БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фондарё - деҳотест намуна дар фарози кӯҳҳо

Аз ҳар боб

Овозаи ғолиб омадани Ҷамоати деҳоти Фондарё миёни ҷамоатҳои шаҳрию ноҳияҳои вилояти Суғд барои сокинони маҳал хушхабари тозае буд, ки ҳамагӣ аз он нек истиқбол намуданд.

Дарёи Фон бо дарозии 24 км, ки яке аз шохобҳои чапи дарёи Зарафшон аст, деҳаҳои ҷамоатро гоҳе дар масофаҳои дур ва гоҳе наздик аз ҳам ҷудо мекунад ва ҳам замину хоҷагиҳои сокинони як деҳро дар чанд қадами наздик бо ҳам мепайвандад. Ҳавои ин мавзеъ форам ва садои рӯд гӯшнавоз аст. Агарчи гармои тобистон ҳукм меронад, дар деҳоти Фондарё гоҳе резаборони даргузар ба кас ҳузуру ҳаловат мебахшад.

 

Ҷамоати деҳоти Фондарё ба мисли Урметан дар ноҳияи Айнӣ сернуфус аст ва заминҳои киштбобу ҳамвораш низ бештаранд. Аслан, ноҳияи Айнӣ, бо вуҷуди масоҳати зиёд доштан, баъд аз ноҳияи Мурғоб, аз нарасидани даштҳои тахту ҳамвор танқисӣ мекашад. Аммо мардуми бо нангу ор ва заҳматпешааш бо доштани ҳамон як порча замин шукрона аз неъмати доштаашон намуда, сидқан заҳмат мекашанд.

Фондарё ҷамоати кӯҳан буда, аз соли 1928 дар ноҳияи Айнӣ арзи вуҷуд дорад. Алҳол шумораи хоҷагиҳо ба 2285 адад, нуфуси аҳолӣ ба 11782 нафар мерасад ва қисми зиёдро дар ин рақам бонувон ташкил медиҳанд. Дар 197 гектар замини корами обӣ мардуми заҳматпеша ба киштукор шуғл варзида, аз қитъаҳои полизӣ ва сабзавоту ғалладона ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд. Майдони кишту боғот ҳосили фаровон доранд ва мардуми мушкилнописанд аз натиҷаҳои меҳнати худ қаноатманданд. Ин муҳтавои андешаҳои мутахассиси ҷавоне аз ин деҳот Ҷовидон Шоҳинбодов аст, ки соли дуюм боз вазифаи муовини раиси ҷамоати мазкурро бар дӯш дорад.

Ҷовидон солҳои пеш дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон фаъолият дошт ва чун ҷавони корозмуда ба Ҷамоати деҳоти Фондарё ҳамчун муовини раис таъин шуд, ки худ инро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан ташаббусҳои неку хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби дастгирии ҷавонони маҳаллӣ медонад.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҳудуди деҳот имрӯз 12 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 2130 нафар хонанда фаъолият дорад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 65 нафараш занону духтарони фаъол буда, ба мактаббачаҳоро сабақ меомӯзанд. Сокинон аҳли адабу фарҳанг ва маорифпарваранд. Аз хурдӣ ба китобу дафтару қалам шавқу рағбати беандоза доранд. Наметавон аз муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ, ки имрӯзҳо дар маркази ноҳия мақомоти маҳаллӣ зимни нақша-чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди гулгашти ӯро ба нақша гирифтаанд, ёдовар нашавем. Ҳамчунон, фарзандони номвари бешумораш, ки дар таҳкими ғояҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва рушди босуботи илму адаб нақши муассир доранд, кам нестанд.

Мавсуф изҳор менамояд, ки сокинони деҳот баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи тақдирсози миллат корҳои ободониро вобаста ба рушди маҳалли худ ба нақша гирифтаанд. Ин буд, ки дар озмуни таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҷамоати деҳоти Фондарё бо нишон додани рушди босуботи маҳал зинаи аввалро миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дарёфт, ки ин мояи ифтихор аст.

Воқеан, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми маҳал деҳаҳои ҷамоат аз ҳар лиҳоз ободу зебо шуда, ба инфрасохтори он ҷилои наву қабои тоза пӯшонданд. Мактабҳои наву замонавӣ, майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои маданию равшаннамоӣ, корхонаҳои хурди ҳунармандӣ ва даҳҳо нуқтаҳои нави савдову хизматрасонӣ дар ин давра бунёд ёфтаву қисме дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Оилаҳои намуна бо тарбияи фарзандони босаводу хушахлоқ ва аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ, ҷалби аҳли хонадон ба илму маориф ва тозакорию ободкориҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз банду басти низомномаи озмуни «Ҷамоати беҳтарин» буд, аз кору вазифаҳои мубрам ва доимии ҷамоатҳо маҳсуб меёбад. Ҷамоати деҳоти Фондарё бо намуна будан дар ҳамаи ин самтҳо аз ноҳияи Айнӣ ба даври вилоятӣ даст ёфт. То доир шудани озмун дар вилоят сокинони деҳот туфайли соҳибкорони саховатпеша, ки ҳам дар дохил ва ҳам берун аз ноҳия фаъолият доранд, корҳои зиёди ободониро дар маҳал ба субут расонданд. Яке аз намунаи олии он бунёди майдони варзишӣ аст, ки аз ҷониби ду соҳибкори ватании ќомат афрохтаю имрӯз на танҳо барои ҷавонону варзишгарони маҳаллӣ, балки барои гузарондани чорабиниҳои васеи варзишӣ барои ҷавонони ноҳия ва вилоят арзёбӣ шудааст.

Ҷовидон Шоҳинбодов, муовини раиси ҷамоат, бо хушнудӣ изҳор медорад, ки тайи солҳои охир ҷавонони деҳот ихтиёрӣ ба сафи наваскарон мепайванданд ва даҳҳо ҷавоне, ки аз хизмати ҳарбӣ баргаштаанд, чун намунаи ҷавонони ватандӯст дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо шогирдони мактабҳо вохӯрӣ намуда, аз шароити будубош ва навгониҳои қисмҳои ҳарбӣ синни даъватиро огоҳ ва муҳаббати хизмат ба Ватан – Модарро дар қалби онҳо маъво медиҳанд.

Оилаҳои намунае чун Акрам Ҷӯраев аз деҳаи Пинён ва Ниёзовҳо аз деҳаи Ҳайронбек ибрати садҳо хонаводаи дигар шуда метавонанд, ки фарзандонашон дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб омада, эътибори ҷамоатро боло бардоштаанд.

Аснои ба самти мавзеи Искандаркӯл равон будан, сари роҳ бо бинои нотамоме рӯ ба рӯ омадем, ки фиристодаи ҷамоат онро беморхонаи минтақавии маҳал муаррифӣ карда, ишора намуд, ки ин бинои сеқабата бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ то арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Бино ба сафари хубу хотирмони якрӯзаи мо дар ин ҷамоати намуна аён гашт, ки дар бунёд ва таъмиру тармими аксари муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва дигар нуқтаҳои фарҳангию варзишӣ, баробар бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибкорону сокинони баору нанги Фондарё баҳри ободкориҳо ба ҳам ёвару мададгоранд.

Ҳамдилию ҳамдастӣ, иттифоқу иттиҳод аҳолии маҳалро боз ҳам дӯсту қарин, деҳаҳоро ободу зебо ва шукуҳу ҷалоли Ҷамоати деҳоти Фондарёро рӯз аз рӯз боло мебарад.


Рустами Назир

Душанбе – Айнӣ – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон