БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз сидқ бояд дӯст дошт

Аз ҳар боб

«Кору масъулиятро ҳамчун зиндагӣ бояд сидқан дӯст дошт»,- мегӯяд дар оғоз ҳамсуҳбатам. Ӯ аз шумули занҳои муваффақи вилоят аст, ки дар соҳаи бонкдорӣ то ба вазифаи роҳбарии яке аз калонтарин сохторҳои КВД БА «Амонатбонк» дар филиали шаҳрии рақами 24, шаҳри Хуҷанд, ифои вазифа менамояд.

Бонкдор шудан ё дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият намудан, орзуи ҷавонии Мавзуна буд. Ҳамроҳи падар дар кӯчаҳои шаҳр сайругашт менамуд, дилхоҳ бинои бонкро дида, ҳавасаш меомаду ба падар рӯ оварда, мегуфт: «Дадаҷон, дар бонк кор карданро меписандам, калон шавам, «Мавзунабонк» мекушоям». Падар, ки аз аҳли зиё буду нозанинашро чун гул мепарварид, дар ҳавои орзуҳои Мавзуна завқ мебурду руҳашро болида медошт: «Ин ба ту вобаста, духтарам, агар сидқан пешаатро интихоб карда бошӣ, ҳатман ба орзуят мерасӣ». Суҳбатҳои сарироҳии духтару падар ҳамин сон зиёд рух медоданд.

Аз имтиҳони қабул баҳои хубу аъло гирифт, донишҷӯ шуду солҳои таҳсил низ турнаосо гузаштанд. Мавзуна аз соли 2001, тули 10 сол дар бахши вилоятии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар вазифаҳои гуногун кор кард.

Падар ба орзуҳои ҷавонӣ расидани ноздонаашро дида илҳом мегирифт. Ҳар гоҳе аз кор меомаду вазифаҳои хонагӣ пеши рӯ мемонданд, падар монеъ мешуд: «Кори бонк мушкил, ҳисобу китоб кори осон нест, монед, духтарҷонам истироҳат кунад», - гуфта корҳои хонаводагиро ба дӯши хоҳаракони хурдӣ мегузошт. Ёди қиблагоҳ, ки чанд соле пеш ба Ҳақ пайваст, Мавзунаро ба риққат меорад, аммо хотираҳои хушро ба ёд меорад. Соле, ки падари бузургвораш бояд ба синни 60 мерасид, Мавзунаю хоҳараш аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи солгарди Истиқлоли давлатӣ, яке бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигаре бо медали «Хизмати шоиста» қадр шуданд.

- Ин подоши олӣ дуюмбора моро бовар кунонд, ки руҳи падар аз мо, фарзандони ба камол расондааш, розӣ аст, - мегӯяд Мавзуна Раҳимӣ.

 Наздики ҳашт сол Мавзуна, дар баробари вазифаи бонкдорӣ, дар саридораи вилоятӣ раиси бахши занонро ҳам бар уҳда дошт. Мекӯшид, мушкилоти бонувони ҳамкораш сари вақт ҳал шаванд. Аҳли коргоҳ бо хислатҳои накую наҷибаш ӯро эҳтиром менамуданд ва то ҳанӯз ҳам мушкилоте пеш ояд, аз ӯ маслиҳату машварат мегиранд.

Маҳорату кордонӣ ва дарки баланди масъулият соле пеш ӯро ба роҳбарии филиали асосии шаҳри Хуҷанд овард, ки дар маҷмуъ, муассисаи мазкур 63 нафар кормандро дар худ муттаҳид намудааст. Ба ҷуз ин, филиали шаҳрӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо 11 марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр ва меҳмонону сайёҳони хориҷию ватанӣ иртибот мегирад, ки дар ҳар кадом марказ ду нафар соҳибтахассус фаъолият меварзад.

Бонуи бонкдор аз дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри сиёсати гендерӣ, хусусан ҷалби бештари занону духтарон дар соҳаи бонкдориро хуш истиқбол намуда, изҳор медорад, ки аз шумораи умумии кормандон 70 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар баробари ба 22 ҳазор нафақахӯр хизмат расондану дигар амалиёти бонкиро иҷро намудан, филиали шаҳрӣ ба сокинони маҳал маблағҳои қарзӣ низ пешниҳод менамояд. Зикр ёфт, ки занҳо дар сари вақт гардондани қарз низ авлавият доранд.

- Баҳри дастгирии бонувони соҳибкор «Амонатбонк» икдоми «Занҳои муваффақ» - ро рӯи даст гирифтааст, ки занону духтарони зиёд аз он баҳравар шудаанд. Хусусан, онҳое, ки майл ба соҳибкории хурду миёна доранд, иқдоми мазкур роҳкушои хубе барои идомаи фаъолияташон буда метавонад, - мегӯяд Мавзунабону. - Аз он соли равон занҳои зиёде истифода намуда, молики коргоҳҳои хурди дӯзандагию бофандагӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ шуданд.

Барои занону духтароне, ки дар рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ коре кардан мехоҳанд, бо фоизҳои паст қарз медиҳанд ва шумораи онҳое, ки аз ин имтиёз истифода кардаанд, беш аз садҳо нафаранд. Хушбахтона, ҳамаи ин бонувон, ки мизоҷи филиали онҳо шудаанд, нафарони масъулиятнок мебошанду бо фаро расидани вақти муайяншуда қарзи худро боз мегардонанд.

Мавзуна Раҳимӣ, дар баробари роҳбари фаъолу кордон ва модари ғамхор будан, то ҳанӯз аз панди падар, ки мегуфт: «Пайваста бихон, биомӯз», дур буда наметавонад. Соли сеюм аст, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнеси шаҳри Хуҷанд аз фанни фаъолияти хазинадорӣ дарс мегӯяд.

Бонуи соҳибэҳтиром дар маҳалли худ ба боварии мардум сазовор гашта, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Бо тақозои рисолат ва қарзи инсонӣ аз ҳолу аҳволи нафақахӯрону ниёзмандони маҳалла ва дигар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр зиёд мепурсад. Ҳар сари вақт бо онон вохӯрда, мушкилашонро мешунаваду дардашонро даво мешавад…

Мавзуна барои шавҳари дилошнояш Зарифҷон Раҳимов завҷаи босадоқат ва барои фарзандон модари сахтгиру меҳрубон аст. Духташон Шаҳнозахон Зиёева пайрави модар буда, дар саридораи вилоятии «Амонатбонк» фаъолият дораду дар арафаи ҳимояи рисолаи илмӣ аст. Муҳаммадҷон пас аз хатми яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Россия дар МИҲД-и вилояти Суғд дар бахши идораи сохтмонӣ заҳмат мекашад.

Мавзуна Раҳимӣ шукрона аз зиндагию хонаи обод ва сулҳу оромии кишвар намуда, бо муҳаббат ҳар субҳ ба кор мешитобаду масъулияти хешро аз сидқ ба сомон мерасонад.

Рустами НАЗИР,

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон