Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Духтари ватан
Аз ҳар боб / СлайдерДар таърихи ҷомеа ҳамеша шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хидматҳои арзанда, садоқат ва заҳматҳои пайвастаи худ барои мардум намунаи ибрат мегарданд. Яке аз чунин бонувони сарбаланду номвар Аслбӣ Шарифова мебошад, ки мардум бо муҳаббат ӯро «Духтари Ватан» меоманд.
Ӯ соли 1940 дар деҳаи Боғгаии Поёни ноҳияи Муъминобод, дар оилаи хизматчӣба дунё омадааст. Падараш Шарифхоҷа Абдураҳимов аз зумраи шахсиятҳои маъруфи давр буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули давлатӣфаъолият мекард. Модараш Султонбибӣзани меҳрубону хонадор буд, ки фарзандонро бо муҳаббат тарбия кард. Дар чунин муҳит Аслбӣба дунёи дониш ва адолат раҳ ёфт.
Бо сабаби фаъолиятҳои падар пайваста ҷойи зисту таҳсилашонро иваз мекарданд. Аз ҳамин хотир, синфи якумро ӯ дар Даштиҷум хонда, баъдан таҳсилро дар ноҳияи Мъминободу шаҳри Кӯлоб давом додааст. Обрӯву эътибори падарашро дида, орзуи таҳсил дар дили Аслбӣбештар ҷӯш мезад.
Соли 1955 пас аз хатми мактаб ба Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, соли 1959 онро хатм мекунад ва худи ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил гардид. Замони донишҷӯйӣистеъдод, масъулият ва маҳорати роҳбариаш рушд ёфт. Ӯ барномаҳои фарҳангиву маърифатии Донишкадаро бо шавқи зиёд омода мекард. Аз ин ҷост, ки дар миёни ҳамкурсону устодон эҳтироми зиёд пайдо намуд.
Баъди хатми Донишкада, соли 1963 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгор дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз бахшид. Сипас, аз соли 1967 то 1975 ба ҳайси мудири кӯдакистони №2 фаъолият дошт.
Як муддат роҳбарии китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Садриддин Айниро ба зиммааш гузоштанд. Дертар боз ба соҳаи маориф омад ва директори мактаби № 1-уми шаҳри Кӯлоб ва баъдтар мактаби № 11-уми ноҳияи Кӯлоб таъин карданд.
Чун тавонмандиву ташкилотчигии муаллим бештар маълум шуд, соли 1979 мудирии шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлобро ба ӯ бовар карданд. АслбӣШарифова ин масъулиятро бо дуои нек аз дасти мубораки устодаш Шариф Саидов қабул намуд.
Дар ин давра мушкилоти соҳа зиёд буд. Аз ҷумла, мактабҳо кам, омӯзгорони тахассусӣнамерасиданд. Мудир АслбӣШарифова бо собитқадамӣва ташаббус мушкилҳоро ҳал мекард, сохтмони муассисаҳои навро пеш мебурд, сифати таълимро боло мебардошт. Ӯ таҳлили воқеии соҳаро амиқ дар назди роҳбарияти аввали шаҳру вилоят иброз медошт. Дар натиҷа, тавонистанд кормандонро бо шароити мусоиди зиндагиву корӣтаъмин созанд.
Кордонӣва масъулиятшиносии ӯ боис шуд, ки соли 1980 ба вазифаи боз ҳам пурмасъулияттар, яъне муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардад. Дар ин мақом тамоми бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва занон, зери назораташ буд. Ӯро чун корманди масъул аллакай дар сатҳи ҷумҳурӣмешинохтанд. Ин таъбирро барои худаш шиор карда буд: «Касе, ки аз уҳдаи роҳбарӣдар соҳаи маориф мебарояд, дар дигар соҳаҳо низ муваффақ мешавад!».
Се навбат вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ҳам интихоб шуд ва интихобкунандагон дар симои муаллим вакили ғамхору пурмасъулиятро дарёфтанд.
Бо вуҷуди кор дар мансабҳои баланд, АслбӣШарифова ба тарбияи насли наврасу маориф дилбастагӣдошт. Барои ҳамин, соли 1986 боз ба мактаб баргашт ва то соли 1992, то ба нафақа баромад, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-уми шаҳри Кӯлоб буд. Пас аз бознишастагӣҳам аз тарбия, маслиҳат ва роҳнамоии ҷавонон дур намонд.
Хизматҳои ӯ аз ҷониби роҳбарият ҳамеша қадр шудаанд. Аз ҷумла, бо Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо медалҳои Барои меҳнати шоён, Барои меҳнати шуҷоатнок, Барои меҳнати бисёрсолаи боинсофона, Собиқадори меҳнат, нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Ҳамчунин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 ба ӯ нафақаи меҳнатии дараҷаи барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Устоди мо на танҳо дар соҳаи маориф, балки дар тарбияи фарзандон низ муваффақ аст. Шаш фарзандаш имрӯз ҳар яке соҳиби мақому мартабаи арзандааст: омӯзгор, афсар, олим. Беш аз панҷоҳ набераву абераҳояш низ пайрави роҳи модару бибиашонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳо ва хидматҳои арзандааш, ӯро дар сафи бонувони маъруфи кишвар — Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова ва дигарон мешуморанд. Номи ӯ бо эҳтиром дар Осорхонаи «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» низ ҷой гирифтааст.
Мешавад гуфт, ӯ воқеан «Духтари Ватан» аст, яъне як зани заҳматкаш, модари меҳрубон, устоди содиқ ва роҳнамои насли ҷавон.
Бахтиёр РАҲМОНОВ, раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти шаҳру минтақаи Кӯлоб, полковники мустаъфӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
