Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Китоб ва бедории миллат
Аз ҳар боб / СлайдерМуҳимтарин тадбир дар кори таълиму тарбияи насли наврас ин майлу муҳаббат ба китобу китобхониро дар замири онҳо парвардан аст, ки насли китобхон аз парвардаҳои дар таълимгоҳҳо дида дономанду худшиносанд ва мурури рӯзгорон волотар аз дигар қишрҳои ҷомеа мақому манзалат пайдо мекунанд. Бад-ин пиндору афкори одамсозӣяк тан аз толибони каломи бадеъ ва омӯзгори асил Гулҷаҳон Наимова иброз медорад, ки бузургтарин амали ҳаётие, ки пушаймонӣнамеорад, ин мутолааи асарҳои бадеӣаст.
Гулҷаҳон дар хонаводаи деҳқони одии рустои Сафедорони ноҳияи Панҷ ба воя расидааст. Баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣдонишҷӯйи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид, аммо аз сабаби шароиту вазъи ногувори солҳои аввали соҳибистиқлолӣзодмандонаш варо бозпас хонданд ва Гулҷаҳон ормонӣаз пойтахт ба дудмони падарӣбаргашт.
- Ба пиндори «Умр боқӣбошад, рӯзе офтоби бахти мо ҳам тулуъ хоҳад кард», бо ҳидояти волидон таҳсилро дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Панҷ идома бахшидам. Дар он солҳо дар муассисаҳои таълимии деҳот омӯзгорон намерасиданд, бо роҳнамоии устодони мактабиам фаъолияти омӯзгориро дар МТМУ № 20-уми зодгоҳ оғоз бахшидам. Ифтихор дорам, ки тули 23 соли омӯзгорӣ, хоса, баъди издивоҷ ва идомаи фаъолияти касбиам дар ноҳияи Ҷайҳун шогирдони зиёдро ба шоҳроҳи ҳаёт раҳнамун сохтам, - изҳор дошт Гулҷаҳон Наимова.
Дар ин миён Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ғоибона ба итмом расонд. Роҳбарияти соҳаи маориф ба эътибори таҷрибаи омӯзандаву дастовардҳои омӯзгориаш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13, №15, №16-уми ноҳияи Ҷайҳун, ӯро ба вазифаи роҳбари МТМУ №13-ум пешбарӣнамуданд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣва ҳамовозии кумитаи падару модарони муассиса атрофи мактабро девор гирифта, дару тирезаҳои синфхонаҳоро пурра аз нав кард. Баъди боздид ва қадрдонии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣаз иқдомҳои мазкур, инчунин, ташаббусҳои ободонӣҷиҳати фароҳам овардани беҳтарин шароиту имкониятҳои таълимӣ, дар дигар муассисаҳои таълимӣниз ба ҳукми анъана даромад.
Номбурда аз соли 2024 мудирияти бахши китоби шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳунро ба зимма дошта, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣва ғанӣгардондани китобхонаҳои мактабиро бо адабиёти бадеӣ, гоми устувор дар масири татбиқи ҳадафҳои ояндасози Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби наслҳои имрӯзу ояндаро ба китобхонӣмуҳим мешуморад.
- Риояи тартиби дастрасӣва истифодаи китобҳои дарсӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар роҳандозӣгардидааст, кафили бартарафсозии мушкилоти умдаи соҳаи таълиму тарбия ва дар ин замина дастрасии ройгони хонандагони ятим ва аз оилаҳои камбизоат ба адабиёти таълимӣарзёбӣмегардад. Ҳамзамон, бо дархости масъулони таълимгоҳҳо ва падару модарони хо- нандагон, мо, масъулони бахши китоби шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявиро низ бо адабиёти иловагӣтаъмин менамоем, - иброз медорад Гулҷаҳон Наимова.
Воқеан ҳам, рӯйи кор омадани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣкитоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» дар раванди таълиму тарбия таъсири бағоят муҳим гузошта истодааст. Ҳамзамон, сол аз сол афзудани шумораи довталабон ва сатҳи баргузории марҳалаҳои мактабиву ноҳиявии ин озмунҳо, бозгӯйи бедории фарҳангии миллати тоҷик ва рӯ ба фарҳангу арзишҳои миллӣовардани ҷомеа мебошад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷайҳун
Мубодила:
Шарҳҳо
