БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Модари соҳибмактаб

Аз ҳар боб

Ҳарчанд фарзандон, ба қавле «ба ҷону ҳолаш» намонданд, модар ба сафари ҳаҷ, зиёрати Маккаву Мадина розӣ нашуд: «Не, бачаҳоям, ба ҳаҷ намеравам. Мегӯянд, ки пеш аз зиёрати хонаи Худо ин тарафу он тарафатро нигоҳ кун, ки мабодо касе аз наздиконат камбизоату ниёзманд набошад. Охир, як деҳаи пур аз кӯдак, ки ташнаи илму донишомӯзиянд, дар орзуи таҳсил дар мактабҳои замонавӣ мебошанд, пас ман чӣ гуна метавонам бо хотири ҷамъ ба ҳаҷ биравам?» – хоҳиши фарзандонро напазируфт модар.

Ин ҳарфҳоро Карашмабону аз забони модари худ, ки солҳо ба нияти сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда, онро сарфи сохтмони мактаби деҳа кард, бароямон рӯшан намуд.

Солҳо боз фарзандони мардуми маҳаллаи Тевари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ роҳи дарозро аз як маҳал ба маҳали дигар тай намуда, ба мактаб мераванд. Бахусус, дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон фасли зимистон, ки бо тамоми ҳастӣ «давр» меронад, хонандагони наврасро ба мушкили сангин рӯ ба рӯ месозад.

– Шавҳарам (равонаш шод бод!) ронандаи одӣ буд, вале шавқи беандоза ба илму донишандӯзӣ дошт. Дӯстдори китоб, ки буд, ба шахсони донишманду бомаърифат эҳтироми хоса мегузошт. Додаршӯям, шоири маъруф Қутбӣ Киром, ҳар вақт ҳамроҳи шоирону нависандагон меҳмони хонадонамон мешуданд, ки аз ташрифи бузургони илму адаб қалби он кас ба гуфтае «кӯҳ» барин мешуд, – ба суҳбат пардохт модари сахопеша.

Амриддин Киромов шахси таҳсилдида набуд, вале кӯшид, то фарзандонро дар роҳи илму адаб тарбия намояд. Башорат Муҳиддинова мегӯяд, ки сахтгириҳо ва серталабии падар буд, ки фарзандон дар зиндагӣ муваффақ шуданд ва ҳар яке дар ҷамъият мавқеи хешро пайдо намуд. Алҳол, Киром Салоҳиддин Амриддинзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва Куруш ҳамчун соҳибкори шинохта фаъолият менамоянд.

– Падарашон на танҳо дар тарбия ва илмомузии фарзандон мекӯшид, балки ба бачаҳои ҳамдеҳагон низ тавсия медод, то дониш андӯзанду соҳибкасб шаванд. Азобу машаққати мактаббачаҳои деҳа, ки дар лою об ғӯтида ба мактаб мерафтанд, ӯро ором нагузошт. Дар андешаи он буд, ки бо дастрас шудани имкон ақаллан чанд синфхона сохта, хонандагонро ба таҳсил ҷалб менамояд. Вале умр вафо накарду орзуи мактабсозиаш амалӣ нагашт.

Аз ин хотир, тасмим гирифтам, ки орзуҳои шавҳари шодравонамро амалӣ созам. Пеши худ мақсад гузоштам, то нафақапулӣ ва он маблағе, ки фарзандон медиҳанд, барои гузоштани таҳкурсии мактаб сарф намоям, – гуфт Башорат Муҳиддинова.

Умр сарфи кор шуду…

Ӯ мегӯяд, ки қиматтарин неъмат барои инсон умр аст, ки гоҳе аз нодонӣ сарфи корҳои беҳуда мегардад. Вақте кас дар давоми умр корҳои хайру савобро анҷом медиҳад, рӯҳаш болидаву қалбаш ором мешавад. Ҳамин некӣ ва кори хайр аз кас ёдгор мемонад.

– Умри ширинро барои беҳбудии зиндагӣ сарфи кору рӯзгор намудам. Он замон колхози «Ӯзбекистон» дар ноҳияи Айнӣ хеле маъруф буд, ки асосан дар заминҳои он тамоку кишт мекарданд. Аксари занҳои деҳа ба киштукор ва ҷамъоварии тамоку шуғл доштанд, аз ҷумла ман ҳам. Давраи алафдаравӣ гурӯҳи занон ба дашту пуштаҳо рафта, алаф медаравидем. Кирмакпарварӣ кори дигаре буд, ки онро аз аввали баҳор оғоз карда, дар тобистон анҷом медодем. Бо пухтани зардолу ба боғҳо рафта, мева мечидем. Хуллас, то расидани фасли сармо мо аз кори саҳро «канда» набудем, – аз мушкили рӯзгордорӣ мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Бибии Башорат замони сардиҳо, ки фориғ аз кори саҳро мешуд, барои пешбурди рӯзгор аз ҳунарҳои андӯхтааш кор мегирифт. Бо фармоиши ҳамдеҳагон ҷома ва тоқӣ медӯхт, харидорони ҷӯробҳои бофтааш низ зиёд буданд…

Нақши муассири модар

Мавсуф иқрор меояд, ки дар баробари анҷом додани корҳои саҳроӣ ва шуғл варзидан ба ҳунармандӣ, ба мутолааи китоб, маҷалла ва рӯзномаҳо мепардохт. Маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», ки маъруфтарин маҷаллаи замони шӯравӣ буд, бо навиштаҳояш ӯро низ дар шумори хонандагони бешумораш номнавис кард.

– Дар саводнок гардидани фарзандон модар нақши созандаю муассир дорад. Агарчи шавҳарам заҳмати зиёде дар соҳибилмшавии фарзандон кашид, гоҳе медидам, ки онҳо аз мутолааи ман шавқманд шуда, аз миёни китобҳо ба худ асареро интихоб намуда, ба хондан мепардохтанд. Яъне, фарзандон ба зодмандон пайравӣ кардан мехоҳанд.

Духтаронам Карашма ва Муаттар соҳибистеъдоди баланд буда, ба омӯзиши фанҳои гуманитарӣ завқу рағбати беандоза доштанд. Вале онҳо натавонистанд ба пойтахт ба таҳсил бираванд. Хушбахтона, фарзандони онҳо таҳсилдидаанд ва ҳатто дар давлатҳои хориҷӣ ба омӯзиши илму касб шуғл меварзанд, – ифтихормандона иброз медорад Башорат Муҳиддинова.

Бибии 80-сола бо шукргузорӣ аз сулҳу суботу амонии кишвар давлати пирӣ меронад. Ӯ соҳиби 12 набера ва 6 абера буда, мегӯяд, ки ҳар субҳи содиқ бо умеди фардои нек дар ҳаққи мардуми Тоҷикистон ва фарзандон дуогӯй мебошад.


Қутбия Неъматулло,

Душанбе – Айнӣ – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон