парокандашавии оилаҳоро, ки рӯйдоди басо сангин барои оилаҳо, хосса кӯдакон аст, ба қадри тавон мекӯшем, боздорем. Имрӯз Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила тамоми шароитро фароҳам овардаасту талош бар он дорад, ки дар он фазои солиму устувор ва меҳру муҳаббат пойдор бошад, - ироа намуд Гулракат.
Тартиби сабти насаб, ном ва номи падар
Бино ба гуфтаҳои мудири бахш, мувофиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар ҷумҳурӣ тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ амалӣ мегардад. Номи кӯдак дар мувофиқа бо падару модар сабт шуда, ба онҳо гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, масалан, номи ашё, мол, ҳайвонот, парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст зада, одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
- Ақаллиятҳои миллӣ метавонанд тибқи анъанаҳои хеш номгузорӣ намоянд, яъне дар интихоби ном озоданд. Агар дар интихоб душворӣ кашанд, ба онҳо Феҳристи номҳои миллии тоҷикиро пешниҳод менамоем, ки ихтиёрӣ метавонанд номи дилхоҳро аз он баргузинанд. Дар мавриди бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ бошад, дар семоҳаи аввали соли 2025 танҳо се ҳолати фарзандхондӣ ба қайд гирифта шудааст, - афзуд Гулракат.
- Дар кор чӣ мушкилиҳо ҷой доранд, - пурсидам аз мудири бахш.
- Мушкили ҷиддие надорем. Соли гузашта коргоҳ бо таҷҳизоти техникӣ пурра таъмин гардид, дирӯз ду таҷҳизоти нав ворид намуданд. Шукр, ки ҳоло пурра бо барномаи электронии иттилоотӣ корбарӣ менамоем. Метавон гуфт, ки ҳамқадами замонему аз набзи ҷомеа огаҳии хуб дорем, - гуфт дар фарҷом Гулракат Холиқзода.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Носири Хусрав – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
