Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
100 баҳори Тазкира
Аз ҳар бобАйвони амаки Пӯлод дилоро буд. Мо, шаш нафар, дар суҳбати модари 100-солае бо номи Тазкира нишастаем ва фазои маҳфил бароямон басо хуш аст. Ҳар кӣ ба таври худ чизе аз мом пурсон мешавад, аммо бонуи солдида на ба ҳама хостаҳои мо ҷавоб гуфта метавонад, чун ба иллати пирӣ хотираи пареш дорад. Меҳмон будани моро хуб дарк намуд, ки иҷозаи хестану аз наздаш дур шуданро намедод. Лаҳзаҳое, ки модар дуои сафар медод, дар чашмони пур аз нуру лафзи ширинаш симои садҳо модари меҳрубон, заҳматкашу мушкилнописанд ва бонувони шинохтаи ноҳияи Ванҷро медидам, ки чанд рӯзи дар ин диёр меҳмон буданамон, моро гарм истиқбол мекарданд…
Тазкира акнун ба синни 22 қадам мегузошт, ки барои дидорбинӣ бо ягона апаи азизаш, Зулайхо озими Тоҷикистон шуд. Ин сафар 77 сол пеш, тирамоҳи соли 1947 ба вуқуъ пайваст. - Холаи Зулайхо чанд сол пештар аз модарам қатори чанд омӯзгори рустабор аз Бошқирдистон ҳамчун омӯзгори забони русӣ ба сарзамини тоҷикон фиристода шуд, то мутобиқ ба тавсияҳои Ҳукумати Шуравӣ таълими забони русиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд, - ёдоварӣ мекунад Пӯлодамаки 74- сола, фарзанди дуюми модари садсола…
Зулайхо баъд аз шиносоӣ бо муҳити кишвари тоҷикон, кӯҳистони сарбаафлок хушаш омаду ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт)-ро барои кору зиндагӣ ихтиёр намуд. Шомалах, як писарбачаи ванҷӣ, ки дар идораи суд кор мекард, рӯзе бо иҷрои коре ба шуъбаи маориф, назди бародараш, яке аз маорифчиёни фаъол омада дар ҳуҷраи кориаш занеро дарёфт, ки ҳамроҳи духтарбачае суҳбаткунон нишастааст. Баъд аз салому аҳволпурсӣ бародар ӯро ба дӯсти шарикдарсаш шинос намуд:
- Ҳамкурси ман Зулайхо, мо дар Тошканд, дар мактаби ҳизбӣ бо ӯ дар як курс мехондем, ин бошад хоҳарчааш Тазкира аз Бошқирдистон барои хабаргирии апааш омадааст,- гуфт бародараш ба Шомалах, ки бо меҳр ба ҳар ду салом мегуфт. Тазкираю Шомалах он рӯз бо нигоҳҳои маънидорона ба ҳам дида дӯхтанд. Шомалах бозпас ба ҷойи кораш баргашт, аммо ҳушу ёдашро он лаҳзаи дидор бо духтари хушрӯ ба худ бурда буд. Симои Тазкира бо он нигоҳи шармида аз пеши рӯяш дур намерафт. Алангаи муҳаббат дар дилаш ҷӯш мезад. Хушбахтона, чанд рӯз пас бародари омӯзгораш аз ӯ пурсон шуд, ки агар хоҳари Зулайхоро арӯс интихоб кардан хоҳад, дуои апаашро мегирад. Сукут аломати ризост гуфта, Шомалах хомӯш монд ва бо ҳамин гӯиё маслиҳат пухт.
Зодмандони Шомалах ба Рашт омада, сари хаму чеҳраи лолагуни арӯсшавандаро диданду сахт писандашон омад. Ҳамон ҳафта ду ҷуфт ба ҳам пайвасту волидон ба Ванҷ баргашта, Шомалаху Тазкира дар Рашт зиндагии шаҳдборашонро оғоз карданд. Соле чанд оилаи ҷавон ин ҷо монд. Тазкира ба кӯҳистони Тоҷикистон зуд унс гирифт, тоҷикона пӯшиду тоҷикона пухту тоҷикона гуфту тоҷикона рақсиду хандид ва ниҳоят то ба охир тоҷикона зистанро ба худ шиор кард. Дар ҷавоби ин ҳама тоҷикона роҳ паймуданҳояш аз шавҳари меҳрубону пуштибонаш ҳамеша мукофоти амал мегирифт. Дӯстдориву дилбардорияш мекард, намехост, ки духтари ҷавон шитоб кунад, қадам ба қадам, зина ба зина печу тоби зиндагиро аз бар менамуд. Модару апаю хоҳарон ва дигар пайвандон ба Тазкираи наварӯс дарси ҳаёт меомӯхтанд.
Дар оғоз ӯро дар яке аз боғча-кӯдакистонҳои ноҳияи Рашт ба кор гирифтанд. Барои ӯ ин макон гуворо буд, кори ҳисобу китобро ки тамом мекард, лаҳзаҳои фориғ дар оғӯши кӯдакони боғча мемонд. Дар муҳити шаҳру деҳоти рушдёфта, ки ба камол расида буд, ҳар гуна бозиҳои шавқовару усулҳои нави таълимро ба мураббияҳои боғча тавсия медод.
Бо таваллуди фарзанди нахустин зиндагии Шоҳмалаху Тазкира ҷилои тоза гирифт. Гулаки наврустаро оилаи ҷавон бо сад умеду орзуҳои ширин Гулшан ном доданд. Тифлаки дӯстрӯяк боло-болои даст мегашт, волидону хешовандон ҳам, ки чанд рӯз меҳмони иҷорахонаи онҳо буданд, ноздонаи азизи дилу дидаро дар замин намегузоштанд. Тазкира аз лутфи мардуми тоҷик, ки табиатан навзоду тифлаконро самимона дӯст медоранд, хушаш меомаду зиёдтар аз шавҳар дар бораи таъриху гузаштаи тоҷикон пурсон мешуд.
Дертар Шомалахро барои идомаи кор ба зодгоҳаш – Ванҷ фиристоданд, ки зиндагии баъдии онҳо дар ҳамин ҷо сурат гирифт. Баъд аз Гулшан давоми зиндагии хеш Тазкираро боз фарзандони дигаре чун Пӯлод, Валиҷон Алиҷон, Карима ва Рустам насиб гаштанд.
Давоми фаъолияти Тазкира Галифулина дар ноҳияи Ванҷ ҳамчун муҳосиб дар соҳаи маориф сипарӣ гашт. Зодмандон кӯшиданд, то фарзандҳо таҳсилдида бошанд. То расидан ба синни нафақа Шомалаху Тазкира, ҳамаи шаш фарзанд, чор духтару ду писарро соҳибмаълумот намуданд. Имрӯз онҳо чун намунаи беҳтарин кадрҳои соҳибтахассус дар ин ё он соҳаи хоҷагии халқи ноҳияи Ванҷ ва берун аз он фаъолият дошта, қисме аллакай ба нафақа баромадаанд. Алиҷон чун табиби ҳозиқ рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, алъон пайи ҷустуҷӯю навовариҳо майна об мекунад.
-Волидон дар ҳаққи мо зиёд заҳмат кашидаанд, - мегӯяд амаки Пӯлод, - дар баробари он ки аз хатту савод дур нашудем, онҳо кӯшиш мекарданд, ки бекор ва беназорат ҳам намонем. Ҳини таҳсил онҳо соле ду ё се маротиба ба Душанбе омада, аз ҳоли мо бохабар гашта давомоти моро аз устодон пурсон мешуданд. Хуллас, мо, шаш нафар фарзанд, тули солҳои таҳсил боре ҳам дарсшиканӣ накардаем, ки ҳамаи ин аз таваҷҷуҳи ҳамин модари азизу падари бузургворамон буд. Баъд аз сар рафтани падар дар синни 65-солагӣ, очаҷонамон моро ҳам падар шуду ҳам модар…
Рӯзгори модари 100-сола ва фарзандону набераю абераҳои ӯ намунаи ибрати баланд дар минтақаи дурдасти кӯҳистон аст, ки ҷумлагӣ фарзандонаш пайи дарёфти илму ҳунар гаштаанд. Набераву абераҳои Тазкира, ба истиснои синни мактабиҳо, аксар дар донишгоҳҳои пойтахт ва берун аз кишвар таҳсил мекунанду ба эҳтироми умум соҳибанд.
-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва мардуми соҳибмаърифати он бо чунин оилаҳои соҳибдавлат ифтихор доранд, - мегӯяд муовини раиси ноҳия Сафарбегим Сафармамадзода, ки бо мо ба аёдати ин модарбибии 100-сола омада буд…
Рустами НАЗИР,
Душанбе-Ванҷ-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
