Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар тирамоҳ чӣ тавр ба саломатӣ ғамхорӣ мебояд?
Аз ҳар бобДар фасли тирамоҳ аксар вақт норасоии витаминҳои В (B6, B9, B12), ки барои неруи ҷисмониву системаи асаб ва витамини А барои солимии пӯст ва биниш муҳим аст, мушоҳида мешавад. Ин аксаран аз норасоии магний ва оҳан ба вуҷуд меояд, ки хастагиро дар вуҷуди инсон зиёд карда, ба камхунӣ меорад.
Тирамоҳ давраи афзоиши зуком ва сармо мебошад, ки он айём инсон ба витамини D бештар ниёз дорад. Меваю сабзавоти тирамоҳӣ аз витаминҳои C, D, B, A бой мебошад. Дар ин фасл барои баланд бардоштани масунияти бадан бештар меваю сабзавоти тирамоҳӣ истеъмол кардан муфид аст.
Барои баланд бардоштани масунияти бадан мунтазам хӯрокҳои серғизо, аз қабили меваю сабзавот, гӯшт, моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ ва лӯбиёгӣ, чормағзу чойи сабз истеъмол намудан ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин фаъолияти ҷисмонӣ ва хоби бароҳатро набояд фаромӯш кард.
Машқҳои мунтазами пагоҳирӯзӣ, сайру гашт дар ҳавои тоза, машғулияти варзишӣ бояд ба синну сол ва қобилияти ҷисмонии кас мувофиқ бошад. Фаъолияти ҷисмонӣ мутобиқшавии организмро ба фасли тирамоҳ беҳтар карда, эҳсосоти мусбатро ба вуҷуд меорад. Ба системаи асаб ва масуният таъсири судманд мерасонад.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо
