БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Манфиати тилло

Аз ҳар боб

Тилло мушкили  равонӣ ва афсурдагиро бартараф намуда,     муқовимати баданро зиёд мекунад. Дар муддати тӯлонӣ пӯшидани ҷавоҳироти тиллоӣ ба системаи мушакҳо таъсири шифобахш мерасонад.

         Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки тилло ба вирусҳо ва бактерияҳо таъсири антисептикӣ дошта,  дар равандҳои имунии бадан нақш бозида,  дар пайвастани гормонҳо дар бофтаҳо иштирок мекунанд.   

         Тилло дар илми саратоншиносӣ,  махсусан ҳамчун як қисми нанозарраҳо барои ҳадафи ҳуҷайраҳои саратон истифода мешавад. Дар тибби эстетикӣ, тилло барои кам кардани пажмурдагии пӯст ва беҳтар кардани чандирии пӯст кӯмак мекунад.

         Тилло металли солим барои дил ҳисоб ёфта, пӯшидани гарданбанди тиллоӣ гардиши хунро беҳтар намуда,  хатари бемориҳои дилу рагро коҳиш медиҳад.  

         Ин металли қиматбаҳо мушакҳои дилро қавӣ гардонда,  кор ва устувории онро  зиёд мекунад. Он инчунин аз парешонӣ, саръ, заъфи ҷигар,  шуш ва сактаи дил муфид аст. Пӯшидани тилло асабро ба эътидол оварда, хотираро беҳтар намуда,  буғуму сутунмуҳраро мустаҳкам менамояд.

         Ин мавод ба тағйирёбии руҳия ва ҳолати эмотсионалии шахс хеле ҳассос мебошад. Занҳо бояд ин металлро ҳангоми изтироби шадид истифода намоянд. Зеро он ҷинси латифро   ором карда,  барои қабули амалҳои дуруст низ  кӯмак мекунад. Он бонувонро аз чашми баду ҳасад ва зиён ҳифз карда, ба саломатиашон таъсири мусбӣ расонда, онҳоро  хушбахт мегардонад.   

                                                                                                       Таҳияи Мадина 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 48)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон