БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

           Саҳархезӣ

Аз ҳар боб

        Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки   нафароне  субҳ  бедор мешаванд, эҳтимоли камтар гирифтор шудан ба асабоният,  изтироб ва дигар ихтилоли рӯҳиро  доранд. Мутахассисон онро дар  дастрасии бештар ба равшании рӯз медонанд, ки саҳархезӣ  табиатан табъро беҳтар мекунад.

         Саҳар хестан рӯҳия ва қувваи  шуморо баланд намуда,  дар давоми рӯз худро бардам ҳис мекунед.  Кӯшиш намоед, ки ҳадди аққал аз  офтоби пагоҳирӯзӣ 10 дақиқа  нури табиӣ гиред.

 

         Субҳ кӯшиш намоед, ки бештар ҳаракат намоед. Ҳаракат майнаро бедор намуда,  ҷараёни оксигенро афзоиш медиҳад, ки ба нигоҳ доштани тамаркуз, коҳиш додани илтиҳоб ва идоракунии афсурдаҳолӣ кӯмак мекунад. Агар имкон бошад,  ҳангоми аз хоб бедор шудан 30 дақиқа роҳ  пиёда равед, ё дар  хона машқ кунед.

         Тақрибан соати панҷ ё шаши саҳар ҳарорати бадан баланд  шуда,  гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо суръат мегирад. Барвақт аз хоб хестан барои бадан хеле муфид аст.   

          Ҳамчунин барвақт бедор шудан афсурдаҳолиро бартараф намуда, қувваи системаи масуниятро мустаҳкам,  хотираро тақвият ва ба шахс қувват медиҳад. Инчунин ба шумо барои бартараф кардани монеаҳои ҳаёт кӯмак мекунад.

         Дарҳол пас аз бедор шудан як пиёла об нӯшида,  тақрибан 30 дақиқа пеш аз наҳорӣ машқ кунед. Агар имконпазир бошад, ин корро дар берун иҷро кунед. Субҳонаи солим истеъмол намуда,  маҳсулоти нонӣ камтар истифода баред.

                                                                                                Таҳияи Мадина

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 54)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон