Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хондани китоб
Аз ҳар бобХондани китоб хотира ва фикрониро мустаҳкам менамояд. Олимон таҳқиқ кардаанд, ки мутолиа воқеан инсонро аз бемориҳои мағзи сар муҳофизат мекунад. Ҳангоми мутолиа фаъолияти мағзи сар афзоиш ёфта дар ҳолати хуб қарор мегирад. Зеро ҳангоми пир шудани майна ҷисми инсон низ тезтар пир мешавад.
Хондани китоб захираи луғавиро зиёд намуда, ҳангоми муошират бо одамон ба шумо кӯмак менамояд. Хондан эътимоди шахсро ба худ зиёд, асабониятро кам намуда, хотира ва тафаккурро инкишоф медиҳад. Китобхонӣ аз бемории Алсгеймер муҳофизат менамояду хотираи инсонро ҷавонтар мекунад. Китоб дар бештари маврид хонандаро эҷодкор менамояд.
Олимон тавсия медиҳанд, ки дар як рӯз на камтар аз 15-30 дақиқа китоб мутолиа кунанд. Ҳамин қадар миқдори вақт низ дар майна тағйироти намоён ворид менамояд. Бо бештар мутолиа кардан самаранокиатон зиёдтар хоҳад шуд.
Баланд хондан барои машқи нутқ, нафаскашӣ, оҳанг ва талаффузи дуруст, суханронии зебову ифодаи равшан муфид аст. Хомӯш хондан ба шумо имкон медиҳад, ки миқдори зиёди иттилоотро зудтар аз худ карда, китобро амиқтар дарк намоед.
Дар ҳолати китоб нахондан майна ором боқӣ мемонаду қобилияти дар хотир доштан ва азхуд карданро гум мекунад. Нафаре, ки ба мутолиа машғул намешавад, дар оянда хатари инкишофи деменсия аз эҳтимол дур нест.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо
